“Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо”. Даври дуюм барои намоянданони ташкилотҳои ҷамъиятӣ

02 марта 2023
2466
Муаллиф: Rushnoi.org

2 март дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба кори худ шурӯъ кард. Ин тренинг идомаи омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи “Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо” аст, ки моҳи феврал оғоз шуда буд.

Даври дуюми тренинг ба “дидорисозии додаҳо” бештар тамаркуз мекунад ва коршиносони расонӣ – Шаҳодат Соҳибназарова, роҳбари ташкилоти “Равзана” ва Рустам Гулов, ҳаммуассиси платформаи Factchek.tj давоми се рӯз асосҳои рӯзноманигории додаҳо, ҷӯстуҷӯ, сарчашма ва мудирияти додаҳо, дата-сторителлинг ва далелсанҷиро меомӯзонанд.

Дар даври аввал, ки ҳам намояндагони расонаҳо ва ҳам ташкилотҳои ҷамъиятиро фаро гирифта буд, аз 2 то 4 феврал баргузор шуд ва дар он шеваҳои содаи ҷамъоварии додаҳо, коркард ва таҳлили онҳо омӯзонда шуд. Даври дуюми омӯзишҳоро барои рӯзноманигорон ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ҳафтаи сипаришуда баргузор намуд.

Силсилаи омӯзишҳои “Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо” аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ва ташкилоти ҷамъиятии “Хома”  дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ”, ки созмони ACTED амалӣ мекунад, баргузор мешаванд. Ҳадафи лоиҳа «фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Миёна» гуфта мешавад.