Ширкатҳои мобилӣ ҳаққи ба тоҷирон додани рақами телефони муштариро доранд? Ҷавоби ҳуқуқшинос

15 июня 2023
522
Муаллиф: Rushnoi.org

Як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук иддао кардааст, ширкати мобилие, ки аз хидматрасониаш истифода мекунад, шумораи телефонашро ба ҷониби сеюм додааст. Мусо Абдуқаҳҳоров дар паёми кутоҳе аз ҳуқуқшиносон чунин савол кардааст:

“Оё ширкатҳои мобилӣ ҳуқуқ доранд, ки маълумоти шахсии муштариёнро ба бизнесменҳо диҳанд? Маротибаи чандум аст, ки шахсони ношинос бо зикри ному насабам занг зада, маҳсулоташонро барои харид пешниҳод мекунанд. Вақте пурсидам ному насабамро аз куҷо медонед, мегӯянд аз ширикати мобилӣ”.

намогирифт аз саҳфаи Абдуқаҳҳоров дар Фейсбук

Вобаста ба ин мавзӯъ, “Рушноӣ.org” назари ҳуқуқшинос Сарвар Холиқзодаро пурсид:

“Тибқи моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм чунин пешбинӣ гардидааст: (- дорандаи махзани маълумот (минбаъд — доранда) — мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, идора ва ҳифз кардани махзани маълумот мебошанд; — оператори махзани маълумот (минбаъд — оператор) — мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома бо доранда коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро амалӣ менамоянд; — шахси сеюм — шахсе ки субъект, доранда ва ё оператор набуда, бо онҳо ё муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба маълумоти шахсӣ алоқаманд аст;)

— номгӯи маълумоти шахсии барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур ва кофиро тасдиқ намоянд;

— дар сурати муваффақ шудан ба мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардани маълумоти шахсӣ чораҷўӣ намоянд;

— дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон далели тасдиқкунандаи гирифтани розигии субъектро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии ӯ пешниҳод намоянд;

— ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ маълумоти ба ӯ тааллуқдоштаро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули муроҷиат пешниҳод намоянд.

Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва онҳо бояд ҳалли масъалаҳои зеринро таъмин намоянд:

— пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

— сари вақт ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

— то ҳадди камтарин расондани оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ.

Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ аз лаҳзаи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ба вуҷуд меоянд ва то лаҳзаи нобуд кардан ё бехусусияткунонии онҳо эътибор доранд.

Дар асоси моддаи 26-и Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки:

“Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Бо дар назар доштани гуфтаҳои боло субъекти маълумоти шахсӣ вобаста ба риоя нагаштани талаботи нигоҳдорӣ, коркард ва ё паҳн кардани маълумот бе розигии ӯ метавонад ба мақоми ваколатдор оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ (Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё суд муроҷиат намояд”.

Ба саволи мазкур, инчунин Зайнулло Бобоев, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ низ ҷавоб додааст. Ӯ дар саҳфаи Фейсбуки худ менависад, «ифшои маълумоти шахсӣ мувоффиқи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ мумкин нест. Чунончӣ дар моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳайёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани маълумоти шахсӣ манъ аст».

Идомаи шарҳи Зайнулло Бобоев бидуни таҳрир пешниҳод мешавад: «Инчунин оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар қонунгузори кишвари мо санадаҳои меъёри ҳуқуқие низ мавҷуд аст, ки пурра ҳифзи маълумоти шахсиро аз тарафи давлат кафолат медиҳад. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумотҳои шахсӣ» санади меъёрӣ-ҳуқуқие мебошад, ки пурра дарбаргирандаи маълумотҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи маълумотҳои шахсӣ мебошад.
Маълумоти шахсӣ:
Маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳайёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айниятикунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад.
Ҳифзи маълумоти шахсиро қонунгузорӣ кафолат медиҳад. Бинобар ин ҷамъоварӣ ва нигаҳдории маълумот дар бораи шахсони алоҳида, дастрасӣ ё истифодаи маълумот дар бораи ҳайёти шахсии инсон бе иҷозати ӯ манъ мебошад.
Инчунин субъектони махсусе, ки вобаста ба намуди фаъолияташон аз ҳайёти шахсии шаҳрвандон огоҳанд , мувоффиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида шудааст ва дар сурати ифшои маълумоти шахсӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Чун сӯхан атрофи ширкати мобилӣ меравад, пас субъекти бевоситаи нигаҳдорандаи маълумоти шахсӣ дар ширкати мобилӣ «Оператор» ба ҳисоб меравад.
Оператори ширкати мобилӣ шахсе мебошад, ки мувофиқи шартнома бо ширкати мобилӣ ба кор даромада, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсиро кафолат медиҳад.
намогирифт аз саҳфаи Фейсбуки Зайнулло Бобоев

Ширкатҳои мобилӣ ҳуқуқ надоранд, ки маълумоти шахсии муштариёнро фош бисозанд(ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст).

Пеш аз оне ки муштарӣ бо ширкати мобилӣ шартнома мебандад, баъзе талаботҳое дар шартнома ҳаст, ки худи муштарӣ бевосита розигии онҳоро медиҳад. Дар сурате, ки худи муштарӣ аз руйи надонистон ё беаҳмиятӣ ба баъзе хизматрасониҳо ё талаботҳои дар шартнома дарҷгардида розигӣ додааст, дар ин сурат ширкати мобилӣ гунаҳгор дониста намешавад. Пас, муштариро лозим аст, ки ба ширкати мобилӣ рафта, аз нав ба шартнома шинос шавад ва розигиашро нисбат ба баъзе талаботҳои дарҷгардида маҳдуд кунад.
Инчунин дар замони муосир, ки асри илму техника аст , ёфтани ному насаби шахс тавассути рақамҳои истифодабурдааш бе пурсидани операторони ширкатҳои мобилӣ ҳам мумкин аст. Барномаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳангоми дохил кардани рақами шахс ному насаби истифодабарандаи онро ба шумо ошкор мекунанд, ки шахсан худи ман борҳо мушоҳида кардаам. Баъзе соҳибкорон низ аз ин гуна барномаҳо воқифанд ва бо мақсади густариши бизнеси худ аз он самаранок истифода мекунанд. Чун мақсади соҳибкор, ки ба даст овардани фоида аст ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои наве аст, ки фоидаи бештар бинад, ба чунин амалҳо даст мезанад ва ширкатҳои мобилиро воситае барои муарифии харидор медонад, ки ин дуруғи маҳз аст.
Агар соҳибкор ҳеҷ ғарази нопок надорад ва танҳо ҳамчун «бизнесмен» бо мақсади фурӯши маҳсулот занг мезанад, бо ӯ ба хубӣ фаҳмонидан лозим, ки «харидор нестам ва музоҳимам нашав!»
Аз пушти ду-се соҳибкори ба қавле «праграмист» ширкати мобилиро айбдор донистан, нишонаи қафомониамон аз илму техника аст».