Экстремистҳо ба кадом забон ҳарф мезананд?

12 июля 2019
360
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар пасманзари афзоиши муҳтавои ифротӣ дар интернет, кофӣ нест, ки ривоятҳои зидди ривоят (контр-наративҳо)–ро эҷод кунем. Маводи халлоқи ҷойгузин мавриди ниёз аст, ки на танҳо дар бораи алайҳи чӣ мубориза кардани мо ҳарф мезананд, балки он чиро низ пахш мекунанд, ки мо барои он зиндагӣ мекунем.

Асомиддин Атоев/акс аз mеdiagrаm.кz

НУҚОТИ НАРМИ ВУРУДӢ

Он чӣ дар сархат гуфта шуд, бовари коршиноси минтақаии фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ, ҳамоҳангсози тарҳи минтақаии CyberSAR Асомиддин Атоев аст.

Коршинос соли 2018 дар як таҳқиқ рӯи мавзӯъи «Ифротгароии онлайн дар Осиёи Марказӣ» ширкат кардааст. Ин таҳқиқ дар чорчӯби тарҳи Internews барои тақвияти сулҳ ва субот дар Осиёи Марказӣ бо мушорикати мутахассисони гуруҳи таҳқиқотии The SecDev Group (Канада) ва Бунёди ҷамъиятии «Ибтикори шаҳрвандии сиёсати интернет» (Қирғизистон) анҷом шуд.

Ба муддати се моҳ коршиносон тамаркузи худро бар рафтори онлайнии гуруҳҳои террористӣ ва ифротие, ки дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълом шуда буданд, назири ДОИШ (Давлати исломӣ), Ҳизби исломии Туркистон, Ҳизби таҳрир ва ғайра, равона карданд.

Коршиносон аккаунт ё ҳисобҳои гуруҳҳо ва муштариёни онҳоро дар чаҳор кишвари минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шабакаҳои маъруфи Facebook, Telegram, Vkontakte ва чандеи дигар мавриди баррасӣ қарор доданд.

— Ҳамон тавр, ки дар ҷараёни таҳқиқ маълум шуд, ифротгароён пас аз баста шудани ҳисобҳояшон дар саку (платформа)-ҳои мухталиф, аз ҳисобҳои ҳоил ё ба истилоҳи дигар, нуқоти вурудии нарм истифода мекунанд, ки ба онҳо иҷоза медиҳад аз расонаҳои иҷтимоӣ барои ҷазбу ифротӣ кардани ҷавонон кор гиранд».

— Дар ҳисобҳои ҳоил экстремистҳо муколимае мӯътадилтар доранд. Аз он ҷо онҳо мухотабонро ба гуруҳҳои бештар баста даъват мекунанд, ки дар он ифротикунӣ, ҷалбу ҷазби тарафдорон ба сафҳои онҳо анҷом ва нақшаҳои иҷрои амалиёти террористӣ баҳсу баррасӣ мешаванд.

ДАСТРАСӢ, ГУМНОМӢ, ТАМАРКУЗЗУДОӢ

Ба қавли коршинос, дар гуруҳҳое, ки алоқаманди истихдоми ифротгароён аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, зодагони худи минтақа тасаллут доранд. Истихдомкунандагон бо тамаркуз бар мушкилоти мавҷуд аз таҷриба ва бархӯрди яксон барои кулли минтақа истифода мекунанд. Ва муҳоҷирини меҳнатӣ аз ҷумлаи қурбониёни онҳо ҳастанд.

— Ҳисобҳо матолибро ба ҳама забонҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз қазоқӣ, эҷод мекунанд. Ин ҳам ба ин далел аст, ки Қазоқистон кишвари содиркунандаи қувваи корӣ на, балки воридкунандаи он аст.

— Мутаассифона, муҳтавои миллии мо дар минтақа хеле заиф аст. Бисёре аз ҷонибҳо, ба вижа бахши давлатӣ, муҳтаво гуфта, матолиберо дар назар доранд, ки ба забони давлатӣ эҷод мешаванд. Ҳеч фаҳмише нест, ки муҳтавои миллӣ метавонад ҳар гуна муҳтавое бошад, ки манофеъи миллиро бо ҳар забони минтақа – қирғизӣ, тоҷикӣ, уйғурӣ, дунганӣ ва ғайра — ҳимоят кунад, — зикр мекунад Асомиддин Атоев.

Террористҳо ва экстремистҳо аз вижагиҳои калидии интернет истифода мекунанд: дастрасӣ, гумномӣ, тамаркузздоӣ. Дар ин фароянд, коршиносон беш аз 270 ҳисоби ифротгароёнро ошкор карданд.

— 141 ҳисоб фаъол ва 75 адади дигар ғайрифаъол буданд ё дар тӯли давраи таҳқиқи мо мавриди истифода қарор нагирифтанд ва дар 39 маврид ҳам масдуд шуда буданд, — идома медиҳад коршинос.

Ҳамон тавр, ки ҳамсуҳбати мо зикр мекунад, дар муқобили ташдиди муқовамати ҷаҳонӣ алайҳи ифротгароии хушунатомез, гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ бештар ҳифзшуда ҳастанд, меомӯзанд, рафтори онлайнии худро беҳбуд мебахшанд.

— 90% фаъолиятҳои онлайнии ҳаракатҳои террористӣ тавассути расонаҳои иҷтимоӣ анҷом мешавад. Ифротгароён як императории расонаиеро дар интернет эҷод мекунанд: каналҳои чандрасонаии таомулӣ (интерактивӣ), гуруҳҳое, ки дар онҳо ба таври мудовим маводҳои дастраси фарогире ироа мешаванд. Дар ин ҷо онҳо бо роҳандозии ҷангҳои равонӣ, ҷамъоварии маълумот, омӯзиш, таблиғот, истихдом, ҷазби маблағ, барномарезӣ ва ҳамоҳангии фаъолиятҳо машғуланд, — мегӯяд коршиноси соҳаи фановариҳои иттилоотӣ ва мухобирот.

Ҳамчунин ифротиён аз ҳамаи имконоти фановариҳои рақамӣ ба таври комил истифода мекунанд: гуфтугуҳои амн дар муҳити рамзгузоришуда, эҷоди барномаҳои корбурдӣ ва барномаҳои афзудании нав, паёмҳои муваққатӣ (ё постҳои нопадидшаванда), имейлҳои якбормасраф, радиои онлайн, веб-сайтҳои амиқ (сафаҳоти веб, ки тавассути низомҳои ҷустуҷӯӣ нишон дода намешаванд) ва соявеб (як шабакаи пинҳон, ки иртибот дар он фақат байни ширкаткунандагони мавриди эътимод эҷод шудааст).

МУҲОҶИРИНИ РАҚАМӢ

Дар ҷараёни таҳлили маълумоти ҷамъоваришуда, коршиносон на танҳо авомили хатарсозро арзёбӣ карданд, балки авомили муҳофизатӣ барои коҳиши онро низ таҳия карданд.

— Маълум шуд, ки ҷавонон дар баробари таблиғоти онлайн заъф нишон медиҳанд. Ҳамин насли рақамӣ, ки бумиён ё сокинони таҳҷоии рақамӣ номида мешаванд ва ифротгароён бо онҳо ба забони худашон суҳбат мекунанд. Ва мо, насли қадим, муҳоҷирони рақамӣ ҳастем, ки аз ҷомеаи малмус (аналогӣ) ба рақамӣ (диҷитал) омадаем. Ва бо тавсияҳои аналогӣ мо мехоҳем чизеро тағйир диҳем. Равшан аст, ки муҳтавои мо тавассути мухотабон пазируфта намешавад,- мегӯяд Асомиддин.

— Бино бар ин лозим аст, ки муҳтавои ҷойгузин (алтернативӣ), зидди ривоятҳо дар форматҳои мухталиф эҷод шавад ва аз ин роҳ дастрас будани онҳо сарфи назар аз замон ва макони ҳузури ҷавон — дар кишвар ё дар хориҷ аз кишвар, дар артиш ё муҳоҷирати корӣ — таъмин шавад. Бо гузашти замон, ин ба тақвият ёфтани тафаккури интиқодии насли ҷавон, салоҳиятҳои он кӯмак мекунад, то онҳо таслими таблиғоте, ки гурӯҳҳои ифротӣ ба роҳ андохтаанд, нашаванд,- идома медиҳад ӯ.

Дар айни ҳол, ба таъкиди коршинос, сохтани муҳтавиёте, ки на танҳо дар бораи алайҳи чӣ мубориза бурдани мо ҳарф мезанад, балки барои чӣ зистани моро пахш мекунад, муҳим аст.

— Дар ин маврид, мо аз мавқеияти думболкунанда ба мавқеияти пештоз мегузарем. Ва мо қодир хоҳем буд маводи бештари ҷойгузин эҷод кунем, бидуни ин ки худамонро танҳо ба мавзуъоте, ки террористҳо матраҳ мекунанд, маҳдуд кунем, — натиҷагирӣ мекунад Асомиддин Атоев.

Натоиҷи таҳқиқи «Ифротгароии онлайн дар Осиёи Марказӣ»–ро коршиносон бо тавсияҳои худ ба ниҳодҳои давлатӣ ва дигар ҷонибҳое, ки ба муқовимат бо экстремизми хушунатомез таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод карданд.

Тарҷума ва бознашр аз сомонаи mediagram.kz

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД