Махсусиятҳои услубии маводи далесанҷӣ

19 июля 2019
109
Муаллиф: Rushnoi.org

1. Ҳангоми гузаронидании тадқиқоти таҳлилӣ истифода аз қолабҳои мафҳумии маводи далелсанҷӣ зарур аст. Интихоби қолабҳо аз ҷониби ҳамкорон мавриди муҳокима ва тасдиқ қарор мегиранд. Тағйир додани қолаб-формат имконпазир аст, агар дар рафти кор маълумоти ба даст омада дар қолаби қаблан қабулшуда таҳияи тадқиқотро иҷозат намедиҳад. Тағйирот бо ҳайати таҳририя мувофақа мешавад.

2. Дар мақолаи омодашуда теъдоди калимаҳо бо меъёри ниҳоии ин ё он қолаб бояд мувофиқат кунанд. Истисно танҳо бо ризоияти ҳайати таҳририя муҷоз аст.

3. Дар ҳолати зарурати истифода аз инфографика қолабҳои аз ҷониби ҳайати таҳририя ва дар мафҳум пешбинишуда ба кор бурда мешаванд. Ҳама тасвирҳои графики рақамгузорӣ ва имзо карда мешаванд. Ҷадвал бо калимаи «Ҷадвал» ишора шуда руй он имзо гузошта мешавад. Номи ҷадвал бояд ба се савол: Чӣ? Дар куҷо? ва Кай? ҷавоб гӯяд. Агар тамоми сутунҳои ҷадвал қиёсҳои ҳамсон доранд, онро дар номи ҳар сутун метавон ҷо кард. Графикаҳо бо калимаи «Графика» ишора ва аз поёни тасвир зернавишт доранд. Порчаҳои тасвири ҷуғрофӣ бо калимаи «Харита» ишора мешаванд. Дар ҷадвалҳои графикӣ ҳатман сарчашмаи додаҳо нишон дода мешавад.

4. Ҳини таҳияи мавод дар ин ё он қолаби далелсанҷӣ риояи талаботи сохтории ҳамон қолаб зарур аст. Дар қолабҳо пайдарҳамии бахшҳои маъноии зерин пешбинӣ шудааст:

  • изҳорот;
  • ҳукмнома бо шарҳи кӯтоҳ;
  • моҳияти масъала- таърихи мӯъҷази масъалаи омӯхташаванда;
  • мадорик – пойгоҳи исботкунӣ барои омузиши далелҳо.

5. Дар шарҳ барои ҳукмнома ҷумлаҳои хеле мӯъҷази ифодакунандаи фикри асосии исботкунӣ истифода мешаванд, ки бо ибораҳои «Тибқи тадқиқот…», «Мувофиқи маълумоти муайяншуда», «Чунон ки таҳлил нишон медиҳад» ва ба ҳамин монанд оғоз меёбанд.

6. Агар ҳангоми таҳияи мавод иттилоти сарчашмаҳои кушода кофӣ набошад, далелсанҷ мувофиқи талабот дархости иттилоотӣ омода намуда ба ин ё он идора мефиристад. Дар муҳлати вақти муқарраршуда ҷавобро пайгирӣ менамояд. Ин ҳолат ба қайд гирифта ва ба тартиб оварда мешавад. Дар маводе, ки гирифтани маълумот бо кӯмаки дархост аз мақомоти расмӣ вуҷуд дорад, истифодаи ибораи «маълумот тавассути дархост… гирифта шуд» ва дигар шаклҳои монанд, ҳатмӣ аст.

7. Ҳангоми дар мақолаи нав истифода бурдан аз истидлолҳо ва мадорик (исботкунӣ)-и мақолаҳои қаблан нашршуда, гузоштани линк ба маводи мазкур кори ҳатмист. Дар чунин ҳолат аз ибораҳои – «Чунон ки пештар муайян шуда буд ..», «Дар мақола аз таърихи фулон собит шуда буд, ки…» кор мегиранд. Ҳолате мешавад, ки шахс дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамон як мавзӯъ, вале бо маълумоти мухталиф, чанд бор изҳорот медиҳад. Дар чунин вазъ пойгоҳи исботкунӣ барои изҳороти аввал метавонад мадрак барои инкори дигараш бошад. Вақте сеюм бор такрор мешавад, дар он ҳол метавон аз усули муқоисаи маълумот истифода намуд.

8. Услуби таҳияи мавод- корӣ ва возеҳ аст. Дар матн аз қа- зоватҳои баҳодиҳанда, калима ва ибораҳое набояд истифода кард, ки метавонанд муносибати муаллифро ба далел, шахс ва изҳорот нишон диҳанд. Истифодаи калима ё ибораҳои шевагӣ, омиёна ва ифодаҳои кӯчаккунанда ҷоиз нест.

9. Ҳангоми таҳияи мавод аз тарзи ҷумласозии одӣ бояд истифода кард. Кам кардани ҷумлаҳои мураккаби тобеу пайрав ва дигар сохторҳои ҷумлаи мураккаб зарур аст.

10. Ҳангоми таҳияи мавод истифода набурдан аз далелу маълумоте, ки такроран изҳороти омухташавандаро тасдиқ ё инкор мекунанд. Пур кардани мақола бо сарбориҳои иловагӣ ва маълумоти ғайримустақим қатъиян манъ аст. Ба таври мӯъҷаз шарҳи далел, ҳуҷҷат, ҳолат ё мавқеъ иҷозат аст.

11. Ҳангоми сохтани пойгоҳи исботкунӣ ҳатман бояд аз қоидаҳои мантиқӣ ва пайдарҳамӣ кор гирифтан, ки як навъ хоҳиши то охир хондани матлабро бедор мекунад. Вайрон кардани ин қоида исботкуниро ба маҷмӯи далелҳои қонеънакунанда табдил дода, мақола хонданбоб намешавад.

12. Ҳангоми қиёси нишондиҳандаҳо риояи қоидаи мутаносибияти бузургиҳо зарур аст- фоиз бо фоиз, тона бо тона, арз бо арзи ҳамон категория муқоиса карда мешаванд. Барои муқоисаи марҳилаҳои замонӣ аз фосилаҳои вақтии қобили муқоиса кор мегирем.

Стандартҳои техникӣ – редаксионӣ барои навиштани мақолаҳо дар консепти далесанҷӣ инҳоанд:

  • ихтисори ададҳои бузург ба шаклик млн, млрд, трлн (биду- ни нуқта дар охири ихтисор) навишта мешавад;
  • арзи хориҷӣ бо аломати арз пас аз адад навишта мешавад;
  • пеш аз аломати фоиз хатчаи бефосила гузошта мешавад;
  • шумораҳо то даҳ бо ҳарф навишта мешаванд (ба истиснои санаҳо);
  • шумораҳо формати 21 245 млн ба шакли – 2,1 млрд навишта мешаванд;
  • ададҳои дорои ду ва зиёда аломати баъди вергулро то даҳиҳо яклухт мекунем– 3,783 млн ба шакли – 3,8 млн навишта мешавад;
  • дар ададҳои навъи 14789,67 – рақамҳои баъди вергул дар матн намеоянд ва байни садиҳо ва ҳазориҳо ҷойи холии бефосила гузошта мешавад –14 789.

13. Ба кулли маълумоти оморӣ ва мустанад, ки дар мақола истифода мешаванд, ишора ба сарчашмаи иттилоот «мулҳақ» мешавад.

14. Агар далесанҷ (ё ҳайати таҳририя) мавзӯи доғе пайдо кунанд, ки дар сухан ё изҳороти шахсони маъруф садо надодааст, метавон аз қолабе истифода кард, ки худи идора дархости проблемавӣ дар шакли мавзӯи доғ ва таҳрикдиҳанда баён менамояд. Баъдан далелсанҷ бо тартиби қабулшуда руйи он тадқиқот мегузаронад.

(аз китоби «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ». Муаллиф: Александр Гороховский)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД