Никоҳи пайравони адёни мухталиф дар Тоҷикистон: агар дӯст медорӣ, иҷозат ҳаст

28 октября 2019
205
Муаллиф: Rushnoi.org

Диншиносон ва руҳониён мегӯянд, набояд эътиқодҳои динӣ садди бунёди оилаҳо шаванд. Ба таъкиди онҳо, дар чунин оилаҳо эҳтироми якдигар ва риояи суннату оинҳои ҳар ду ҷониб нуктаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Хуршед ба ҳамсараш — Галина ҷашн гирифтани Пасха (иди динии масеҳиён)-ро манъ кард ва ин кор қариб буд, оилаи онҳоро аз ҳам ҷудо созад. Аммо як мулло ба Хуршед тавсия дод, ки динашро ба завҷааш таҳмил накарда, ӯро он гунае ки ҳаст, қабул кунад.

Хуршед ва Галина беш аз 20 сол мешавад, ки зиндагии муштарак доранд. Солҳои 90-ум вақте муҳоҷирати оммавии тоҷикистониҳо ба Русия оғоз гардид, Хуршед Авазов ҳамроҳи ҳамсабақҳояш барои кор ба Сибир рафт.

Онҷо бо Галина шинос шуд ва бо ҳам издивоҷ карданд. Зиндагии онҳо хуш мегузашт, соҳиби як духтарча шуданд ва дар мавриди расму оинҳои миллӣ ва динӣ зиёд фикр ҳам намекарданд, то замоне ки як ҳолат ба вуқӯъ напайваст.

“Ман ҳамеша ба эътиқоди динии шавҳарам бо дарку эҳтиром муносибат мекардам. Забҳи гӯсфанд барои Иди Қурбон, ба масҷид барои ибодат рафтан ва ё омода кардани дастурхони идона барои дӯстони тоҷикаш барои ман ҳеч гоҳ сабаби нороҳатӣ нашуда буд”,-нақл мекунад Галина.

Аммо вақте дар соли аввали зиндагии муштарак Галина хост дар ҷашни Пасха ба калисо рафта, ибодат кунад ва барои гузаштаҳо шамъ рӯшан намояд, шавҳараш қотеона зид баромад.

Хуршед боисрор мегуфт: “Чун ба мусалмон ба шавҳар баромадӣ, бояд дини ӯро қабул намоӣ”.

“Ман тоқат наёвардам ва гиря кардам”,-мегӯяд Галина.

Талоши модари ӯ барои дахолат ба ин мавзӯъ вазъро печидатар сохт: Хуршед бо хушдоманаш баҳс намуда, аз ӯ хост, ки минбаъд ба корҳои оилавии онҳо дахолат накунад.

“Галина аз ин кори ман зиёд ранҷ кашид, аммо ҳеч намехостам ӯро дарк намоям. Ман дар муҳити мусалмонӣ бузург шудаам ва завҷаам ваъда карда буд, ки ҳамеша дар ҳар кор маро дастгирӣ мекунад”,-мегӯяд Хуршед.

Акс аз Рейтер

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Хуршед, завҷааш талош мекард, ҳамеша дар зиндагии оилавӣ ӯро дастгирӣ кунад.

“Ҳарчанд мо он замон дар Русия зиндагӣ мекардем, ҳамсарам меҳмонони маро бо либосҳои милли тоҷикӣ пешвоз мегирифт, дар хонаи мо курпачаи тоҷикӣ густурда шуда буд ва ӯ танҳо хӯрокҳои ҳалол омода мекард – гӯши хук умуман дар хонаи мо набуд”,-меафзояд Хуршед.

Ва дар пасманзари ин ҳама вақте масъалаи ба калисо рафтан ё нарафтани ҳамсараш ба миён омад, мушкили оилавӣ сар зад.

“Галя нуқтаи назаи худро мегуфт, ман аз худамро. Баъди боз як низоъ дар ин маврид ба масҷид рафтам ва ба як муллои тоҷик вазъро шарҳ додам”,-идома медиҳад Хуршед.

Хуршед интизор дошт, ки ҳоло мулло ба ӯ тавсия медиҳад, ки чӣ гуна ҳамсарашро ба Ислом моил кунад, аммо ғайриинтизор сухани дигарро шунид.

“Ба ҳеч ваҷҳ ӯро маҷбур накун, ки аз динаш даст бикашад, масеҳӣ таваллуд шудааст, бигзор ҳамин гуна боқӣ монад”,-гуфтааст мулло ба ӯ.

Ба таъкиди мулло, мусалмон бояд дар бораи дини худ иттилои бештар дошта бошад, аммо қаблтар аз ҳама бояд эътиқодоти одамони дигарро эҳтиром кунад, чӣ вай масеҳӣ бошад, чӣ яҳудӣ.

“Агар ту он гуна рафтор мекардӣ, ки ҳамсарат худаш хоҳиши ба Ислом гаравиданро мекард, савоб мегирифтӣ, зеро теъдоди мусалмононро меафзудӣ. Аммо вақте ӯ дини худашро эҳтиром мекунад, ту набояд ба ин мухолифат кунӣ, балки ӯро он гунае ки ҳаст, бояд қабул намоӣ”,-таъкид намудааст мулло.

Хуршед ба ёд меоварад, ки он замон ин тавсия ӯро хеле ҳайратзада карда буд.

“Кӯдакони ман чӣ? Акнун онҳо мусалмон намешаванд?”,-бо нигаронӣ пурсид ӯ. Мулло ҷавоб дод, ки дар чунин оилаҳо кӯдакон танҳо баъди ба давраи балоғат расидан, метавонанд дини мақбули худро интихоб кунанд.

Ва ба ҳамин тариқ онҳо зиндагии худро идома доданд: Галина ба калисо мерафт, Хуршед ба масҷид. Ҳатто баъди ба Тоҷикистон баргаштан, ҳоло ҳам ҳар кадом дар дини худ устувор ҳастанд. Онҳо якҷо идҳои Рамазон ва Қурбонро ҷашн гирифта, гӯсфанд забҳ мекунанд, дар Пасха бошад, тухмҳоро рангу бор мекунанд…

Хуршед бар ҳар сурат писарашро тӯйи суннатӣ кард. Баъди бузург шудан, ӯ Исломро пазируфт, духтари онҳо бошад атеист будан мехоҳад, дар ҳоле ки ба марди мусалмон ба шавҳар баромадааст.

“Ҳамеша он муллоро, ки дар як гӯшаи дури Русия ба ман тавсияи ҳакимона дод, ба ёд меоварам. Агар ӯ намебуд, бо Галина 26 сол зиндагии хуш намедоштем”,-идома медиҳад Хуршед.

Омор ва илм чӣ мегӯянд?

Дар Тоҷикистон пажуҳиши иҷтимоӣ дар мавзӯи муносибати ҷомеа ба никоҳҳои намояндаҳои адёни мухталиф анҷом нашудааст. Ҷомеашинос София Қосимова, раҳбари “Маркази омӯзиши гендерӣ” бар ин аст, ки ҷомеа бештар ба пайрави кадом дин будани тарафҳои издивоҷкунанда таваҷҷуҳ мекунанад, на ба мансубияти миллии онҳо.

Ба андешаи коршиносон, махсусан дар деҳот ба чунин издивоҷҳо хеле ҳасос ҳастанд. Ҳатто аз минбарҳои баланд ҳам мешавад маҳкум намудани никоҳҳои омехтаро шунид. Соли 2013 вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева изҳор дошт, ки издивоҷҳои махлут метавонад генофонди миллати тоҷикро хароб кунад.

Саодат Амиршоева. Акс аз ozodi.org

Ба вижа издивоҷи духтари мусалмон бо марде аз адёни дигар ғайриқобили қабул дониста мешавад. Барои мисол, дар аҳди Шӯравӣ духтари яке аз маъруфтарин  шоирони халқӣ бо марди рус издивоҷ кард. Ин шоир то ҳадде зери борони танқидҳо қарор гирифт, ки маҷбур шуд, тамоми муносибатро бо духтараш қатъ кунад. Ин дар ҳоле ки бино ба гуфтаи дӯстони шоир, ӯ интихоби духтарашро эҳтиром мекард.

Хонум Амиршоева инчунин гуфтааст, ки “тоҷикони мусалмон метавонанд бо занҳои пайрави дини дигар издивоҷ кунанд, аммо беҳтар аст, духтарон ин корро накунанд”.

“Аммо ман мухолифам, ки духтарони тоҷик бо мардони пайрави дини дигар, махсусан чиниҳо ба шавҳар бароянд”,-гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин дар мавриди никоҳҳо миёни намояндагони адён омори дақиқ нест. Омор дар мавриди никоҳҳои байниқавмӣ мавҷуд аст, вале маълумот дар ин бора дар ду сол як маротиба нашр мешавад. Ба хабарнигори CABAR.asia дар Оҷонсии омори назди Президенти Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло ҳатто маълумот барои соли 2018-ро надоранд. Бар пояи иттилои қаблӣ, ки соли 2012 нашр шудааст, аз теъдоди умумии никоҳҳои расман сабтшуда дар Тоҷикистон (94730) – 5,7% ё 5413-тоаш байниқавмӣ ҳастанд.

Аз ин шумора 4542 нафар намояндагони миллатҳои дигар мебошанд, аммо ҳамагӣ аз Ислом пайравӣ мекунанд. Инҳо узбекҳо, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо мебошанд, ки дар маҷмӯъ 83 дарсади шумораи умумии никоҳҳои байниқавмиро ташкил медиҳанд. 5%-и никоҳҳо (274 нафар) бо русҳо, 1,1% (61 нафар) бо укроиниҳо, 9,5% (515 нафар) бо намояндаҳои миллатҳои дигар, ки миёнашон эҳтимолан намояндагони адёни дигар ҳам ҳастанд рост меоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар ду сол як маротиба Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Демографияи солонаро нашр мекунад, ки онҷо маълумот дар бораи никоҳҳои байниқавмӣ оварда мешаванд. Бар асоси ин солнома, ки бори охир соли 2018 нашр шудааст, дар соли 2017 дар Тоҷикистон 78637 никоҳ сабт шудааст, ки аз ин 3093, яъне 3,9%-ашро никоҳҳои байниқавмӣ ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар қиёс бо аҳолии шаҳрҳо (1047 ҳолат, 3,5%) сокинони деҳот бештар бо намояндаҳои миллатҳои дигар ақди никоҳ мебастаанд (2046 никоҳ, 5,2%).

Интизор меравад, ки маълумоти комил дар мавриди никоҳҳо миёни намояндаҳои адёни мухталиф танҳо соли 2020, ки нуфусшумории аҳолӣ баргузор мешавад, ба даст биёяд. Бори нахуст дар ин нуфусшуморӣ банди “дин, эътиқод” дар назар дошта шудааст. То ин вақт чунин маълумоти оморӣ гирдоварӣ намешуд.

Таҳаммулпазир бояд буд…

Дар Шӯрои уламои Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳар нафаре ки бо намояндаи дини дигар ақд мебандад, бояд ба суитафоҳумҳо аз ҷониби пайвандон омода бошад.

“Барои зиндагии хуш доштани намояндагони ду дин онҳоро зарур аст, ба меъёр ва анъанаҳои дини дигар аз таҳаммулпазирӣ кор бигиранд ва омодаи қабул кардани нофаҳмӣ ё беэҳтиромӣ аз ҷониби кадом як хеши наздик ё дӯстон бошанд”,-таъкид карданд дар Шӯрои уламо.

Ба гуфтаи яке аз намояндагони Шӯрои уламо, ки нахост номаш ошкор шавад, агар пайравони динҳои мухталиф якдигарро ба ҳадде дӯст бидоранд, ки омодаи бастани ақди никоҳу зиндагии муштарак бошанд, пас дар мавзӯи интихоби дин аз сӯи фарзандонашон ҳатман ба созиш мерасанд ва гузаштҳо мекунанд.

Барои мисол, ба фарзандонашон ҳангоми расидан ба сини зарурӣ имкон медиҳанд, дар интихоби дини мақбулашон озод бошанд.

Ба гуфтаи диншинос Рустам Азизӣ никоҳ миёни марди мусалмон ва зани яҳудӣ ё масеҳӣ мумкин шумурда мешавад.

Имрӯз чизҳои покиза бар шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ занони солеҳи мӯъмина ва занони солеҳи аҳли китоб ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, ба таври заношӯӣ на зинокорӣ ва дӯстгирӣ бар шумо ҳалоланд”,-иқтибос овард Азизӣ аз “Моида”, панҷумин сураи Қуръони Карим.

Ба гуфтаи ӯ, бо такя ба ин, мусалмон метавонад ба масеҳӣ ва ё яҳудӣ бидуни он ки Исломро қабул кунанд, издивоҷ кунад.

Аспиранти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Холмаҳмад Раҷабов мегӯяд, ҳатто дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар мавриди никоҳҳои байниқавмӣ ва байнидинӣ гуфта шудааст, ки нишон медиҳад, ин падида дар аҳди қадим ҳам вуҷуд доштааст.

“Бар пояи бархе пажуҳишҳо, дар Эрон ва Турон никоҳҳои байниқавмӣ ва байнидинӣ миёни зардуштиҳо ва яҳудиҳо вуҷуд доштааст”,-таъкид намуд ӯ.

Алла Кувватова. Акс аз: “Мавҷи Олмон”

Инчунин, бино ба иттилои Раҷабов, дар аҳди амири Бухоро низ никоҳҳои омехта миёни мусалмонҳо ва яҳудиҳо, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданду арзишҳоеро, ки дар ҷомеаи мусалмонӣ пазируфта шудааст, дастгирӣ мекардаанд, аммо ҳамзамон аз дини яҳудӣ пайравӣ мекардаанд, вуҷуд доштаанд.

Ба андешаи ҷомеашинос Алла Қуватова, вазъ дар самти никоҳҳо байни намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта тағйир ёфт.

“Мисли тамоми бахшҳои дигари ҷомеа, ин ҷо ҳам як навъ трансформатсия ба вуқӯъ пайваст”,-мегӯяд Қуватова.

Дар ҷомеа мафҳуми Ислом вазн пайдо кард ва ҳоло намояндагони миллатҳои дигар талош мекунанд, бо мусалмонҳо издивоҷ кунанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бо русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар бо шарти пайравӣ аз Ислом ақди никоҳ мебанданд.

“Ин дар ҳолест ки хеле кам иттифоқ меафтад, вақте духтарони тоҷик бо намояндаҳои динҳои дигар бо шарти аз дини худ даст кашидан, ба шавҳар бароянд”.

манбаъ: cabar.asia

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД