Далел (факт), далели дурӯғин (фейк), далелгуна (фактоид)

11 декабря 2019
315
Муаллиф: Rushnoi.org

Мувофиқи матритсаи далелсанҷӣ, ҳар як тезиси омӯхташаванда дар асоси худ аз далели мушаххас ё аз якчанд далели ҳаммаъно иборат аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар изҳороти шахсиятҳои сафи аввал ғолибан иттлооти «фейк» ва «фактоидҳо» мавҷуданд. Ҳар кадомеи аз инҳо ҳам монади далел таъриф, махсусият ва тавофути худро доранд.

Факт (дадел) – мафҳумест, ки моҳияти субъкт-обектро ошкор мекунад, ҳодисаи воқеӣ ё натиҷаи фаъолиятро барои баёни гуногуни хосаи донишҳои таҷрибавӣ мушаххас мекунад. Факт (далел) маънои ҳодисаи рухдодаро дорад. Зери калимаи «факт» ҳамчунин фаҳмидан ё ва ё ба шакле муайян наму- дани ҳолати ҳақиқат аст.
Ибораҳои зиёде мисли «далелҳо тасдиқ шуданд», «далелҳо тасдиқи худро наёфтанд» аз як тараф чизе ҷуз суханбозӣ нестанд. Агар ин воқеан далел аст, яъне чизе ки дар ҳақиқат рух додааст, пас он наметавонад тайид ё инкор шавад. Аммо, аз тарафи дигар, амалан дар журналистика, дар ҳуқуқшиносӣ ва додгоҳ (суд) далел метавонад тасдиқ ё рад карда шавад.
Дар фаъолияти журналистӣ дар асоси ҳар навишта ва хусусан дар тадқиқот далел меистад. Он ба монади хиштҳоест, ки аз чиданашон сохтори мавод пайдо мешавад. Бо кӯмаки далелҳо (хусусан далелсанҷҳо) метавонанд ҳолати мушаххаси воқеиро бо вусъати мушкилоти ҷамъиятӣ нишон диҳанд ва вариантҳои инкишофи ҳодисаҳоро муайян созанд.
Фактро дар журналистика метавон чун инъикоси дурусти пораи ҳақиқате гуфт, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ муаррифишаванда аст. Барои рӯзноманигор/далелсанҷ инъикоси объективии ҳодиса маънои такрористеҳсоли ростини далел аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият аз изҳороти шахсони маъруф, танҳо изҳороте тадқиқ мешавад, ки далели мушаххас дар шакли рақамӣ ё маълумоти мустанад дорад.

Фейк – аз fake англисӣ – дурӯғин, ҷалъӣ аст. Ин вожа дар гуфтори украинӣ чун жаргон ворид шуда буд, вале баъдан маънои дигар гирифт ва ба як истилоҳи ғайрирасмӣ табдил ёфт.

Фейкҳо асосан хабару иттилоияҳои дурӯғанд, ки ғолибан дар фазои интернетӣ аз ҷониби платформаҳои махсус ё шахсон тавлид мешаванд. Онҳо метавонанд ба унвони шарҳу эзоҳ зери хабарҳои воқеӣ ва чун фикри шахсӣ, масалан, гуруҳи фаъоле дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ягон блогери маъруф ҳам ба назар расанд. Чунин каналҳои пешбурд ва интишори фейк барои вазни хос ва арзиш ёфтани далелҳои дурӯғин, ворид намудани он дар каналҳои мухталифи таъсиррасонӣ ба мақасди расидан ба ҳадафи ҳар чӣ бештар фаро гирифтани истеъмолкунандаи чунин иттилоот аст.

Фейк метавонад ба осонӣ шинохта шавад, зеро аз далелҳои дурӯғини руйи рост иборат аст, ки онҳоро ба осонӣ метавон фош кард. Маъмулан, онҳоро зери сарлавҳаҳои мутантан ва воҳимаангез нашр мекунанд.

Дар айни замон як қисми дигар фейкҳо хабарҳои хуб тарҳрезӣ ва таҳияшудаанд, ки бо лутфи асоси ҳуҷҷатгунаашон ба шакли далели ростини воқеӣ ҷилва мекунанд. Чунин фейкҳо, ҳарчанд ки бо сарлавҳаҳои «ҷаззоб» чоп шаванд, таваҷҷуҳро ҷалб кунанд ҳам, вале сару садоии иттилоотиашон дар як сатҳ бо маҷрои воқеии хабарҳо мемонад. Маҳз аз ҳамин хотир онҳо шонси бештари «ворид» шудан ба аудитиорияҳои мавриди назар ва хабари боиси муҳокима шуданашон бештар аст. Дар натиҷа ифшо, рад ва аз муҳимаш муътақид намудани аудиторияи хонандагон ба дурӯғии чунин иттилоот беш аз пеш мушкилтар мешавад.

Фактоид – мафҳуми ба фейк наздик аст аз аглисии fact – факт ва юнонии oid аз eidos – шакл, қолаб гирифта шудааст. Хабари чопшудае, ки дар натиҷаи оммавишавии худи далел чун ҳақиқат қабул мешавад. Дар фаҳмиши умумӣ хабари номӯътамад ва ғолибан дурӯғ, ки ба лутфи ҳолати муайяне қолаби гуё дуруст мегирад ва чун ҳақиқат оммавӣ мегардад.

Дар баъзе ҳолот фактоид ба фейк хеле шабеҳ аст, зеро сохторбандӣ шудааст, «муқоваи ҳақиқӣ» дорад ва дар нигоҳи аввал чун далели анҷомёфта менамояд. Дар дигар ҳолат ин далелест, ки тибқи мантиқи ҳодиса ва муҳтавои он вуҷуд дошта наметавонад ва аз ин рӯ, ба осонӣ шинохта ва фош карда мешавад.

Ҳамзамон, ҳам дар ҳолати аввал ва ҳам дар ҳолати дуюм чунин фактоидҳо самт, ҳадаф ва вазифаи дақиқ доранд.

Фактоидҳои навъи якум ба ҳадафи таъсиргузорӣ бар ақидаи омма дар мавриди ҳодисаҳо ё далелҳои воқеӣ, ба вуҷуд оварда- ни мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ, ки мухолифонаш ҳам ба иттилооти ростин ва ҳам дурӯғин такя мекунанд, равона шудаанд. Натиҷаи он зуҳури ҳолатҳои баҳсноку моҷароангез ва ихтилоф дар муҳити иҷтимоӣ аст.

Шакли дуюми фактоидҳо асосан ҳадафи сохтани «сару са- доҳои иттилоотӣ»-и иловагӣ, эҷоди сарбориҳо дар каналҳои иттилоотӣ, аз байн бурдани/ «шустан»-и маҷрои хабарҳои ҳақиқӣ, мунҳариф кардани тамаркузи хонанда аз хабарҳои умда аст.

Истилоҳи «фактоид» соли 1973 аз ҷониби нависандаи амри- коӣ Норман Мейлер дар навиштаҳояш оид ба ҳаёти Мэрилин Монро истифода шуд. Номбурда ба фактоид «далеле, то дами дар рузномаву маҷалла пайдо шуданашон, номавҷудро мансуб медонист».

Истифодаи фактоидҳо дар ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти бевиҷдонона алайҳи одамон ва созмонҳои мушаххас ба қадри кофӣ босамар аст. Ҳар талоше барои рад кардани онҳо дар назари ҷомеа ба натиҷаҳои баръакс меоварад. Иловатан, хонандаи тасодуфӣ аксаран маҷбур аст пешопеш нуқтаи назари дурӯғинро қабул намояд. Дар бисёр ҳолатҳо «фактоидномаҳо» аз иттиҳоми як ҷониб ба бевиҷдонӣ ва дурӯғгуӣ шуруъ меша- ванд ва ҳамин тавр тасаввуроти иловагии дурустии фактоид со- хта мешавад.

Боз як аломати фактоид (аз таҷрибаи далелсанҷӣ) – истифодаи сухангуй аз далелу додаҳоест, ки дар ҳақиқат миёнашон иртибот нест, вале дар изҳорот чун иллати сабаб ва натиҷа пеш- ниҳод шудаанд.

Гузинаи дигари фактоид – далелҳои воқеӣ аст, вале нотиқ онҳоро ба дараҷе номушаххас, ноаниқ, берабт истифода мебарад, ки таҳлилашон ғаиримумкин аст ё аз фоизи баланди субъективизм иборат аст ва далелсанҷ маҷбур мешавад ки изҳоротро на дар шакли умумиаш таҳлил кунад, балки ҷузиёт ва пораҳои аз контекст кандашударо. Ин боиси ҳукмномаи нодуруст мегардад.

(аз китоби «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ». Муаллиф: Александр Гороховский)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД