Бо Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон шинос шавед!

01 октября 2020
151
Муаллиф: Rushnoi.org

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 қабул гардидааст. Меъёрҳо аз 17 банд иборат буда, дар пешгуфтори он таъкид мешавад: “Ҳеч яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд”.

Соли равон Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” меъёрҳо ва шарҳи онро, ки соли 2011 аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов таҳия шудааст, бознашр кард.

Сомонаи “Rushnoi.org” давоми чанд моҳи ахир дар саҳфаи фейсбукии худ бандҳои меъёрҳоро дар алоҳида нашр кард, имрӯз тамоми ин меъёрҳо дар якҷоягӣ пешниҳоди хонандаҳои гиромӣ мешаванд.