Даъват ба тренинг: Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳоро меомӯзем!

23 января 2023
267
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-ро ба давраи омӯзишӣ даъват мекунанд.

Ин давраи омӯзишӣ “Ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили додаҳо” ном дошта се рӯз (аз 2 то 4 феврали соли 2023) идома мекунад. Он давраи аввали силсилаи тренингҳои марбут ба мавзӯи зикршуда мебошад. Тибқи нақша дар оянда баргузории тренингҳо, марҳилаҳои роҳнамоӣ (менторӣ) ва пешниҳоди стипендияҳо барои таҳия ва таблиғи матлабҳои муаллифӣ дар назар аст.

Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди инкубатори додаҳо барои ислоҳоти иқтисодӣ”, ки бо дастгирии ACTED амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар пайванди зер дархост гузоред:

https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSfcj4LgdOL1ByQEOEJfPLpXk0r85Y2jpzPKwhJ6tO0h06wA4w/viewform?vc=0&c=0&w=1&flr=0

Меъёри аслии интихоби иштирокдорон:

  • Таҷрибаи кор бо додаҳо ва тадқиқот;
  • Таҷрибаи кор бо мавзӯъҳои иқтисодӣ;
  • Доштани компютер ва смартфон;
  • Имкони иштирок дар тамоми давраҳои омӯзишӣ;
  • Имкони ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Лоиҳа.

Охирин муҳлати пешниҳоди дархост 26 январи соли 2023.