Дар бораи “Фактоид” чӣ медонед?

21 декабря 2018
136
Муаллиф: Rushnoi.org

Фактоид – дурӯғест ки дар пайи инъикоси хеле густурда дар расонаҳо ба факт (далел) шабоҳат дорад.

80 сол қабл, 30 октябри соли 1936 намоишномаи радиоии “Набарди сайёраҳо”-и Орсон Уэллс, ки аз рӯи романи Гурберт Уэллс таҳия шуда буд, ба эфир баромад. Аксар вақт маҳз ҳамин радионамоишро ба сифати фактоид истифода мебаранд.

Бар асоси сужаи драма, бошандаҳои сайёраи Марс ба Замин ҳуҷум намуда, ҳамаро бо газ заҳролуд мекунанд. Дар намоишнома абрҳои гази заҳрогин ва ҷурмҳои паррони дурахшон дар фазои Ню-Ҷерсӣ тавсиф мешавад.

Як рӯз баъд аз пахши намоишнома рӯзномаҳои амрикоӣ навиштанд, ки он сабаби таҳлукаи мардум дар иёлатҳои шарқии ИМА гардида, ҳатто баъзеҳо ба сактаи қабл гирифтор шудаанд.

Бо гузашти даҳсолаҳо аз пахши ин намоишномаи радиоӣ вуҷуди ваҳшату таҳлукаи мардум рад шуд. Журналистон маълум карданд, ки рӯзи намоишнома касе ба кӯча фирор накарда, теъдоди шунавандаҳои радиоро аз ҳад зиёд нишон додаанд.

Пас, он миф аз куҷо пайдо шуд?

Рӯзномаҳо. Он солҳо миёни радио ва рӯзномаҳо рақобати шадид вуҷуд дошт: радио қисми зиёди даромади рекламаҳоро аз рӯзномаҳо гирифта буд. Аз ин рӯ, рӯзномаҳо миф дар бораи ваҳшату таҳлукаро бофтанд, то радиоро ҳамчун манбаи иттилоъ баэътибор созанд.

Норман Мейлер, нависандаи амрикоӣ соли 1973 истилоҳи “фактоид”-ро ба кор бурда, онро “факте, ки то дар бора он навиштани рӯзнома ва маҷаллаҳо вуҷуд надошт” таъриф кард.

Тарҷума аз русӣ. Манбаъ: “Три точки. Знай, что смотришь”

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД