Дасткорӣ | Дар Тоҷикистон 90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсанд

19 декабря 2018
92
Муаллиф: Rushnoi.org
Скрин аз НВ

Чӣ санҷида шуд?

Бархе расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки 90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсанд. Бино ба хабари ин расонаҳо, аз 10 зан 9 нафарашон ё 90%-и ширкаткунандагони пурсиши ҳамагоние, ки Агентии омори Тоҷикистон баргузор кардааст, гуфтаанд, қисман аз шавҳарони худ метарсанд. Бино ба ин пурсиш, 39 дарсад ҳамеша ва 51 дарсад гоҳ–гоҳ аз шавҳарони худ метарсидаанд.

Пурсиш дар миёни 10 ҳазор зани аз 15 то 49 — сола баргузор шуда, натиҷаҳои то охири соли гузаштаро баён мекунад.

Аксари занон эътироф кардаанд, ки ҳар як қадами онҳо метавонад рашк ё ғазаби шавҳарашонро буруз диҳад.

Ин хабар машкук аст, зеро а) арқом собит нестанд, б) эҳтимолан ҳарфи фарҳанги оиладории миллӣ дар миён аст, аммо чунин бармеояд, ки 90% занони Тоҷикистон дар тарси ҳамешагӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ тасмим шуд, то он мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Чӣ тавр санҷида шуд?

Ба идорае, ки ин пурсишро омода кардааст, муроҷиат кардем. Масъулини Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон гуфтанд, ин пурсиш ҷузъе аз таҳқиқи бузурги сотсиологӣ аст, ки дар миёни 8 ҳазор оила дар саросари Тоҷикистон баргузор шуд ва аз ин оилаҳо 10 ҳазор зани аз 15 то 40-сола дар мавзӯи хушунати хонаводагӣ пурсида шудаанд.

Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор мегӯяд, рақами 90% дар гузориши ин ниҳод аслан вуҷуд надорад, аммо агар сухан аз тарси занони шавҳардор аз шавҳар ё занону духтарони бешавҳар аз мардони хона (бародару падар) равад, 39% гуфтанд, ки метарсанд ва 52% гуфтанд, ки гоҳо дар ҳолати гуноҳ кардан аз муҷозот шудан тарс доранд. Вай афзуд, аммо ин тарс ба он маъно нест, ки занони пурсидашуда дар тарси ҳамешагӣ ба сар мебаранд ва зиндагии талх доранд, балки сухан танҳо дар мавридҳои алоҳида ва вобаста ба расми оиладориву масоили рӯзгори онҳо меравад.

Арқоми ҷолибе, ки Агентии омор медиҳад, ин аст, ки 24%-и занони пурсидашудаи аз 15 то 49–сола гуфтаанд, шурӯъ аз синни 15-солагӣ мавриди хушунати ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ қарор гирифтаанд. Аммо ин рақам дар соли 2017 танҳо 12%-ро ташкил мекунад. 7% ҳам гуфтаанд, аз мардони хона танҳо дашному ҳақорат мешуниданд, аммо алайҳи онҳо зӯроварӣ нашудааст.

Ин таҳқиқи Агентии омори назди Президенти Тоҷикистонро созмонҳои байнулмилалии International Alert, UNICEF ва UNCPA сармоягузорӣ кардаанд.

Ҳукмнома

Дар натиҷаи санҷиш ба ин хулоса расидем, ки ба ин маълумот ҳукмномаи дасткорӣ (манипулятсия)-ро раво бинем.

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.