Дасткорӣ | Мирвайс тотор буд ё паштун?

24 декабря 2018
144
Муаллиф: Rushnoi.org

Ёфтаҳое ҷадид аз зиндагиномаи Мирвайс Ҳутакӣ, аввалин шоҳи мустақили Кандаҳор (1709 — 1715), мӯҷиби дасткориҳое дар таърихи Афғонистон шудааст.

Мирвайс Ҳутакӣ/акс аз блогистони history-of-pashtuns

Ҳоҷӣ Муҳаммад Исмоил Мирвайс Хон Ҳутак ё Мирвайс Ҳутакӣ (1673–1715), бино ба манобеъи таърихии инглис, рус ва афғон аз қабилаи ҳутакиҳои қавми ғилҷоии Афғонистон буда, дар Ҳирот таваллуд шудааст.

Ҳарчанд манобеи англис ва афғон ӯро писари Салим Хон, набераи Карум Хон ва абераи Исмоил Хон ва манобеъи русӣ писари Шоҳ Алам Хон ва набераи Мир Алӣ Хони Ҳутакӣ муаррифӣ мекунанд, ҳамагӣ сари ин нукта иттифоқи назар доранд, ки падари ӯ калонтар ё сардори тоҷирони Кандаҳор буд ва корвонҳояш дар роҳҳои Ҳинду Порс ва Бухоро равуо мекарданд.

Ватани аслии ҳутакиҳо вилояти Ғур буд. Аммо асрҳои 16 – 17 онҳо ба Зобул, Пактиё, Ғазнӣ, Кобул, Нангарҳор, Кунар ва Кандаҳор ҳиҷрат кардаанд.

Модари Мирвайс – Нозу Тухӣ, маъруф ба Нозу Она, духтари Султон Малахай аз раҳбарони қавми тухии ғилҷоӣ буд, ки умдатан дар вилоятҳои Кандаҳор ва Зобул зиндагӣ мекунанд. Ӯ яке аз маруфтарин шоирони зани адабиёти паштун низ шинохта мешавад.

Ғилҷоиҳо дар баробари дурониҳо яке аз ду қавми бузурги паштунҳоянд.

Мирвайс соли 1705 замони заъфи давлати Сафавияи Эрон даст ба шӯриш зад, аммо аз сӯи сипаҳсолор Гургин Хон (шоҳи гурҷӣ Георгий XI), фиристодаи шоҳи Порс саркӯб шуд. Гургин Хон ӯро ба Исфаҳон табъид кард. Ҳангоми зиндагӣ дар дарбори Султон Ҳусайн Мирвайс ба зиёрати Макка рафт. Бино ба манобеъи инглисӣ, дар он ҷо аз уламои аҳли суннат фатво гирифт, ки муҳориба бо шиъён мувофиқи аҳкоми шаръӣ аст. Макка он замон дар ҳайати Империяи Усмонӣ қарор дошт, ки суннимазҳаб буд ва бо Эрони шиамазҳаб ихтилоф дошт.

Мирвайс соли 1708 ба Исфаҳон баргашта, иҷозаи бозгашт ба Кандаҳорро даёфт намуд. Аммо баробари омадан ба Кандаҳор даст ба шӯриш зад ва Гургин Хонро кушт. Ҷияни Гургин – Кайхусрав, ки барои саркӯби Мирвайс ба Кандаҳор аз сӯи Султон Ҳусайн фиристода шуд, низ шикаст хӯрд. Ҳамин тавр, Мирвайс давлати мустақили Кандаҳорро ташкил кард.

Муаррихи амрикоӣ дар китобаш “Афғонистон” (2004) ӯро “Ҷорҷ Вашингтони Афғонистон” унвон кардааст.

Қиссаи “афсари шведӣ”

Дар ҳоле, ки таърихнигорони ҷаҳон солҳо ба ин сӯ ин иттилоъ дар бораи Мирвайсро асли воқеият медиданд, муаррихони Афғонистон солҳои ахир аз манбаъи дигаре дар баҳсҳои худ истифода мекунанд.

Ин асар “Кромвели форсӣ: Ривояти зиндагӣ ва пирӯзиҳои Мирвайс, шоҳи бузурги Кандаҳор ва ҳомии императории Порс”, навиштаи як афсари шведӣ аст, ки солҳо ғуломи хонагии Мирвайс будааст. Ин китоб соли 1723 ҳамагӣ нуҳ сол пас аз марги Мирвайс дар Лондон чоп шудааст, аммо қиссаи ӯро то соли 1973 мекунад.

Аз тарҷумаи форсии ин китоб бармеояд, ки Мирвайс ҳутакӣ, кандаҳорӣ ва паштун ҳам нест. Падари ӯ Амир Боқир Хони тоторӣ аз Бухорои кӯчак (Суғдиёнаи имрӯз дар Тоҷикистон) ва модараш Гунӣ, аз ӯзбекҳои Фарғона аст. Бино ба ин манбаъ, Амир Боқир Хон фармонравои Суғдиёна ё Бухорои кӯчак буд, аммо пас аз шикаст аз сӯи Бостухон — шаҳзодаи қалмоқҳои бутпараст тавассути куҳҳои Паропомисус (Помир) ва руди Уксус (Амударё) ба Балх фирор кард.

Балх яке аз вилоятҳои Бухорои бузург буд ва миёни ду императорӣ – Муғули Аъзам дар Чин ва Сафавиёни Порс қарор дошт. Боқир Хони суннимазҳаб таассуби шадиде ба шиамазҳабон дошт. Ӯ бо кӯмаки хони Балх 50 ҳазор нерӯ ҷамъ оварда, даст ба дуздиву ғоратҳои мудаввом дар Хуросони Порс мезанад. Аз ин роҳ ӯ соҳиби сарвату обрӯ мешавад.

Кандаҳор дар ихтиёри шоҳи Порс буд. Муғули Аъзам Аврангзеб чанд маротиба нерӯи зиёде фиристод, то шаҳрро аз Порс бигирад, аммо ҳамеша аз нерӯи ками порсиён шикаст мехӯрд. Ӯ ба Боқир Хон рӯ овард ва ба ӯ кӯмаки низомӣ кард. Мавсуф нерӯҳои Порсро шикаст дод ва худро шоҳи Кандаҳор эълон намуд. Ҳамон шабу рӯз писараш Мирвайс ба дунё омад.

Мирвайс дар 15 – солагӣ ба дарбори Муғули Аъзам рафт. Он ҷо се сол монда, ба Рушона Раъйбегим, духтари Мутеъиддин, набераи Шоҳи Олам, абераи Аврангзеб – Муғули Аъзам хонадор шуд (1703) ва ба Кандаҳор баргашт. Соли 1712 падар ва соли 1713 модараш вафот мекунанд. Соли 1712 Мирвайс ба тахт менишинад.

Тибқи фарзияи афсари шведӣ, Мирвайс соли 1720 ба Эрон лашкар мекашад ва Султон Ҳусайнро аз тахт сарнагун мекунад.

Қиссаи афсари шведӣ ин ҷо анҷом меёбад.

Дасткорӣ

Зиндагиномае, ки аз афсари шведӣ ва гӯё ғуломи хонагии Мирвайс оварда мешавад, бо ривояти аслӣ тафовут дорад ва ба гумони ағлаб, воқеиятро баён намекунад. Зеро:

А) Ҳарчанд соли 1724 дар Лондон нашр шудааст, аз сӯи ҳеҷ як таърихнигори англис истифода нашудааст;

Б) Ҳаводиси муҳими зиндагии Мирвайс ба оғози асри 18, ки дар манобеъи дигар, омадаанд, аз ҷумла шӯриш алайҳи шоҳи Порс, табъид ба дарбори Султон Ҳусайн, зиёрати Макка, қатли Гургин Хон ва эълони мустақилияти Кандаҳор ҷой надоранд. Баръакс, афсари шведӣ падари ӯ — Амир Боқир Хони тоторро барҷаста мекунад ва истиқлоли Кандаҳорро ба ӯ нисбат медиҳад.

В) Қабри Гургин Хон ё Георгий XI то ба имрӯз дар Кандаҳор вуҷуд дорад. Тенгиз Эпиташвили, генерал-майори Кумитаи амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ, олими улуми низомӣ ва академик солҳои 1977-1983 дар Афғонистон хизмат карда, дар китобаш “Ман, генерал Эпиташвили” менависад, ки бо мусоидати муҷоҳидини афғон дар Кандаҳор қабри Георгий XI–ро зиёрат кардааст.

Сарбозони фирқаи 31–и вазорати дифоъи Гурҷистон, ки дар сафи неруҳои НАТО дар вилояти Ҳилманди Афғонистон мустақар буд, шаҳодат додаанд, ки дар куҳистони ин вилоят як деҳаи гурҷиҳо вуҷуд дорад ва сокинонаш худро бозмондагони сарбозони шоҳ Георгий мехонанд. Онҳо симои пашту доранд ва забони гурҷиро ҳам намедонанд.

Михаил Саакашвили, президенти Гурҷистон, соли 2012 ба Шуквонӣ, пойгоҳи низомии нерӯҳои гурҷӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон рафт ва зимни суханрониаш гуфт: “Ин ҷо дар Афғонистон деҳаҳое ҳастанд, ки гурҷиҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳоро гурҷ меноманд ва ҷанговарони аз ҳама диловар дар замони таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон мешиносанд”.

Г) Соли 1720 Султон Ҳусайнро Мир Маҳмуд Шоҳ, писари Мирвайс сарнагун кард ва ӯ шоҳи аввалини афғони Эрон (1722–1725) аст.

Д) Дар китоб Мирвайс як суннии мутаассиб ва шиабадбин зоҳир мешавад, ки барои густариши мазҳаби суннӣ ба Порс юриш бурдааст. Аммо Мир Маҳмуд Шоҳ барои забти Эрон даст ба кор шуда буд, зеро ин кишвар он рӯзҳо аз ҳам фурӯ мепошид ва барои забташ дигар кишварҳо низ талош мекарданд.

Е) Номи аслии худи “афсари шведӣ” маълум нест.

Худ ин далоил ва носозгориҳое, ки дар боло зикр кардем, гувоҳӣ медиҳанд, ки қиссаи Мирвайс ба забони “афсари шведӣ”, ки “бардаи хонагӣ” – и ӯ будааст, дасткории ин марҳалаи таърихи Афғонистон метавонад бошад. Эҳтимолан ширкати Ҳинди Шарқӣ онро барои ангехтани ҷанги шиаву суннӣ ва заъиф кардани Эрон мехост истифода кунад. Намунаи боризи ин сиёсатҳои ширкат тақсими Ҳинду Покистон аст.

Аммо дар рӯзҳои мо таърихнигорони афғон чаро онро мавриди истифода қарор медиҳанд?

Яке аз ин китобҳо — “Мо ҳама афғон нестем” ба Устод Ғулом Муҳаммад Муҳаммадӣ тааллуқ дорад, ки соли 2017 чоп шудааст. Ин китоб замоне ба чоп расид, ки дар Афғонистон як раванди иҷтимоие бо номи “Ман афғон нестам!” шуруъ шуд. Ин раванд эътирози ғайрипаштунҳо – тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва ғайра — алайҳи сиёсати нави ҳукумати Кобул аст, ки қарор кард, ҳамаи атбои кишвар дар шиносномаҳои ҷадиди худ “афғон” зикр шаванд.

Аз сӯи дигар, кӯшишҳои зиёде аз сӯи истихбороти хориҷӣ барои эҷоди ҷанги сунниву шиа ва ҳам эронбадбинӣ ба харҷ дода мешавад, ки Мирвайси “афсари шведӣ” намунаи боризе дар ин амр буда метавонад.

Дар Афғонистон ҳазораҳо, ки умдатан дар ду вилоят – Бомиён ва Дойкундӣ – ва ҳам шаҳрҳои Кобул, Ҳирот ва Мазори Шариф зиндагӣ мекунанд, шиамазҳабанд.

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.