Фактчек | Овозаҳо дар бораи неругоҳи ҳастаии Ӯзбекистон

15 января 2019
153
Муаллиф: Rushnoi.org

Чӣ рух дод?

Бино ба иттилои бархе расонаҳои русӣ ва узбекӣ, тасмим гирифта шудааст, то бо ҳузури мутахассисони рус дар Ӯзбекистон неругоҳи ҳастаӣ (АЭС) бунёд карда шавад. Дар ин хабарҳо гуфта мешавад, ки ҳоло маҳалли сохтмони нерӯгоҳ интихоб мешавад. Аммо бархе истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ иттилое паҳн карданд, ки гӯё “сохтмони як партовгоҳи ураниуми на фақат неругоҳи ҳастаии оянда, балки партовҳои овардашуда аз Русия низ дар назар аст”. Дар зер намунае аз ҳамчунин ахбор:

Аммо далелҳо чӣ мегӯянд?

АВВАЛ, он чӣ мавриди таваҷҷӯҳ аст, оҳанги изтиробангез ва фаровонии калимаҳои навишташуда бо капслок ё ҳарфҳои калон дар хабар аст.

ДУЮМ: сардаргумӣ дар мафҳумҳои ҷуғрофӣ. Дар ҳеҷ як аз аснод кӯли “Адиркӯл” зикр нашудааст. Дар вилояти Бухоро кӯли Тӯдакӯл аст. Аммо ин майдон ҳам қарору интихоби мақомот нест.

“Дар пайи таҳлили ҳамаҷониба се майдони билқувва интихоб шудаанд, ки дар онҳо омӯзишҳо идома хоҳанд ёфт”,- гуфта мешавад дар иттилоияи расмии агентии «Узатом», ки дар ихтиёри идораи сомона қарор дорад.

СЕЮМ: қабл аз оғози сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ ҳуҷҷатгузории тарҳ анҷом мегирад, ки ҳомили тамоми ҷузъиёти сохтмон хоҳад буд. Мо ба агентӣ дархост фиристодем, то дар кадом марҳала қарор доштани ҳуҷҷатгузории тарҳ ва мақомоти масъули коркарди онро дақиқ кунем.

“Дар ҳоли ҳозир корҳо дар заминаи таҳқиқоти муҳандисӣ ва таҳияи мавод дар мавриди интихоби майдон ва омода кардани арзёбии асароти зистмуҳитӣ ба таври фаъол идома доранд. Ҳукумати Ӯзбекистон пеши гуруҳи корие, ки бо ҷанбаҳои фаннии иншооти неругоҳи ҳастаӣ машғул аст, вазифа гузоштааст, ки як майдони комилан амн ва аз лиҳози иқтисодӣ муфидро барои неругоҳи ҳастаӣ пайдо кунад. Ин гуруҳи корӣ аз намояндагони Пажӯҳишгоҳи физикаи ядроӣ, Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи улум, кумитаҳои давлатии геология, экология, назорати роҳ, вазоратҳои об, ҳолатҳои фавқулодда, ширкатҳои саҳҳомии «Узбекэнерго», «Узбекистон темир йуллари», УзГАШКЛИТИ ва ғайра иборат аст»,- омадааст дар иттилоияи «Узатом».

Аз он чӣ дар боло овардем, маълум мешавад, ки ҳоло ҳуҷҷатгузории тарҳ ҳатто дар марҳалаи ибтидоӣ ҳам нест. Таҷрибаи байнулмилалӣ нишон медиҳад, ки аз шурӯъи корҳо сари интихоби майдон ва то шурӯъи омодасозии ҳуҷҷатгузории тарҳи сохтмони неругоҳ ҳатто ақал 3 то 5 сол вақт зарур аст, масалан, инро метавон аз додаҳои EnergyLand.info дар бораи сохтмони неругоҳҳои ҳастаӣ дар кишварҳои дигар пайдо кард.

“Барои интихоби ниҳоии майдони неругоҳи ҳастаӣ Арзёбии асароти зистмуҳитӣ (ААЗ) омода мешавад, ки бино ба қоидаҳои МАГАТЭ ҳатман бояд бо ҷомиа ва кишварҳои фаромарзӣ барои баррасӣ ба миён гузошта шавад”,- гуфта мешавад дар иттилоияи агентии «Узатом».

Маҳз он замон, ки Арзёбии асароти зистмуҳитӣ (ААЗ) омода шуд, метавон виҷдони шаҳрвандии худро бедор ва дар баррасиҳо ширкат кард.

ХУЛОСА: Ҳар гуна овозаҳои воҳимаангез аз ин қабил иттилооти ҷаълӣ ё дақиқан иттилои ғалат мебошанд.

Манбаъ: uzjournal.uz

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.