Ҳаниф Ризоӣ дар бораи таҳдиди ДОИШ: «Кишварҳои шимол нигарон набошанд»

12 февраля 2019
1204
Муаллиф: Rushnoi.org

Чандест сару садоҳо дар мавриди ҳузури аъзои гуруҳи террористии ДОИШ дар шимоли Афғонистон мавзӯи нигарониҳо ва таъкидҳои мукаррари мақомоти Русия ва Эрон дар ҷаласаҳои сатҳи ҷаҳонӣ шудааст. Аз сӯи дигар, ин ду кишвар ДОИШ–ро як тарҳи амрикоӣ барои ноамн кардани Осиёи Марказиву Эрон меҳисобанд ва инро ҳам пӯшида намедоранд, ки бо Толибон қабл аз ҳама барои саркӯбии ин гуруҳ дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ҳузури ДОИШ ва дигар созмонҳои террористӣ дар марзҳои худ бо Афғонистон нигарониҳое доранд. Аммо дар асл дар шимоли Афғонистон чӣ мегузарад? Ҷавоби ин ва чанд суоли дигари матраҳ дар фазои расонаии Тоҷикистонро аз мусоҳибаи ихтисосии “Рӯшноӣ” бо Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи неруҳои махсуси корпуси 209–и “Шоҳин”, масъули амалиётҳои ҷангии Вазорати дифои Афғонистон дар 9 вилояти шимоли он кишвар дар пайдо намоед.

АКСАРИ ҶАНГИЁНИ ДОИШ-РО АЪЗОИ ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ УЗБЕКИСТОН ТАШКИЛ МЕДИҲАД

Рӯшноӣ: Пайдоиши ДОИШ дар шимоли Афғонистон, марзҳои ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, қабл аз ҳама бо ин хабар гиреҳ хӯрда буд, ки ин лашкарро як шаҳрванди Узбакистон ба лақаби “Муовия” раҳбарӣ мекард ва ӯро писарони Тоҳир Юлдошу Ҷумъаи Намангонӣ, собиқ раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ба ДОИШ пайвастаанд, ҳамроҳӣ мекунанд. Ин қисса аз чӣ қарор аст?

Ҳаниф Ризоӣ: Бале, ин иттилоъро мо доштем, ки ду–се соли пеш писарони Тоҳир Юлдош, бахусус писари бузургаш — Азиз Юлдош ва писари Ҷумъа Намангонӣ – Умар ба вулусволии Сайёди Сарипул ва бархе вулусволиҳои вилояти Ҷузҷон омада буданд ва бо ДОИШ байъат кардаанд. Ин як баҳси ҷиддӣ ва густардаи манобеъи истихборотии мо буд, то замоне ки охирин лонаву ҷабҳаи ДОИШ дар вулусволиҳои Қӯштеппа ва Дарзоби Ҷузҷон аз ҳам пошид ва дар умум гилеми ин гуруҳ аз ин вилоят ва ҳам вилояти Сарипул барчида шуд. Пас аз ин ҳарфу ҳадиси “Муовия”, писарони Тоҳири Юлдош ва Ҷумъаи Намангонӣ хатм шуд. Ин ки инҳо ҳоло куҷоянд ва ба чӣ фаъолиятҳое машғуланд, барои мо маълум нест, аммо таъқиби онҳо аз сӯи истихбороти мо идома дорад.

Рӯшноӣ: Замоне ки ДОИШ дар Сурия шикаст хӯрд, ин хабарҳо пахш шуданд, ки ҷангиёнаш, бахусус аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба Афғонистон омадаанд ва ҳатто дар миёни онҳо инглису олмониву арабҳову дигар атбои хориҷӣ низ ҳастанд, ки ҷангиёни дохилӣ ва минтақаро тамрин мекунанд. Оё ин иттилоот то куҷо сиҳат доранд?

Ҳаниф Ризоӣ: Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 гуруҳи террористӣ бо ҳукумати Афғонистон ва эътилофи байналмилалӣ амалан дар ҳоли ҷанганд. Инҳо ҷангиёни ДОИШ, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва дигарон ҳастанд. Ба истиснои Толибон, аксари ҷангиёни ДОИШ-ро аъзои Ҳаракати исломии Узбекистон ташкил медиҳанд ва дар сафи онҳо тундравони қазоқу чечену тоҷику қирғиз ва ғайра низ ҳузур ёфтаанд. Ман инро таъйид мекунам. Дар бораи ҳузури мураббиёни инглису олмонӣ иттилои дақиқ надорам, аммо дар вилояти Ҳилманд қитъаоти хоси коммандуи мо яке аз фармондеҳони матраҳи Толибонро боздошт карданд, ки тобеияти Олмонро дошт. Агар ба ин воқеа истинод кунем, ҳузури онҳо дар шимол низ истисно нест.

Рӯшноӣ: Нерӯҳои хоси 209–и “Шоҳин” дар 9 вилояти шимол – Бадахшон, Тахор, Кундуз, Бағлон, Балх, Самангон, Сарипул, Ҷузҷон ва Форёб, ки ҳамагӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарзанд, масъулияти ҷанг бо мухолифини мусаллаҳи давлат ва гуруҳҳои террористиро бар дӯш дорад. Дар кадоме аз ин вилоятҳо тундравони Осиёи Марказӣ бештар лона кардаанд?

Ҳаниф Ризоӣ: Аксарияти онҳо, ки атбои Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд, дар вилояти Бадахшон тамаркуз ёфтаанд. Дар вилоятҳои Сарипулу Ҷузҷон ҳам хориҷиҳо ҳузур доранд, аммо бештаринашон покистониянд. Истихбороти мо аз ҷангиёни хориҷӣ, бахусус ифротиёни Осиёи Марказӣ, дар Қундузу Тахор низ борҳо гузориш додааст, аммо бештаринашон дар Бадахшонанд.

Рӯшноӣ: Чаро Бадахшон?

Ҳаниф Ризоӣ: Бадахшон аз лиҳози ҷуғрофӣ куҳистонӣ, саъбулубур аст, сатру ихфои беҳтар дорад. Мо ба террористони хориҷӣ бештар аз ҳаво зарба мезанем. Ҳар гоҳ ки иттилоъ ёфтем, ба онҳо ҳамла меорем. Аз ин хотир, онҳо мекӯшанд дар ҷойҳои амни куҳистонӣ паноҳ баранд, то аз ҳамалоти мо худро ҳифз кунанд.

Рӯшноӣ: Бигирем, вилоятҳои Кундузу Тахорро, ки он қадар куҳистонӣ нестанд. Чӣ ба Шумо халал мерасонад, ки ба онҳо ҳамла оваред? Кӣ ба онҳо паноҳгоҳ медиҳад?

Ҳаниф Ризоӣ: Мутаассифона, бистари ифротият дар Афғонистон хеле мусоид аст ва як бахше аз мардум бо далоили гароишоти ифротӣ аз онҳо пуштибонӣ мекунаду паноҳгоҳ медиҳад. Хориҷиҳо фаъолиятҳои мустақим надоранд, балки дар сафи Толибон манофеъи сиёсии худро пеш мебаранд. Толибон ҳам мекӯшанд онҳоро фош накунанд, то ҳассосиятҳои мардум ба хориҷиёнро бедор ва онҳоро ба худ дилсард насозанд. Толибон бо ҷабру зулм ва эҷоди ваҳшат мардумро таҳти таъсир қарор дода, дар хонаҳо ва маконҳои умумии онҳо, аз ҷумла масоҷиду макотиб паноҳ мебаранд. Онҳо аз мардуми мулкӣ ба унвони “сипари зинда” ва хонаҳояшонро ҳамчун сангар истифода мебаранд. Ин вазъ роҳандозии амалиётҳои моро мушкил мекунад. Яъне як сӯ ҷабри Толибон ва як бахши дигар бармегардад ба ҳамон гароишоти ифротӣ ё толибонаи қишре аз мардум. Толибон дар миёни мардуми Афғонистон маҳбубият надоранд, танҳо як қишри кӯчаки ифротӣ аз онҳо ҳимоят мекунад. Тавре мегӯянд, “беша бе шағол нест”.

ГУРУҲҲОЕ КИ ДАР БАДАХШОН ДАР ҚОЛАБИ ДОИШ Ё ТОЛИБОН ЁД МЕШАВАНД, МАФИЯҲОИ МАЪДАН ҲАСТАНД

Рӯшноӣ: Чанд рӯз пештар як зан ба расонаҳо мегуфт, чор сол пеш вақте вулусволии Вардуҷи Бадахшон суқут кард, онҳо маҷбур ба фирор шуданд ва ҳоло дар хонаҳояшон узбакҳову қазоқҳо зиндагӣ мекунанд. Шумо дар ин маврид чӣ иттилоъ доред?

Ҳаниф Ризоӣ: Мутаассифона, ин гузоришҳо дурустанд. Як теъдоди хориҷиҳо ба ин вулусволӣ бо хонаводаҳояшон омадаанд.

Рӯшноӣ: Онҳо аз куҷо озуқа мегиранд ва аз сӯи кӣ бо силоҳ таҷҳиз мешаванд?

Ҳаниф Ризоӣ: Озуқа ва дар умум шароити зиндагиро барои онҳо Толибон фароҳам мекунанд. Афроди хориҷӣ бо Толибон ҳамсӯ ҳастанд. Ахириҳо бо хориҷиён ҷабҳаи ҷангии худро тақвият медиҳанд. Кор ҳам ба ҷое расида, ки мардуми бумиро маҷбур ба кӯч мекунанд ва хонаҳояшонро ба хориҷиҳо медиҳанд.

Ин ки аз сӯи кӣ бо силоҳ таҷҳиз мешаванд, барои мову мардуми Осиёи Марказӣ пӯшида нест. Қисмати умдаи кӯмакҳои низомӣ на фақат барои Толибон, балки барои террористони хориҷиро Покистон таҳия мекунад. Возеҳ мегӯям, ки як бахшашон аз сӯи Русия ва як бахши умда дар ғарби Афғонистон аз сӯи Эрон тамвилу таҷҳиз мешавад. Кӯмакҳои пулӣ бармегардад ба кишварҳои Халиҷ. Пулро он кишварҳо медиҳанд ва инҳо ба ин пулҳо эҳтиёҷоти худ, аз ҷумла силоҳро бароварда мекунанд.

Рӯшноӣ: Дар ин маврид асноди мувассақ доред?

Ҳаниф Ризоӣ: Бале, дорем ки возеҳ ва мутмаин суҳбат мекунем, аммо расонаӣ кардани онҳоро зарур намешуморем.

Рӯшноӣ: Ҷаноби Ризоӣ, мо ҳам дар ин бари Ому, бахусус аз мақомоту расонаҳои Русияву Эрон зиёд мешунавем, ки ДОИШ пружаи Амрикост ва ин эътирофро ҳам мекунанд, ки тамосашон бо Толибон ба хотири саркӯби душмани муштарак –ДОИШ аст. Шумо чӣ назар доред?

Ҳаниф Ризоӣ: Ман ҳам бар ин боварам, ки Русияву Эрон Толибонро ба хотири саркӯби ДОИШ таҷҳиз мекунанд. Тарафи дигари қазия ин аст, ки аз роҳи таҷҳизи Толибон онҳо мехоҳанд ба манофеъи Амрико – рақиби ҷаҳонии худ дар минтақа низ зарба зананд. ДОИШ танҳо дар вилоятҳои Сарипулу Ҷузҷон ҷабҳаву амалиётҳои аланӣ дошт. Як бахши ин ҷабаҳот аз сӯи Толибон ва бахши дигар аз сӯи неруҳои амниятии мо муталошӣ шуданд. Ҳоло ДОИШ дар шимоли Афғонистон ҳузури ҷиддӣ надорад ва кишварҳои шимол, бахусус Русия метавонанд нигарон набошанд. Гузоришҳои ҳузури ДОИШ дар Бадахшон мустанад нестанд. Агар мебуд, мо ҳатман ки иттилоъ медоштем. Гуруҳҳое ки дар Бадахшон дар қолаби ДОИШ ё Толибон ёд мешаванд, мафияҳои маъдан ҳастанд. Ин гуруҳҳо мусаллаҳанд, сари мардум зулм мекунанд ва даъвоҳои исломиашон ба хотири пӯшиши сиёсии ҳамон аъмоли ғайриқониашон аст. ДОИШ дигар ҷабҳаи муназзам дар шимоли Афғонистон надорад.

Рӯшноӣ: Яъне гилеми ДОИШ дар Шимол барчида шудааст?

Ҳаниф Ризоӣ: Бале, ба таври муназзам дигар вуҷуд надорад, агар ҳаст, аланӣ нест.

Рӯшноӣ: Мешавад гуфт, ки дар шимоли Афғонистон Толибон бар ДОИШ пирӯз омадаанд?

Ҳаниф Ризоӣ: Як нуктаро содиқона бояд бигӯям, ки агар ДОИШ пружаи Амрико ҳам бошад, ин кишвар онро аланӣ тамвил ва таҷҳиз намекунад. Аммо таҷҳизи Толибон аз сӯи Русияву Эрон аланӣ сурат мегирад. Аз ин хотир, аз лиҳози нерӯи башарӣ ва силоҳу муҳиммот Толибон хеле қудратманд ҳастанд. Дигар ин ки доишиҳо дар миёни мардуми Афғонистон ҷойгоҳ надоранд. Мухолифону мувофиқони давлат ДОИШ–ро як “ғаддаи саратонӣ” мебинанд. Агар зӯри мардум расад, худашон кори ДОИШ–ро халос мекунанд.

Рӯшноӣ: Агар ҳузури ДОИШ дар шимоли Афғонистон ба сифр баробар шуда бошад, дигар далеле ҳам барои ҳамкории Русияву Эрон бо Толибон намемонад?

Ҳаниф Ризоӣ: Дақиқан. Ман ба сароҳат мегӯям, ки ДОИШ дар шимоли Афғонистон дигар хатар нест. Ин ки истихбороти қудратҳои минтақаӣ онро бузург нишон медиҳанд, шояд ба хотири манфиатҳо ва заруратҳои дигари сиёсӣ бошад. Шояд барои таблиғот алайҳи Амрикост. Дақиқ чизе гуфта наметавонам. Ба ҳузури ДОИШ мункир нестам, он ҳам дар Ҷузҷону Сарипул, аммо фаъолиятҳояш аланӣ ва худаш ҳам дигар хатар нест.

Рӯшноӣ: Як нукта ҷолиб аст, ки ноамниҳо дар шимоли Афғонистон асосан дар масири пружаҳои минтақаие, назири хатти барқи “CASA–1000”, лӯлаи гази “ТАПИ”, “Роҳи лоҷувард”… иттифоқ меафтанд. Ин амдӣ аст ё тасодуф?

Ҳаниф Ризоӣ: Ин пружаҳо як низоми тиҷоратиеро миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба вуҷуд меоранд, аҷаб нест ки Русияву Эрон худро дар ин пружаи бузург дар ҳошия бинанд ва аз ҳама муҳим, рақиби худ Амрикоро сари кор. Ин далели таҷҳизи Толибон аз сӯи Русияву Эронро барҷастатар мекунад. Як далели вориди майдон сохтани созмонҳои террористӣ низ дар ҷаҳон ҳамин зарба задан ба манофеъи иқтисодии рақиб аст, ки мутаассифона, дар минтақаи мо ранҷу фоҷиаи ин зарбаро мо – мардуми Афғонистон бештар мебинем.

ДАР БОРАИ ҲУЗУРИ ГУЛМУРОД ҲАЛИМОВ ДАР АФҒОНИСТОН

Рӯшноӣ: Хабарҳо ва овозаҳое дар шабкаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд. Яке ин ки нерӯҳои ҳукумати Афғонистон, дақиқан, нерӯҳои корпуси 209–и “Шоҳин”, доишиҳои таслимшуда дар Ҷузҷонро аз Толибон наҷот додаанд, онҳоро авф кардаанд ё тариқи чархболҳои номаълум ба кадом минтақаи дигар интиқол додаанд. Оё ин ҳама ҳақиқат дорад?

Ҳаниф Ризоӣ: Аз ин мавзӯъ комилан огоҳам. Вақте ҷабҳаи ДОИШ дар Ҷузҷон муталошӣ шуд, ҳудуди 265 нафар бо фармондеҳии Қорӣ Раҳматуллоҳ, раҳбари ин гуруҳ дар шимол, ба неруҳои давлатӣ таслим шуданд. Дар Ҷузҷон ҷангиҳоро ба ниҳодҳои адливу қазоӣ ва занону кӯдакони онҳоро ба амнияти миллӣ таслим намудем. Ҳатто ба мардум эълом кардем, ки ҳар касе ягон даъво ё шикоят аз ҷиноёти онҳо дорад, бигзор пеш орад, то парвандаашон такмил шавад. Аммо кишварҳои минтақа ва ҳам мухолифини давлат эълом доштанд, ки гӯиё неруҳои мо доишиҳоро наҷот дода бошанд. Ҳарфи наҷот набуд, балки раванди такмили парванда ва таслими онҳо ба ниҳодҳои зидахл буд. Мо ин корро кардем. Вақте дар Ҷузҷон парвандаашон такмил, ҷароимашон мустанад шуд, сипас, тариқи тайёраҳои неруҳои худи мо, на номаълум, ба Кобул барои анҷоми мароҳили ниҳоӣ интиқол ёфтанд.

Рӯшноӣ: Миёни ҳамон 265 нафаре, ки таслим шуданд, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буданд?

Ҳаниф Ризоӣ: Бале, тақрибан 30 хориҷӣ миёни онҳо буд. Чечениҳову қазоқу узбекҳо бештар ва тоҷикҳо камтар. Аммо қисмати умдаашонро худи атбои Афғонистон ташкил медоданд ва аксарияти онҳо ҳам афроди зери синни 18.

Гулмурод Ҳалимов/акс аз vesti.ru

Рӯшноӣ: Қаблан расонаҳои русӣ хабар доданд, ки Гулмурод Ҳалимов, “вазири ҷанг”–и ДОИШ дар вулусволии Карону Мунҷони Бадахшони Афғонистон ҳузур дорад. Оё шумо дар ин бора хабар доред?

Ҳаниф Ризоӣ: Чунин иттилое мо қатъан надорем. Шахсан дар баҳсҳои истихборотии мо дар ин бора нашунидаам. Агар ин нафар он қадар як шахси шохис аст, ҳатман ки мо хабар медоштем. Истихбороти мо иттилои хеле дақиқ дорад.

Рӯшноӣ: Истихбороти Шумо дар бораи Бадахшон чӣ иттилоъ дорад?

Ҳаниф Ризоӣ: Мо дақиқан медонем, ки дар Бадахшон афроди хориҷӣ дар ду вулусволӣ – Вардуҷ ва Юмгон тамаркуз ёфтаанд. Ин вулусволиҳо таҳти назорати Толибонанд. Агар доишӣ ҳам бошанд, инро ошкор накарда, дар қолаби Толиб фаъолият мекунанд.

Рӯшноӣ: Оё омори дақиқ дар бораи ҳузури хориҷиҳоро дар шимол, манотиқи масъулиятатон доред?

Ҳаниф Ризоӣ: Дақиқан гуфта наметавонам, аммо метавонам бигӯям, ки дар Вардуҷу Юмгон онҳо собит, яъне бо хонаводаҳои худ ҳастанд. Дар Кундузу Тахор чунин нест. Онҳо хонавода надоранд, танҳоянд. Дар Вардуҷу Юмгон 45 хонаводаи хориҷӣ зиндагӣ мекунад.

Рӯшноӣ: Шумо гуфтед, дар Афғонистон 20 гуруҳи созмони террористӣ фаъолият мекунанд. Метавонед онҳоро ном ба ном бигӯед?

Ҳаниф Ризоӣ: Чандеро ки дар зеҳнам меояд, номбар мекунам: “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ал–қоида”, “Лашкари Ҷангавӣ”, Толибон, ДОИШ, “Таҳрики Толибони Покистон”, “Сипоҳи саҳоба”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқии Чин, “Сарбозони хилофат”–и Қазоқистон ва ғайра.

Рӯшноӣ: “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар кадом қисмати Афғонистон фаъолият мекунад?

Ҳаниф Ризоӣ: Умдатан дар Бадахшон.

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД