Чеҳраи аз сиёҳ сиёҳтари ифротият | Чор сол пас аз фоҷиаи Фархунда

19 марта 2019
2913
Муаллиф: Rushnoi.org

Афғонистон 40 сол аст, ки дар оташи ҷанг, таассуб ва таҷовуз месӯзад. Аммо панҷшанбе, 28-и ҳут ё 19-уми марти соли 2015 тамоми фоҷиаи таърихии ин кишварро дар як рӯз хулоса кард. Он рӯз Фархунда Маликзода, як духтари ҳанӯз аз ҳазор як гулаш нашукуфта аз сӯи як тӯдаи мардони ифротӣ дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расид. Куштори ӯ он ҳама таассуб, ифроту даҳшат, тавтиаҳои дохиливу хориҷӣ, занситезиеро, ки чор даҳа ба ин сӯ ин мулкро ба бадбахтӣ кашидаанд, ба намоиш гузошт. Ин ҳодиса на дар майдони ҷанг ё як гӯшаи ноамну минтақаи маъмулии мутаассибнишин, балки маркази Афғонистон, чандсадметрии Арки президентӣ, вазоратхонаҳои қудратӣ, пеши чашми пулису садҳо тамошобин, гузашта аз ин, 14 сол пас аз сармоягузориҳои бузурги ҷомиаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва озодии занон иттифоқ афтод. Касе ба имдоди ин духтари мазлум нарасид. Ҳама нозир буданд.  

Фархунда/акс аз Reuters

Ҳоло мо ба суҳбати нафаре менишинем, ки он рӯз тамоми зиндагиашро ба куллӣ тағйир дод. Ӯ Муҷибуллоҳ, бародари Фархунда аст, ки он замон корманди вазорати молияи Афғонистон буд ва субҳи он рӯз бо иттифоқи падару модар ва хоҳару бародараш дар қатори тамоми мардуми Афғонистон бо хаёли омодагӣ ба Наврӯз аз хоб бедор шуд…

— Ман бо иттифоқи падар дар манзили дуввуми хонаамон сари чойи субҳ корҳоеро, ки бояд он рӯз анҷом медодем, баррасӣ мекардем. Фархунда омад. Гуфт, падар китобчаи таҷвиди ман тамом шуда, пул бидеҳ, ки биравам навашро бихарам. Падарам гуфт, пулҳоям дар поёнанд. Ман гуфтам, хайр аст, ман медиҳам. Қабул накард. Гуфт, масъулияти моро падарамон дорад, на ту. Ман пулро ба падарам додам ва ӯ ба Фархунда. Ӯ бо ҳама худоҳофизӣ кард, рафт…

— Ва дигар барнагашт?

— Бале. Ӯ дар Институти таҷвиди Қуръон, ки дар қарибии хонаамон буд, таҳсил мекард. Риштааш исломшиносӣ ва хатмкардаи ду дорулулум — Раббонӣ ва Бибӣ Оишаи Сиддиқа буд. Ҳофиз буд, се пораи Қуръонро аз ёд медонист. Шаш моҳ пеш дар курси таҷвид сабти ном карда буд ва мехост таҷвидро низ омӯзад. Дарсҳояш соати 9 шурӯъ ва соати 11 хатм мешуданд. Курс ҳам дур на, тақрибан 150 метр буд…

 

Пеш аз Наврӯз дар Афғонистон либосшӯиву хонатаконӣ, пахтаи кӯрпачаҳоро тим мекунанду месупоранд ба офтоб. 19 марти соли 2015 як рӯзи офтобӣ буд. Мӯҷибуллоҳ бо иттифоқи падар ниҳолҳои нав мешинонданду ҷӯйҳоро тоза мекарданд. Соат аз 11 гузашта буд, ки модарашон омад ва бо изтироб гуфт: “Фархунда наомада!”. Падар ӯро ором кард, ки ҳатман меояд, ташвиш накаш ва бигзор, ки мо кори худро идома диҳем. Модар рафт ва худ ба Фархунда занг зад. Ӯ гуфт, ки дар шаҳр аст. Модар пурсид: “Дар шаҳр чӣ мекунӣ, охир, ту курс рафта будӣ?” Посух ин буд: “Дарси мо як соат пеш тамом шуд. Ман омадам Донишгоҳ”. Фархунда мехост ба факултаи шаръиёти Донишгоҳи Кобул дохил шавад. Модар ӯро барои ин ки онҳоро огоҳ накарда, рафтааст, сарзаниш кард, аммо хотирҷамъ шуд.

 

Хайрхона — як тараф, Донишгоҳ – тарафи дигар ва Зиёрати Шоҳи Душамшера як тарафи дигари Кобуланд. Фархунда чӣ тавр дар ин маҳал ҳузур пайдо кард?

— Ӯ ба Донишгоҳи Кобул ҳуҷҷат супорида буд. Ба хотири фаҳмидани ин ки корҳояш ба куҷо расидаанд, ба донишгоҳ меравад. Истгоҳи охирини мусофирбарҳое, ки аз Донишгоҳ меоянд, дар маҳалли зиёрати Шоҳи Душамшера аст. Намедонам, шояд ба хотири зиёрат ӯ ба масҷид меравад. Қиссаи он ҷоро ба мо як хонуми духтур кард, ки пас аз фоҷиа ба манзили мо омада буд. Ӯ он рӯз бо Фархунда суҳбат кардааст. Вай гуфт, вақте машғули зиёрат будем, сару садое баромад. Як зан ё духтар бо муллои таъвиз ё тӯморнависе, ки дар даромадгоҳи масҷид менишаст, ҷанҷол мекард. Даъво сари ин буда, ки тӯмор мушкили занро ҳал накардаву аз ин хотир, ба сари мулло омадааст, ки пулашро гашта гирад. Фархунда як хислате дошт, ки ҳамеша ба касе раҳм ё кумак мекард. Ӯ ба дифоъ аз он зан бармехезад ва бо мулло ба баҳс ворид мешавад, ки оё тӯморфурӯшӣ дар куҷои дину Қуръону ҳадис омада ва ин бовару тавоноиро ӯ аз кӣ гирифтааст, ки тӯмори навиштаи ӯ касеро фарзанддор кунад ё ба арӯсӣ расонад? Чун дониши хеле қавии динӣ дошт, муллоро дар баҳс мағлуб мекунад. Мулло кам меояд. Зиёрати Шоҳи Душамшера эътиқодманди зиёд дорад ва мардуми бисёр он ҷо меоянд. Муллоҳое, ки аз ҳисоби тӯморнависӣ “кор” мекунанд, ҳатман як гуруҳи ҷигахӯр (маошбигир) низ доранд. Вақте мулло дар баробари Фархунда кам меояд ва дигар чорае намебинад, дар ҳузури ом доду фарёд мебардорад, ки “ин духтар Қуръони Азимушшаънро оташ зада!”. Ин замон 4-5 нафар аз ҷигабихӯрон ё ҳалқаи хоси мулло ҷамъ меоянд. Онҳо Фархундаро чордавр мегиранд ва доду фарёд мебардоранд, то мардуми бештарро ҷалб кунанд. Гап хеле калон мешавад. Мардуми зиёде ҷамъ меоянд ва бидуни ин ки фаҳманд, асли матлаб чист, шурӯъ мекунанд ба латукӯби Фархунда, ки “ту Қуръонро оташ задӣ!”, “туро амрикоӣ роҳӣ карда!”, “ниқобатро поён кун, ту мард ҳастӣ!” ва дигар гапҳо. Ин ҳамаро баъдтар худи муҷримон дар додгоҳ эътироф карданд. Хуб, баъд чӣ шуд, ба ҳама маълум аст.

 

Аз навори ин ҳодисаи даҳшатангез дида мешавад, ки дар наҷоти Фархунда ҳатто пулис оҷиз мемонад ва тӯдаи ифротӣ ба чӣ ваҳшоният, ҳатто аз рӯяш мошинро убур дода, ӯро мекушанд ва ҷасадашро кашолакунон ба сой мепартоянд. Бо ин ҳам ором нагирифта, бо сангҳои бузург бар ҷасади беҷонаш мекӯбанд ва дар ниҳоят ӯро оташ мезананд. Тани оғӯштаи хунаш дар намегирад, тӯдаи ифротӣ либосҳои худро кашида, пешдаргирон мекунад. Пулис нозири ин саҳнаи мудҳиш буд…

Ин саҳнаҳои даҳшат ҳамон лаҳза дар шабакаҳои интернетӣ ва телевизионҳои Афғонистон рехтанд. Танҳо оилае, ки ин ҳамаро намедид ва аз ҳодиса хабар надошт, хонадони Фархунда буд, ки ба Наврӯз омодагӣ мегирифт.

 

Мӯҷибуллоҳ Маликзода/акс аз Rushnoi.org

 — Шумо аз ҳодиса чӣ гуна хабар ёфтед?

— Тақрибан соати 3–и баъд аз зӯҳр буд. Вақте ману падарам дар ҳавлӣ машғули кор будем, аз телефони Фархунда як занг меояд. Гӯширо хоҳараки хурдиам мебардорад. Мебинад, ки садои мард аст. Он мард мегӯяд, ки ин духтар як зарра абгор шудааст ва шумо ба Шоҳи Душамшера биёед. Он мард кӣ буд, дигар маълум нашуд. Телефони Фархундаро амният гирифт. Аммо хоҳарам баробари шунидани ҳарфҳои он мард, “модар!” гӯён ҷиғ мезанаду заъф мекунад, беҳуш мешавад. Чун сарусадо шуд, ман зуд дохили хона шудам. Дидам ки ҳама сари хоҳарам ҷамъ омада, ба рӯяш об мезананд, то бедор шавад. Ниҳоят қариб ним соат пас ӯ ба худ омад, аммо ҳамоно “Фархунда…” мегуфту гиряву доду фарёд мекард. Дар ниҳоят хоҳарам қиссаро гуфт. Ман чанд маротиба ба телефони Фархунда занг задам, аммо касе ҷавоб надод. Ба як сахтӣ ва осемасар мошинро аз гароҷ берун овардам ва бо иттифоқи падару модарам роҳи Шоҳи Душамшераро пеш гирифтем.

Роҳҳои Кобул он қадар бирубор аст, ки ногуфтанист. Модарам зиёд бетоқатӣ мекард. Ҳама ваҳшатзада будем, чун намедонистем, ки чӣ иттифоқ афтодааст. Дар диламон сад гап буд. Аз ҳар кӯчае, ки худро наандохтем, хеле ба сахтӣ пеш мерафтем. Офтоб ғуруб карда буд, ки худро ба Шоҳи Душамшера расондем. Маҳал ором буд, аммо ҷо–ҷо гуруҳҳои хурди мулкиву низомипӯш истода буданд. Се-чор нафарро дидам, ки маълум буд, рутбаҳои баланд доранд. Пешашон мошинро нигаҳ доштам ва оинаро поён карда пурсидам: “Гуфтанд, ки як духтархонум ин ҷо захмӣ шудааст. Ӯ куҷо ҳаст?” Яке пурсид, ки шумо кӣ мешавед? Падарам посух дод. Ӯ ба падарам муаддабона гуфт, ки духтаратон дар ҳавза аст, бо ман биёед. Аз ман хоҳиш кард, аз паси мошини ӯ равам. Ман худро гум карда, даступоча шуда будам. Ба як сахтӣ худро ба ҳавзаи дуввуми пулиси Кобул расондем.

Шаб шуда буд. Вақту замон бароямон истода буд. Ман ва ҳатто падарам дар умри худ чунин як вазъи бехабариву ваҳму дилҳурагиро надида будем. Мо аз ин ки дар дохили шаҳр маҳшар шудаву мардум даст ба музоҳира задаанд, аслан хабар надоштем. Шаҳр пур аз пулис буд. Ҳатто вақте мошинро дар дами дарвозаи ҳавза нигаҳ доштам, пулисе ба шиддат маро ҳидоят ба рафтан кард. Ман каме дуртар рафта, назди ӯ омадам. Хеле ошуфта буд. Гуфтам, ман бародари ҳамон духтари захмишуда ҳастам, ки дар ҳавза аст. Ӯ мухобира кард, ки модари ҳамон духтари захмӣ омадааст. Ӯ ҳам асли матлабро нагуфт. Як хонуми пулис омад. Ӯ бо модарам ҳолпурсӣ кард. Вазъи модарам беҳад хароб буд. Комаш қоқ мешуд ва пайваста об менӯшид. Аммо хонуми пулис ӯро ором карда, гуфт, ки як ҳодисаи хурде шудаву духтаратон пеши хонумҳост, ҳоло мегиред, меравед. Ӯ аз бари модарам гирифту роҳӣ шуд ва ба ман ҳидоят дод, ки дохили ҳавза шавам.

— Шумо дар ин ҳама нармгуфториҳое, ки маълум буд саҳнасозӣ аст, ҳеч чиро пай намебурдед? Инро, ки агар кор ҳамин тур софу содда бошад, ин қадар ташвишу такопӯи пулис дар шаҳр барои чист ва ҳам ин ки чаро Шуморо бо мошин дохили ҳавза мехонанд, суолангез набуд?

— Не, ба Худо. Аслан чизеро пай набурдам. Дар зеҳн бо ин фикр даргир будам, ки Фархунда як касе набуд, ки аз ӯ кадом амале содир шавад, пас, ин ҳама чӣ аст? Вақте дохили ҳавза шудам, мошинро дар ҷое гузоштам, ки агар он лаҳза онро медидам, ҳамаро хуб мефаҳмидам. Аммо ман онро надидам. Ман бо модарам пайвастам. Он чӣ ҷолиб буд, бархӯрди пулисҳо буд, ки маъмулан хашинанд, аммо бо мо хеле меҳрубон буданд, ҳатто гардани моро мегирифтанду лутф мекарданд. Мо аз куҷо хабар шудем? Ҳамин зане ки модарамро мебурд, гуфт, духтари шумо Қуръони Азимушшаънро оташ зада. Инро ки гуфт, дасту пову ҳама чизам хато хӯрд. Мо ки мусулмон ҳастем, Қуръону дину Аллоҳ бароямон “хати сурх” аст.

— Шумо бовар кардед, ки хоҳаратон даст ба чунин коре задааст?

— Ҳатман ки не. Он чӣ ки дар ман меҷангид, маҳз ҳамин фикр буд, ки хоҳарам ҳофизи Қуръон буду қариб 200 ҳадиси Паёмбар (с)-ро азёд медонист, аз исломшиносӣ ҳам фориғ шуда буд, маълум, ки ба кадом як коре даст зада наметавонист. Модарам ба дод омад. Гуфт ки ман фарзанд калон кардам, ӯро хуб медонам, Фархунда чунин коре намекунад, ин тӯҳмат аст.

— Яъне фарзияи аввалини пулис ин буд, ки Фархунда воқеан Қуръонро оташ задаву ба чунин як сарнавишт дучор шудааст?

— Фарзия куҷо? Яқинашон буд. Онҳо низ ба ин туҳмат бовар карда буданд. Агар бовар накарда буданд, ҳатман ӯро аз дасти издиҳом кашида мегирифтанд, наҷоташ медоданд. Ҳатто инро ҳам муроот накарданд, ки ҳофизи манофеъи тамоми атбоъи Афғонистон ҳастанд, валлоҳ ки ӯ девона ё ҳушёр, маъюб ё сиҳатманд, мушрик ё мутадаййин бошад. Қонун аст, қазо аст, кас бояд аз ин роҳ бозҷӯӣ шавад…

Он ҷо ҳар сеи моро ба алоҳидагӣ бозҷӯӣ карданд. Суолҳо аз Фархунда буданд, ки кӣ буду чӣ буду дар куҷо таҳсил мекард. Ба онҳо ҳидоят шуд, ки моро ба фармондеҳии пулиси вилояти Кобул баранд. Ба ду мошин нишастему рафтем. Аммо ҳанӯз ҳам ба мо намегуфтанд, ки Фархунда шаҳид шудааст. Ман ба омири ҷиноӣ гуфтам, ки ҳоло ҳама гапро бароят гуфтем, акнун хоҳарамро деҳ, ки барем. Гуфт, як бор ба фармондеҳии вилоят биравем, ҳамин ки баргаштем, хоҳаратро медиҳам, мебарӣ…

— Вақте гап ба боло – фармондеҳии амнияти вилоят кашид, ҳамоно дарк намекардед, ки қазия ҷиддитар аз он аст, ки ба назар менамояд?

— Бале, он ҷо ба ин натиҷа расидам, ки гап як гапи сода нест. Ин андеша дар зеҳнам замоне қавитар мешуд, ки вақте дар фармондеҳии амнияти вилоят аз дарвозаҳои барқӣ убур мекардем. Ҳар яке ба рӯямон бозу аз пасамон бо садои вахим пӯшида мешуд. Се ё чор манзили дигар боло рафтем, пиёда, лифт набуд. Ба худ гуфтам, воқеан, гапи мо хеле калон аст. Ҳамоно бархӯрди меҳрубононаи пулис маро ба ҳайрат афканда буд. Агар муҷрим ҳастем, бояд бо мо бад бархӯрд кунанд, агар не, пас мо чаро инҷоем? Ҳар чизеро, ки бо рафтору ҳаракоти инҳо муқоиса мекардам, муқоиса намешуд. Ин ҳама бар шакку гумони ман меафзуд.

— Бо ин вуҷуд, аз ин ҳама, ки медидед, “ҷурм” ё “қаҳрамонӣ”-и хоҳаратон дар сари Шумо чӣ гуна тасвир мешуд?

— Тасаввури ман ин буд, ки Фархунда ҳатман даъвое кардааст. Номи Худо, ҷавон ҳам, ки буд, ҳайкали қавӣ дошт. Ҳадс мезадам, ки бо касе даъво кардаву ӯро задааст ва шояд ӯ ришсафед будаву мурда ҳам бошад. Аммо ин ки Қуръонро сӯхтааст, ҳеч аз сарам намегузашт. Хонаводаи мо шурӯъ аз бобу ҷад ҳамагӣ руҳониён буданд. Мавлавиҳои маъруф, зиёд мутадаййин буданд. Бархе моро “охундзода” садо мекарданд.

— Хуб, дар фармондеҳии амнияти Кобул чӣ иттифоқ афтод? 

— Моро Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи амнияти Кобул пазируфт. Як шахси болобаланду барҷаста буд, аммо хеле ҷигархун (ошуфтаву парешону ғамгин) маълум мешуд. Моро ки дид, ҷигархуниаш агар даҳ фисад буд, сад фисад шуд. Ӯ чизи дигаре фикр мекард. Фикр мекард, ки ин духтар як фақиру гадо, кадом як муҳоҷиру беҷошуда ва бекасу кӯй аст. Вай гуфт, болои духтари Шумо тӯҳмат ин аст, ки Қуръонро дар додааст. Ӯ низ бовар накарда буд, шояд ба ӯ натиҷаи сӯҳбатҳои мо дар ҳавзаро расонида буданд. Аммо ӯ ҳам нагуфт, ки бо Фархунда чӣ иттифоқ афтодааст.

Мушкил ҷои дигар буд. Қаблан дар Афғонистон барои ин, ки дар Ҳоланд карикатураи ҳазрати Паёмбар (с)-ро кашиданд, музоҳираҳо барпо шуда, издиҳом мошину дӯкону дигар моли мардуму давлатро хароб ва миллионҳо доллар хисорот ворид карда буд. Раҳимӣ гуфт, мардум ҳоло низ даст ба музоҳира задааст ва шаҳр ошуфта аст. Мо фаҳмидем, ки мавзӯъ аз чӣ қарор аст ва чаро шаҳрро пулис гирифтааст. Ҳассосияти мардуми Афғонистонро-ку медонед. Фармондеҳи амният гуфт, ҳоло танҳо роҳи наҷоти шумо ва давлат ин аст, ки бигӯед, ин духтар мушкили равонӣ дорад. Мо шӯридем, ки аслан чунин нест ва тамоми қиссаро дигарбора нақл кардем. Вай гуфт, мо дигар чора надорем, то ин ки мардум мефаҳмад, кор аз кор хоҳад гузашт.

— Ин гапро бояд ба кӣ мегуфтед?

— Ҳамон ҷо дар телевизиони “Тулӯъ”, ки пахши мустақим мекард, то мардумро ором кунад.

— Падаратон инро чӣ гуна пазируфтанд?

— Ман ҳеч гоҳ падарамро ин гуна маъюсу ғамгин ва афсурда надида будам. Аз чеҳрааш маълум буд, ки ин ҳама барояш сахт мегузарад ва ин лаҳзаи сахттарини зиндагиаш аст. Вай ояте аз Қуръон овард ва гуфт, иззату зиллат аз ҷониби Худованд аст. Агар дар 70 соли умрам, ки аз падару падаркалон мусулмон омадаам, маро ин тур залил месозад, ман мегӯям. Гуфт, ин бисёр ба ман хорӣ аст. Барои ӯ ин сахт тамом мешуд, ки духтараш ҳофизи Қуръон буд, ҳадис медонист, ду донишгоҳи исломиро хатм карда буд, аммо ҳоло бояд дар мазҳари ом ӯро “девона” бояд хонад. На фақат барои ӯ, балки барои мову авлоди мо, ки Фархундаро хуб мешинохтем, ин эътирофи дурӯғин қобили қабул набуд. Инро низ тасаввур намекардам, ки дар як кишвари исломӣ бо як ҳофизи Қуръон, он ҳам зан, ин гуна бархӯрд мешавад.

Вақте фармондеҳи амният ин гапро зад, ман фаҳмидам, ки ин ҷо дасисае нуҳуфтааст. Дар Афғонистон ҳамчунин дасисаҳо зиёд иттифоқ меафтанд. Ҳадафи дастандаркорон ҳам ҳимоят аз Қуръону ислом нест. Ба ҷои Фархунда як каси дигар ҳам мебуд, ин кор мешуд ва Худо кунад, ки дар оянда нашавад.

— Ва падаратон дар телевизион чӣ гуфтанд?

— Танҳо се ҷумла гуфт: “Ман падари Фархунда ҳастам. Духтарам 27–сола аст. Таклифи равонӣ дорад”.

— Аммо ҳоло ҳеч яке аз Шумо хабар надорад, ки Фархунда зинда нест?

— Бале. Ҳамаро мегуфтанд, аммо инро на. Вақте аз утоқи Раҳимӣ берун мешудем, ӯ аз падарам хост, ки бимонад. Ману модарам поён шудем. Омири ҷиноӣ (муфаттиш), ки моро ҳамроҳӣ мекард, маро аз модарам ҷудо кард ва гуфт, ҳамроҳи ман биё. Вақте дар мошин нишастем, вай гуфт, Мӯҷибҷон, ҳар чӣ аз ҷониби Худованд аст, тасмиматонро бигиред, хоҳараки ману шумо шаҳид шуд. Он лаҳза осмон ба сарам афтид. Ман то ба ҳол наметавонам ин лаҳзаро тасвир кунам…

 

…Мӯҷибуллоҳ вақте мошинашро аз ҷойе, ки дар ҳавзаи дуввум гузошта буд, қафо кашид, дар рӯшноии чароғҳо хуни дар замин рехтаро дид. Ӯ дарёфт, ки ин хуни хоҳараш аст. Ин ҷо мошини пулис меистод, ки болояш ҷанозаи хунбори Фархунда буд. Қабл аз омадани Мӯҷибуллоҳ ҷанозаро ба тибби адлӣ (экпертизаи суди тиббӣ) бурда буданд. Раҳимӣ ба падар ва омири ҷиноӣ ба Мӯҷиб ду маслиҳат доданд: 1) Оҷил Кобулро тарк кунанд, то издиҳом ба аъзои дигари оила зарар нарасонад; 2) Ҷанозаро хаппу хамӯш ва бидуни огоҳии мардум дар як ҷое ба хок супоранд. Онҳо мардона эътироф карданд: “Мо шуморо аз мардум ҳимоят карда наметавонем!”

 

акс аз Rushnoi.org

— Оё ин пешниҳоди пулисро чӣ гуна пазируфтед?

— Он шаб на замин ба мо ҷо медод, на осмон. Пулис ба мо сахт такид кард, ки ҷанозаи хоҳарамро бо бақия пайвандонамон ва бидуни огаҳии дигарон ба хок супорем. Гуфтанд, ки пулис ҳам ба мо кумак мекунад. Вақте аз пулис берун омадем, ман ба падару модарам гуфтам, ки мо ҳама, аз ҷумла Фархунда атбои ин давлатем. Давлат мукаллифият дорад, ки ҷанозаи табаашро худ дафн кунад. Вақте хона рафтем, ба амаку тағо ва дигар пайвандонамон занг задем. Ҳама ҷамъ шуданд. Ба ин натиҷа расидем, ки ин чизи хурд нест. Мо наметавонем узви хонаводаамонро хаппу хомӯш дафн кунем. Ягон рӯз мардум пурсон мекунад, ки ҳой бародар, ҳамон духтари ту чӣ шуд? 24 сол ӯ донишгоҳ хонд ё худи шумо бо ӯ чӣ коре кардед ё худи шумо гунаҳкор будед, ки ин тур кардед. Ин имкон надорад! Ҳамон шаб аҳли хонавода, ба шумули падару модарро ба шаҳри Муҳаммад Роқӣ, маркази Кописо интиқол додем. Худи ман дар Кобул дар манзили яке аз ақорибамон мондам. Ҳеч имкон ҳам надошт, ки ҳамаи мо мерафтем.

 

Аммо худи ҳамон шаб як комиссияе иборат аз аъзои Вулуси Ҷирга, палатаи поёнии парлумон, Шӯрои уламо ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон барои таҳқиқи куштори Фархунда таъсис ёфт. Субҳи рӯзи 20 март расонаҳо хабар доданд, ки ҳеч далели сӯзондани Қуръон пайдо нашуд ва Фархунда ба ҷабру бегуноҳ кушта шудааст.

Мақомоти амниятӣ 30 мулкӣ ва 20 пулисро боздошт карданд. Моҳи майи соли 2015, якуним моҳ пас аз фоҷиа 4 муҷрим, аз ҷумла муллои тӯморнависро ба эъдом ва 8 нафари дигарро 16–солӣ ба ҳабс маҳкум кард. 11 пулис 1–солӣ ҳукм гирифтанд ва бақия раҳо шуданд. Як сол пас ҳукми эъдом бо зиндон иваз шуд. Башир, муллои тӯморнавис ва ду нафари дигар ба 20, бақия 10-солӣ ҳукм гирифтандАммо хонаводаи Фархунда ва ҷомиаи маданӣ бо нишони эътироз ба президенти Афғонистон шикоят бурданд, ки ин тағйир дар ҳукми додгоҳ ба далели фасоди идорӣ ва нуфузи зӯрмандон пеш омадааст.

 

— Шумо боре бо онҳое ки хоҳаратонро куштанд, рӯ ба рӯ шудед?

— Не. Ҳеч кӯшиш ҳам накардаам. Паёми ман ба онҳо ин аст: як бародар ҳамеша кӯшиш мекунад ҳофизи хоҳари худ бошад. Ӯ хоҳари шумо буд. Мову шумо баробар шарманда ҳастем, ки натавонистем аз хоҳари худ дифоъ кунем. Ба ҳар мафкураву андешае, ки доред, шумо болои хоҳари худ чунин зулм кардед ва хоҳари худро ба ин шева куштед.

— Муҷримон ҳукм гирифтанд. Чаро хонаводаи шумо ва созмонҳои ҳифи ҳуқуқи башар бар инед, ки адолат таъмин нашудааст?

— Парванда ба назари онҳо тамом шуд, аммо адолат таъмин нашуд, худи қазияро натавонистанд поён диҳанд. Мо аз ҳукумат мехоҳем, ки адолатро таъмин кунад. Агар адолат сари Фархунда таъмин шавад, сари зани тамоми Афғонистон таъмин мешавад.

— Мехоҳед, ки муҷримони асосиро эъдом кунанд?

— Таъмини адолат дигар, қасос чизи дигар аст. Мардуми Афғонистон аз ин ҳукмҳо розӣ нестанд. Агар кишвар исломист, ҳукму қазоват аз рӯи шариат аст, пас аз ҳамин зовия бояд бархӯрд шавад.

— Адолате, ки Шумо мехоҳед, чӣ аст?

— Аз куҷо шурӯъ кунам? Ҳамин ки чодари як духтар дар малои ом аз сараш паст мешавад ва мустақим ба обрӯву иззати як хонавода бармехӯрад, адолати инро кӣ таъмин карда метавонад? Дардеро, ки ба ман, падару модарам, бародарам, хоҳарам ва дигар узви хонаводаи мо расидааст, кӣ чора мекунад? Мо ҳанӯз умедвор ҳастем, ки ҳукумати Афғонистон адолатро таъмин мекунад. Инро дунё хоҳад дид. Ин рӯз расиданист.

 

Ҷанозаи Фархундаро 22 март аз тибби адлӣ гирифтанд. Тадорукоту амнияти хоксупории ӯро давлат ба ӯҳда гирифт. Дар ҷое, ки намози ҷаноза хонданд, ҳазорҳо нафар ҷамъ шуд. Мӯҷибуллоҳ ҳамон суханони падарашро, ки ба фармондеҳи пулиси вилояти Кобул гуфта буд, ба хотир овард. Ӯ ба чашмони худ медид, ки Худованд иззати се рӯз пеш аз онҳо гирифтаашро чӣ тавр баргардонд.

Мӯъҷизаи дигари марги Фархунда ин буд, ки пас аз хатми намози ҷаноза занон гуфтанд, мо хоҳарамонро худамон ба қабристон интиқол медиҳем. Ин танҳо ҷаноза шояд дар таърихи Ислом буд, ки майитро занон ба қабристон бурданд ва дафн карданд. Дар ҷомеаи суннатие, назири Афғонистон, ки қонуни ислому шариат ҳарфи аввалро мезанад ва ҳатто як хабари бардурӯғи тавҳин бар Қуръон ба марги зан — инсон овард, он рӯз ҳеч мулло ё “пуштибони ислом”–е садо берун наовард, ки ба занон – қишри заҷрдидатарини таърихи ин кишвар мухолифат кунад.

акс аз Reuters

— Чаро худи Шумо ва мардони хонаводаи Шумо ба ин мухолифат накардед?

— На. Чӣ мегуфтем? Мо мардон хиҷолат будем. Онҳо сари мо мардон қаҳр буданд. Ин зан буд, аммо ҳеч мард кӯмакаш накард. Дар Афғонистон ба зан бисёр арзиш қойил ҳастанд. Аз замонҳои дур. Ин ки мардум ҳоло ҳарчи мегӯяд, бигӯяд. Арзишу азамате, ки мо ба модар, зан, хоҳар қойил ҳастем, фикр мекунам, дар бисёр ҷавомеъ ба ин андоза нест.

— Ҳоло бо гузашти чаҳор сол ба чӣ натиҷа расидед, ки ин чӣ ҳодисае буд? Чаро ҳамон мардум, ки як рӯз як занро заҷркуш кард, рӯзи дигар ба ҳимояташ бархосту ӯро ба як улгу қарор дод? Решаи ин ҳама дар чист?

— Афғонистон як дард надорад, ки бигӯӣ, ҳаминро тадовӣ кунӣ, ҳама хуб мешавад. Мушкили асосӣ бармегардад ба чор даҳаи ҷанг, ноогоҳии мардуми мо аз дин ва ҳам дастҳои дасисасозе, ки дар ин кишвар дарозанд. Шиорҳои он рӯз “Марг бар Амрико!”–ву “Марг бар демократия!” буд. Ин аз чӣ далолат медиҳад? Кадом як қудрате ба ҳамкорони байнулмилалии Афғонистон ҳарфҳои худро гуфт. Инро нишон дод, ки ин ҷо соҳиби хона кист. Агар мардум огоҳ бошад, ба ин дасисаҳо дода намешавад. Дар куҷои Ислом омада, ки ту як оҷизаро ба ин андоза азият куниву бикушӣ? Як ҳадис аст, ки агар хонуме мушрик мешавад, ӯро банд бикунед, то ин ки аз ширки худ баргардад. Аммо дар сари роҳ, бозор, ҷои ом ба фаҷеътарин шева ба шаҳодат расонидан дар ҳеч дин нест.

Дар 40 соли ҷанг мардуми мо аз илму дониш ва фарҳанг дур шуд. Ҷои ин ҳамаро ифрот гирифт. Ҷавонҳои мо аз бекорӣ, фақр, зулм, нобаробарӣ, ки ҳама падидаи ҷанг аст, бесарнавишт монданд. 3 миллион ҷавони мӯътод дорем. Худкуш шудаанд, ҳатто ба ҷони худ раҳм намекунанд, чӣ расад ба ҷони дигарон…

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД