Чӣ тавр бояд хабарҳоро дуруст мутолиа кард?

03 июня 2019
201
Муаллиф: Rushnoi.org

“ВАО нуфузи худро аз даст медиҳад”,- мегӯяд Александр Амзин, мушовир оид ба масоили ВАО, муаллифи чанд китоб оид ба журналистикаи хабарӣ, ношири The Bell.

Ба гуфти ӯ, агар қаблан журналистон дар хабарҳо оид ба ҳодисаҳои муҳим иттилоъ мерасонданд, ҳоло бошад бештар дар бораи вокуниши чеҳраҳои маъруф ба ҳодиса менависанд. Дар натиҷа расонаҳои хабарӣ маводи босифатро нашр намекунанд.

“Мо ҳоло паҳншавии хабарҳоро мушоҳида мекунем, ки дар асоси вокуниши кадом нафаре ба ин ё он ҳодиса таҳия шудаст. Ва ин ҳама ба мағали хабарӣ табдил меёбад, ки бештар нишонаҳои фейкро надошта бошад ҳам, аммо дар он оморҳо дасткорӣ шуда, муҳокимаи шахсӣ ва забони нафрат мавҷуд аст, ки муқобили дарки пешинаи хабар аст”,– афзуд Александр Амзин.

Чӣ хел хабарҳои босифатро муайян кард? Коршинос тавсия медиҳад, ки ба худ ин суолҳоро бидиҳед: Кӣ мегӯяд ва чаро мо ба ӯ бовар кунем? Оё барои ман ин чиз муҳим аст? Оё дар он нишонаҳои тарғибот ё муҳокимаи шахсии касе мавҷуд ҳаст? Агар ин ҳама бошад, пас он иттилоъи хабарӣ нест, балки мехоҳанд Шуморо зери таъсир қарор бидиҳанд.

Машварати мазкур бошад аз Бен Ниммо, коршинос аз Шӯрои Атланкии Вашингтон аст, ки барои муайян кардани хабарҳои фейк ба идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо кӯмак мекунад:

“Калимаҳо калидӣ- эҳсосот. Агар хабар на ба шуур балки, ба эҳсосоти Шумо нохун мезанад, нафрат ва ё нороҳатио ба вуҷуд меорад, пас онро тафтиш кардан лозим аст”.

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД