Далелсанҷӣ – аналитикаи қолабҳои дастрас

10 июня 2019
1703
Муаллиф: Rushnoi.org

Мутобиқ ба мафҳуми далелсанҷӣ сарчашмаҳои бози иттилоот пойдевори асосӣ барои собит кардан ҳастанд

Манбаъҳои омории муассисаҳои давлатӣ, платформаҳои коршиносони касбии дар соҳаи худашон эътирофшуда, манбаъҳои байналмилалие, ки вазн ва манзалати баланд дар ҷаҳон доранд ва ғайра метавонанд сарчашма бошанд. Масалан, иттилооти таҳлилии Хазинаи байналмилали асъор. Ин созмони молиявӣ қариб дар саросари олам тавонотарин маркази таҳлилист, ки назорати иқтисодӣ ва вазъи молии аксар кишварҳои ҷаҳонро тӯли солиёни дароз иҷро мекунад. Бо ҳаҷм ва сифати додаҳо, ки коршиносон ХБА пешниҳод мекунанд, амалан ягон созмони мушобеҳ рақобат кардан наметавонад. Аз ин рӯ, хулосаҳои коршиносони ХБА барои қабули қарор аз ҷониби дигар структураҳои молиявии ҷаҳон, мисли Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба сифати харитаи амаланд.

Ҳамчунин, манбаи боарзиши дигари иттилоот барои далелсанҷон ҷавоби дархостҳои ба идораҳои давлатӣ ва байналмилалӣ равонашуда аст. Аммо бо назардошти он ки ҳамаи сарчашмаҳои зикршуда дар ин ё он соҳа ҳирфавианд, маълумоти аз онҳо гирифташуда дар шакли махсус аст, хусусиятҳои услубии худро дорад.

Ҳамзамон манбаҳои далелсанҷӣ, чунон ки таҷриба нишон медиҳад, ба аудиторияи васеи хонанда нигаронида шудааст, бинобар ҳамин шеваю услуби пешниҳоди матн бояд барои қабул ва дарк созгор бошад. Вобаста ба ҳамин яке аз вазифаҳои журналисти далелсанҷ иттилооти хосаи ҳирфавиро ба иттилооти оммафаҳм «табдил» додан, аналитикаро маҳсулоти истеъмоли умум кардан аст.

Масъала на он қадар сари шакли дастрасии иттилоот аст, балки муҳимтар, масъалаи аҳамияти он барои хонандаи ниҳоист. Чунки асосан шахсоне, ки изҳороташонро далелсанҷон тафтиш мекунанд, ба мавзӯъҳои барои ҷомеа ҳассос дахл мекунанд ва ғолибан далелу маълумотҳоро дасткорӣ (манипулятсия) мекунанд – гоҳо надониста ва гоҳо баръакс дидаву дониста моҳирона ва бомуваффақият иттилоотро бо шарҳи барояшон дилхоҳ пешниҳод мекунанд. Мувофиқи он чӣ ки зикраш дар боло гузашт, формулаи ниҳоии маҳсулоти иттилоотие, ки манбаъҳои далелсанҷ барои хонанда тавлид мекунанд, ба таври зер аст:

изҳороти тадқиқшаванда исботи мантиқӣ х коркарди ҳирфавии иттилооти касбӣ қолаби дастраси кори анҷомёфтаи таҳлилӣ

Яке аз абзорҳои муҳиме, ки барои дарки беҳтари иттилооти таҳлилӣ аз ҷониби хонанда мусоидат мекунад, айёнигардонии он ба воситаи ҷадвалҳо, нақшаҳо, харитаҳо, графика ва инфографика ва бо кӯмаки ин унсурҳо ноил мешаванд:

− иттилооти омории гуногунпаҳлӯ дар қолаби мураттабшуда нашр мешавад;

− хонанда имкони дидани динамикаи равандҳои таҳлилшаванда-тағйироти замонӣ, шуморавӣ ва сифатиро дорад;

− хонанда дар бораи робитаҳое маълумот мегирад, ки гуё дар назари аввал додаҳо, далелҳо, ҳодисаву воқеаҳо бо ҳам вобастагӣ надоранд;

− мавридҳои муқоиса, баробаркунӣ, таносуби қиматҳои гуногун ва лаҳзаҳои замонӣ барои қабули хонанда сабук ва оддӣ мешаванд;

− падидаҳо, ҳодисаҳо, далелҳо ва додаҳо метавонанд шахсикунонида шаванд, ки ин иттилоотро шавқовар ва рӯзмарра мегардонад.

Дар воқеъ бояд чун қоида қабул кард, ки ҳар як ҷадвал, нақша ё графика баъди ҷойгир шуданаш дар мақола шарҳи иловагӣ, яъне «таърихча»-и гузаштаашро тақозо дорад. Дар ин пасманзар (бэкграунд) шарҳи ҳар як ҷанбаи унсури визуалӣ ҳатмӣ нест.

Баръакс, таваҷҷуҳи хонанда ба ҷанбаҳои бештар гарму тун- ду доғи далелу додаҳо тамаркуз мекунад

Масалан, агар сухан дар бораи динамикаи тағйирёбии ягон бузургӣ/арзиш дар давоми вақти муайян равад, он гоҳ ба нишондодҳои баланд ё паст ё додаҳое, ки баръало ин ё он лаҳзаи замонии рух додани ҳодисаро тавсиф мекунанд, ба таври иловагӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ҳолати зарурат ба пасманзар (бэкграунд) бо истифода аз додаҳои графика ё ҷадвал, метавон арқоми ҷолибтару муна- ззам ё далели маҷмуӣ-нишондиҳандаи ин ё он падидаро ҳосил намуд. Ин усул қабули тадқиқоти додаҳо ва далелҳоро доғтар мекунад.

(аз китоби «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ». Муаллиф: Александр Гороховский)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД