Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» (АКС)

23 сентября 2024
733
Муаллиф: Rushnoi.org

Шаҳри Душанбе мизбони аввалин форуми миллии марбут ба ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ буд. Ин ҳамоиш 20 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Хаят Риҷенсӣ» бо иштироки теъдоди зиёди намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, созмону анҷуманҳои миллӣ ва бахши хусусӣ баргузор шуд.

Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари ҳамкории  Швейтсария дар Тоҷикистон, Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ, Бунёди ҷамАссотсиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистонъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» ва Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон созмон ёфт.

Ташкил намудани муҳити бисёрҷониба барои баррасии масъалаҳои сиёсати идоракунии рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии кишвар мақсади асосии Форуми миллӣ унвон шуд.

Дар оғози форум Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Саломе Штайб, роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Озан Севимлӣ, намояндаи доимии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Дар Форум масъалахои ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомотҳо, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаётан муҳими телекоммуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба Интеренет, инчунин усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии рақамӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки интернет ва дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии рақамӣ, ки дар асоси он хизматрасониҳои наву инноватсионӣ бунёду дастрас мешаванд, саҳми рӯзафзуни худро дар рушди иқтисодии кишвар гузошта истодааст. Ташаббусҳои нави рақамӣ ба монанди ҳукумати электронӣ, маълумотҳои кушода, муаянкунии биометрӣ натиҷаи ниҳоии истифодаи фаррохи ТИК дар ҳукумат ва таъмини фарогирии муносибати мақомоти давлатӣ бо ҷомеаву шаҳрвандон мебошад. Барои таъмини дастрасии якхела барои деҳот, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст нақши муҳимро ҳамкории бисёрҷониба, хусусан давлат ва бахши хусусӣ мебозанд.

Бо афзоиши корбарони технологиҳои рақамӣ, Интернет инъикоси равандҳои ҷомеаву ҳамзамон вусъатдиҳандаи миқёси беканори онҳо ва нишондиҳандаву муаянкунандаи фазои рушд гашта истодааст. Дар чунин шароит, рушди муҳтавои миллӣ, хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, тиҷорати рақамӣ, таъмини бехатарии инфрасохтори ҳаётан муҳими иттилоотӣ, беҳдошти рақамӣ ва таъмини амнияти киберӣ, ҳифзи мақом ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар коркарди маълумоти биометрӣ ва тасмимгириҳои давлатӣ омилҳои барои рушди идоракунии рақамӣ дар кишвар дониста мешаванд. Форуми мазкур ҷиҳати баррасии ин омилҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта дар гузариши рақамӣ мусоидат менамояд.

Таъкид шуд, ки ин вазифаҳо, шарикии бисёрҷонибаи мақоми давлатӣ, ҷомеаи соҳибкориву ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро талаб мекунанд. Мисоли хубу бобарори чунин ҳамкорӣ талошҳои рӯзафзуни ҷонибҳо барои рушди саводнокии рақамӣ, хизматрасониҳои давлатии рақамӣ ва афзоиши тиҷорати рақамӣ буда метавонад, ки аз ҷумлаи қадамҳои ибтидоӣ дар ин самт мебошанд.

Дар Форуми миллӣ оид ба ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ масъалаҳои зерин дар сесияҳои пленарӣ ва соҳавӣ муҳокима шуданд:
Рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Таҷрибаи танзими ҳуҷҷатгузорӣ тавассути ТИК дар мақомот;
— Ҳамкории тарафҳои ҳавасманд дар рақамикунонии мақомоти давлатӣ;
— Хизматрасониҳои электронии давлатӣ;
— Тақвияти дастрасӣ устувори аҳолии деҳот ба хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва хусусӣ;
— Имкониятҳои маълумотҳои кушода ва маълумотҳои калон;
— Арзёбии имконоти маводҳои зеҳни сунъии тавлидӣ дар идоракунии рақамӣ аз таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ.
Танзими тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Фаъолият ва нақшаҳои мақомоти давлатӣ дар самти тиҷорати рақамӣ;
— Тиҷорати рақамӣ: мушкилот дар самти амният ва ҳифзи додаҳо;
— Эҷоди зерсохтори устувори тиҷорати рақамӣ.
Инфрасохтори ҳаётан муҳим ва киберамният
— Киберамният ва субъектҳои асосии таъмини он дар фазои рақамӣ: шахсият, ҷамъият ва давлат;
— Нақши ҷонибҳо дар рушди инфрасохтори ҳаётан муҳими иттиллотӣ аз нигоҳи татбиқи воқеӣ ва сиёсатгузориву қонунгузорӣ;
— Ҳифзи маълумотҳои шахсӣ: меъёрҳои қонун, ҷамъият, бозор, архитектураи технологӣ.