Бидуни интернети босифат муваффақ шудан дар татбиқи ҳуқумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ имконнопазир аст

25 сентября 2024
973
Муаллиф: Rushnoi.org

“Яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти ҳарчӣ зудтар ҷорӣ намудани ТИК ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмини интернети фароҳмавҷ ба шумор меравад. Вақте гап дар бораи рақамикунонӣ ё ҳукумати электронӣ меравад, ин бисёр мавзӯи муҳим аст”. Ин нуктаро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аснои суханронӣ дар Форуми миллии “Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ” таъкид кард.

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ

Акс аз rushnoi.org

Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, таҳкими асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ тавассути амалисозии ҳукумати электронӣ, ташаккули низоми тиҷорати рақамӣ, танзими раванди ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҳалли масъалаҳои марбут ба самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вобастагӣ дорад, зеро дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ташаккули иқтисоди ба инноватсия асосёфта аллакай ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст:

“Дар баробари омилҳои истеҳсолот ва таҳаввулоти чоруми саноатӣ инноватсия ва рақамикунонӣ чун омили муҳим ҳампайванди замони муосир мебошад”.

Директори агентӣ афзуд, дар доираи қонунгузорӣ имконияти таъсис додани платформаҳои эдектронии савдо ҷой дорад: “Чунин платформаҳо ҷиҳати ташаккули мафкураи нави анҷом додани амалиётҳои хариду фурӯш бо истифодаи низоми рақамӣ мусоидат менамояд. Ин ба раванди гузариш ба низоми ғайринақдӣ ҳам мусоидат менамояд”.

Ба андешаи Хуршед Мирзо, бо назардошти ҷорӣ кардани хидматрасониҳои электронӣ робитаи давлат, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон таҳким меёбад, зеро ҳукумати электронӣ таҳкурсии раванди рақамикунонӣ мебошад.

— Ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Бо фароҳам овардани қоидаҳои шаффоф ва инфрасохтори муосир ҳукумати электронӣ барои рушди тиҷорати рақамӣ муҳити мусоид фароҳам меоварад. Дар навбати худ тиҷорати электронӣ ба рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад, ки бо ин роҳ суботи молиявии давлат мустаҳкам мегардад. Итминон дорем, ки дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд минбаъд низ дар татбиқи самараноки тадбирҳои роҳандозишуда ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем,-илова кард директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.

ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ АСТ

Акс аз rushnoi.org

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон ишора кард. Ӯ гуфт, феълан рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди глобалӣ 2,5 баробар бештар аст. Бар асоси арзёбии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар сурати татбиқи минбаъдаи рақамигардонӣ саҳми иқтисоди рақамӣ дар ММД-и глобалӣ боз 30 дарсади дигар бештар мегардад.

“Тиҷорати электронӣ як ҷузъи таркибии иқтисоди рақамӣ мебошад. Дар 8 соли охир ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ аз 17 триллион доллар то 27 триллион доллар ё 1,6 маротиба зиёд шудааст. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки дар ҳақиқат рақамикунонӣ яке аз манбаъҳои асосии иловагии рушди устувори  иқтисодӣ дар тамоми таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост ки дар стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 низ ба рақамикунонӣ таваҷҷуҳи хос дода шуда, чанд санади меъёрӣ ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Ба гуфтаи вазир, дар ин санадҳо дар маҷмӯъ ба 17 соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос дода шуда, дар ин соҳаҳо рақамигардонӣ ҷараён дорад. Ӯ ҳамчунин ба фармони президенти кишвар дар мавриди вусъат бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ ишора кард, ки дар доираи фармони мазкур ба беш аз 100 санади меъёрӣ ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲИЛАИ ИБТИДОИИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ АСТ

Акс аз rushnoi.org

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, кишвари мо бояд аз имкониятҳое ки дорад ба хубӣ истифода кунад. Яке аз ин имкониятҳо ба таъкиди вай манобеи фаровони об аст:

“Ҳоло муҳимтарин бахш, зерсохтори ҷамъи маълумот ё “data center”-ҳо мебошад. Тавре медонед, “data center” барқи зиёдро истифода мекунад. Ва ҳоло стандарте ки онҳо доранд ин аст ки бояд аз “барқи сабз” истифода шавад. Ва як масъалаи хеле муҳими дигар истифодаи оби тоза дар “data center” мебошад. Тоҷикистон бошад, дорои манобеи бузурги об аст ва ин метавонад ба мо шароити муҳим барои ҷалби ширкатҳои бузургтарин, ки “data center”-ҳо доранд, бошад”.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ташаккули иқтисоди рақамӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ, гардиши маълумот, савдои рақамӣ, долонҳои нақлиётии рақамӣ, саноати рақамӣ ва монанди ин, дар сатҳи дохиливу байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гашта, ба хидматрасониҳои давлатӣ, даромади буҷа, шаффофият, омода кардани мутахассисон ва сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбат мерасонад:

“Ҳукумати кишвар бо дарки ин омил масъалаи гузариш ба иқтисоди рақамиро дар меҳвари фаъолияти соҳаҳои калидӣ қарор дода, дар ин самт мунтазам чораҳои мушаххас андешида мешаванд”.

Ба таъкиди Султон Раҳимзода, Тоҷикистон дар марҳидаи ибтидоии иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ қарор дорад, вале бо ин вуҷуд оғози қадамҳои нахустини худро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисод тавассути ТИК дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст: «Мавриди зикр аст ки шарикони рушд ба ҳукумати кишвар кумакҳои зиёд мекунанд. Айни замон бо дастгирии молиявии шарикони рушд дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ, ислоҳоти низоми андоз, гумрук, ҳолатҳои фавқулода ва мукаммалгардонии омори давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад».

Ӯ гуфт, дар баробари ин бо мақсади тезонидани раванди рақамикунонӣ дар ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ бо дастгирии шарикони рушд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти пурра гузаштан ба ҳукумати электронӣ, хидматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ мегардад.

ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТИ ХУБ МУҲИМ АСТ

Саломе Штайб, роҳбари Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Швейтсария ва Бонки ҷаҳонӣ як лоиҳаи рақамикунонии бузургро шурӯъ карда, дар зимн як меморандуми ҳамкорӣ ҳам имзо кардаанд, ки маблағи умумии он 66 миллион доллар мебошад.

“Швейтсария уҳдадор шудааст, ки ба равишҳои инноватсионӣ маблағгузорӣ кунад ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳаёти шоиста муҳайё гардад”

Хонум Штайб дастрасӣ ба интернети хубу босифатро барои амалӣ кардани раванди рақамишавӣ хеле муҳим арзёбӣ кард. Ӯ аз сафари вазири корҳои хориҷии кишвараш ёд овард, ки дар Душанбе як таҷрибаи бисёр нохуби дастрасӣ ба интернет дошт:

“Ӯ пурсид, ки Швейтсария барои ислоҳоти рақамикунонӣ ба Тоҷикистон кумак мерасонад, аммо чаро суръати интернет заиф аст? Аммо ман ҷавоби равшане надоштам, ки ба он кас бидиҳам. Аз ин рӯ агар ислоҳоти телекоммуникатсия сурат нагирад, тамоми талошҳои мо дар соҳаи рақамикунонӣ беҳуда мешавад.

Озан Севимлӣ, намояндаи доимии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон раванди рақамикунониро барои фазои сармоягузорӣ бисёр муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, таври маълум дар саросари ҷаҳон хариду фурӯш ба таври онлайн сурат мегирад ва баъди 10 сол шояд 50 дарсади хариду фурӯш тавассути онлайн анҷом шавад. «Аммо тибқи арзёбиҳое ки анҷом шуданд, тақрибан камтар аз як дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон аз хариду фурӯши онлайн истифода мебаранд, ки рақами хеле ночиз аст. Мо бояд дар ин самт ҳамкорӣ кунем. Бояд платформаҳои тиҷорати рақамӣ бештар фаъол карда шавад»,-таъкид намуд вай.

Ӯ ҳам ба зарурати таъмини интернети босуръат ва босифат таъкид намуд. Ба андешаи Озан Севимлӣ бидуни таъмини интернети босифат муваффақ шудан дар тиҷорати рақамӣ имконнопазир аст.

Акс аз rushnoi.org

ПЕШНИҲОДҲО

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои рушди ҳукумати электронӣ ва тақвияти тиҷорати рақамӣ анҷоми чанд иқдомро муҳим медонад:

  • Тақвияти корҳо дар самти ҷорӣ кардани технологияҳои нав, рушди сармояи инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ТИК ва инноватсионӣ бо назардошти таҳкими амнияти иттилоотӣ ва афзоиши эътимод ба технологияҳои рақамӣ;
  • Таҳкими заминаҳои рақамӣ, аз ҷумла таъсиси инфросохтори муосири рақамӣ ва рушди низоми муосири алоқа, таъсиси марказҳои иттилоотӣ ва платформаҳои рақамӣ;
  • Таъмини рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисоди ҷумҳурӣ, ба монанди бахши хидматрасониҳои давлатӣ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин соҳаҳои калидии истеҳсолот, монанди энергетика, саноати коркард, кишоварзӣ ва тақвияти бахшҳои нав, аз ҷумла технологияҳои молиявӣ;
  • Омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои лоиҳаҳои рақамӣ, инчунин таъсиси низоми тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои муосири соҳавӣ дар донишгоҳҳо ва корхонаҳо ва дар маҷмӯъ барои рушди малакаи рақамӣ миёни аҳолӣ беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ ва таъмини пурраи омӯзгорони соҳибтахассуси соҳаи ТИК дар ҳама зинаҳои таҳсилот.

“Дар баробари ин, фикр мекунам яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти ҳарчӣ зудтар ҷорӣ намудани ТИК ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмини интернети фароҳмавҷ ба шумор меравад. Вақте гап дар бораи рақамикунонӣ ё ҳукумати электронӣ меравад, ин мавзӯъ бисёр мавзӯи муҳим аст”,-хулоса кард раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.