Вазорати адлия: Барои шаффофу фаҳмо кардани хидматрасониҳои давлатӣ талош мекунем

27 сентября 2024
446
Муаллиф: Rushnoi.org

Намояндаҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, аз наздик ба ҳазор номгӯи хидматрасониҳои давлатӣ беш аз 150-тои он ба ниҳоди онҳо марбут аст. Ба гуфтаи Шараф Каримзода, муовини вазири адлия,  феълан онҳо тавассути муносибгардонӣ мехоҳанд шумораи онҳоро коҳиш бидиҳанд. Ӯ дар ҳамоише, ки ба рушди ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ бахшида шуда буд, изҳор дошт, ҳар қадар номгӯи хидматрасониҳои давлатӣ кам ва он шаффофу фаҳмотар бошад, истифодабарии он аз ҷониби шаҳрвандон ҳамон андоза зиёд мешавад.

Ҳамоиши «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» | Акс аз rushnoi.org

Соли 2020 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи хидматрасониҳои давлатӣ” қабул гардид. Дар он аввалин маротиба мафҳуми хидматрасониҳои давлатӣ шарҳ дода шуд ва талабот нисбат ба хидматрасониҳои давлатӣ муайян гардид.

Шараф Каримзода, муовини вазири адлия мегӯяд, қаблан яке аз нуқтаҳои калидӣ муайян шудани мақоме буд, ки дар ин самт ба сифати ваколатдори давлатӣ дониста шавад: “То он вақт дар мавриди ин ки кадом ниҳод вобаста ба ҳукумати электронӣ мақоми ваколатдор таъин мешавад, номуайяниҳо зиёд буд. Байни баъзе мақомотҳо ҳатто такроршавии ваколатҳо буд ва як ҳамоҳангсозиву арзёбии умумӣ ҷой надошт. Баъд аз қабул шудани қонуни мазкур дар қадами аввал Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори ин соҳа дониста шуд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Каримзода, Вазорати адлия пеш аз ҳама ба масъалаи таҳияи санадҳои зерқонунӣ таваҷҷуҳ кард ва дар натиҷа ҳафт санаде таҳия намуд, ки барои ташаккули низоми мазкур нақши муҳим доранд. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардиданд.

“Дар маҷмӯъ гирем, қадами аввали устувор гузошта шуд. Вале дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон як қатор мушкилоти дигар пеш омад, хусусан вақте ки мо ба мураттабсозии феҳристи хидматрасониҳои давлатӣ оғоз кардем, аллакай ба душвориҳо рӯбарӯ шудем. Дидем ки дар таҳияи ин феҳрист имкониятҳои Вазорати адлия нисбатан маҳдуд аст. Барои дарки он ё зарур аст ки мо як воҳиди сохтории алоҳида дар назди Вазорати адлия таъсис диҳем, мисли он ки баъзе давлатҳо ин корро карданд ё ин ки як мақоми алоҳидаи дигар ба ин кор машғул шавад”,-афзуд муовини вазир.

Аммо баъдан ин мушкил ҳалли худро пайдо кард, вақте раисҷумҳур дар мавриди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Тоҷикистон дастур дод: “Баъди ба фаъолият оғоз кардани ин агентӣ дар натиҷаи муҳокимаҳо, баррасии паҳлуҳои гуногуни масъала ҳама мақомоти калидии ҷумҳурӣ ба хулосае расиданд, ки аз рӯйи таъинот ва ваколатҳое ки агентӣ дорад, мувофиқи мақсад аст ки минбаъд маҳз ҳамин ниҳод ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа дониста шавад”.

Шараф Каримзода | Акс аз khovar.tj

Ба гуфтаи Шараф Каримзода, дар марҳилаи аввал Вазорати адлия беш аз ҳазор хидматрасониҳоро муайян карда буд, баъдан дарҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дигарбора феҳрист баррасӣ шуд ва дар лоиҳаи охире ки агентӣ омода кард, шумораи онҳо ба 980 расонда шуд: “Омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки одатан ҳудуди 700-800 хидматрасонии давалатӣ муайян карда мешаванд. Аз ҳамин наздики ҳазор хидматрасониҳое ки ҳаст, тақрибан 157-тои он ба Вазорати адлия рост меояд. Имрӯзҳо мо сари масъалаи муносибгардонӣ ва камтар кардани шумораи ин хидматрасониҳо кор карда истодаем. Чанд рӯз пеш як лоиҳаи санад вобаста ба андозаи пардохтҳо оид ба хидматрасониҳо дар самти мақомоти САҲШ омода ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳо равон кардем”.

Ба таъкиди муовини вазир, ҳамаи ин хидматрасониҳо ба 16 гуруҳ ҷудо мешуданд ва ин 16-то дар навбати худ ба зергуруҳҳо тақсим буданд, “масалан ҳамин масъалаи бастани ақди никоҳро агар гирем – бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, бастани ақди никоҳ бо истифодаи суратгир, бе истифодаи суратгир, бо истифодаи мусиқӣ, бе истифодаи мусиқӣ. Яъне, ҳамин хел тақсимбандиҳо хеле зиёд буд, як бастани ақди никоҳ ба 10-12 зергуруҳ тақсим мешуд ва ҳамаи он пардохтҳои гуногунро пешбинӣ мекард”.

Ӯ гуфт, барои таъмини механизми шаффофият, содаву фаҳмо шудан ҳамаи онҳоро бекор ва танҳо як банд – бастани ақди никоҳ-ро гузошта барои он танҳо як маблағи муайян пешнбинӣ кардаанд.

“Бо ҳамин роҳи муносибгардонӣ боварӣ дорам, ки 157 хидматрасоние ки ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ками кам нисфаш аз байн меравад ва шумораи онҳо камтар мешавад. Маълум аст ки ҳар қадар номгӯи хидматрасониҳои давлатиро кам ва онро шаффофу фаҳмотар кунем, барои шаҳрвандон истифодабарии онҳо осонтар мешавад. Шаффофият таъмин мешавад ва барои худи хидматрасонанда ҳам кор осонтар мешавад. Ва дар натиҷа метавонем ки дар рушди ҳамин институт дар ҷомеа саҳми худро гузорем”,-таъкид намуд вай.

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳамин шева дар чанд самти дигар фаъолият идома дорад: “Низоми бақайдгирии молу мулки манқул пурра электронӣ ва комилан ройгон аст, ягон намуди пардохт нест. Бақайдгирии он фосилавӣ, бидуни ҳузури шахс ройгон анҷом дода мешавад”.