Рейтинги омодагӣ ба татбиқи зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон дар ҷойи 123

11 ноября 2024
116
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар шохиси омодагӣ барои татбиқи ҳуши маснуӣ ё зеҳни сунъӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар мавқеи охир нишастааст.

Ин радабандиро ХБА тартиб дода ва ҳангоми таҳияи он инфрасохтори рақамӣ, мизони сармояи инсонӣ, навовариҳои технологӣ ва мутобиқшавии чаҳорчӯбаҳои қонунӣ арзёбӣ шудаанд.

Таҳлил бар пояи маълумотҳои ҳашт созмон, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Созмони байналмилалии кор ва Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ таҳия шудааст.

Тибқи арзёбии ширкати консалтингии McKinsey & Company, аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф буда, дар ҷойи 48-ум қарор дорад. Қирғизистон – 99, Тоҷикистон – 123 ва Узбекистон дар зинаи 131-ум ҳастанд. Туркманистон шомили ин радабандӣ нашудааст.

Сингапур, Дания ва ИМА дар садри рейтинг нишастаанд. Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Афғонистон ва Судони Ҷанубӣ дар охири радабандӣ ҳастанд.

————

телеграм: Рӯшноӣ