БАРНОМАИ ФОРУМИ МИЛЛИИ
«Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ»

Замони баргузорӣ: 20 сентябри соли 2024
Макони баргузорӣ: Душанбе, Меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ

Вақт Мавзӯъ
09:00-09:30 Бақайдгирии иштирокчиён
09:30-11:00 Сессияи пленарӣ (толори Риҷенси Болрум)

Сухани ифтитоҳӣ:
Хуршед Мирзо — Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баромадҳои пленарӣ:
Завқизода Завқӣ — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шералӣ Кабир — Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Раҳимзода Султон — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Толибзода Фирдавс
— Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Саломе Штайб — Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон
Озан Севимлӣ — Роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Модератор:
Бодуршозода М.А., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11:00-11.30 Танаффус барои қаҳва
11:30-13:00 Сессияи 1. Рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Толори Риҷенси Болрум)


Модератор: 
Яздонзода И.Ҳ., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коршиносони калидӣ:
— Яздонзода И.Ҳ., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Каримзода Ш., Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Хайруллозода Ш., Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Давлатзода Қ., Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Самадзод С., КВД “Шаҳри хушманд (Smart city)” 
— Ибодуллоев М., ТҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет»
— Бахши хусусӣ

11:30-13:00 Сессияи 2. Танзими тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Толори Истамбул) 

Модератор:
Аминова Н., Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коршиносони калидӣ:
— Нуриддинзода А.Н., Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Неъматзода Ф.Н., Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Анварӣ Н., Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Бодуршозода М.А., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Солеҳзода А.М., Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Шерализода Х., Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Каримзода Р.А., Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Икромӣ С.С., Бонки миллии Тоҷикистон
— Баҳромова Н., Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон
— Бахши хусусӣ

13:00-14:00 Хуроки нисфирӯзӣ
14:00-15:30 Сессияи 1. Рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Толори Риҷенси Болрум)

Модератор:
Яздонзода И.Ҳ., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коршиносони калидӣ:
— Холиқзода С.Ҳ., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Шоҳзода Ф.И., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Асрор М., «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Ибодуллоев М., ТҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет»
— Бахши хусусӣ

14:00-15:30 Сессияи 3. Инфрасохтори ҳаётан муҳим ва киберамният дар Тоҷикистон
(Толори Истамбул)


Модератор:

Исмоилзод Ҳ.Ш., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коршиносони калидӣ:
— Сафарзода Б.Х., Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Гулов Х.Т., Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Аҳмадзода Д.Д., Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Раҳимов А.С., Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Атоев А., ТҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет»
— Бахши хусусӣ

15:30 Муҳокима ва ҷамъбасти форум
(Толори Риҷенси Болрум)


Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Танаффус барои қаҳва ва муколама

 

Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ»

20 сентябри соли 2024
Меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсӣ 
Душанбе, Тоҷикистон

Мақсади асосии Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ, аз ҷумла ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ — ин ташкил намудани муҳити бисёрҷониба барои баррасии масъалаҳои сиёсати идоракунии рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Дар Форум масъалаҳои ҳукумати электронӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомотҳо, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаётан муҳими телекоммуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба Интеренет, инчунин усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии рақамӣ муҳокима мегарданд. Форуми мазкур мутахассисони соҳаҳои гуногунро ба ҳам меоварад то равандҳои муҳими идоракунии рақамӣ аз қабили масълаҳои зерин музокира шаванду тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд: 

  • арзёбии ҳолати кунунии ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ, инчунин таъсири онҳо ба дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар;
  • муайян намудани муносибат ва нақши мутавозини ҷонибҳо дар танзими инфрасохтори ҳаётан муҳими иттилоотӣ ва амнияти киберӣ;
  • таҳияи тавсияҳо оид ба рушди устувори рақамии кишвар баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ.

Интернет ва дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии рақамӣ, ки дар асоси он хизматрасониҳои наву инноватсионӣ бунёду дастрас мешаванд, саҳми рӯзафзуни худро дар рушди иқтисодии кишвар гузошта истодааст. Ташаббусҳои нави рақамӣ ба монанди ҳукумати электронӣ, маълумотҳои кушода, муаянкунии биометрӣ натиҷаи ниҳоии истифодаи фаррохи ТИК дар ҳукумат ва таъмини фарогирии муносибати мақомоти давлатӣ бо ҷомеаву шаҳрвандон мебошад. Барои таъмини дастрасии якхела барои деҳот, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст нақши муҳимро ҳамкории бисёрҷониба, хусусан давлат ва бахши хусусӣ мебозанд.

Бо афзоиши корбарони технологиҳои рақамӣ, Интернет инъикоси равандҳои ҷомеаву ҳамзамон вусъатдиҳандаи миқёси беканори онҳо ва нишондиҳандаву муаянкунандаи фазои рушд гашта истодааст. Дар чунин шароит, рушди муҳтавои миллӣ, хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, тиҷорати рақамӣ, таъмини бехатарии инфрасохтори ҳаётан муҳими иттилоотӣ, беҳдошти рақамӣ ва таъмини амнияти киберӣ, ҳифзи мақом ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар коркарди маълумоти биометрӣ ва тасмимгириҳои давлатӣ омилҳои барои рушди идоракунии рақамӣ дар кишвар дониста мешаванд. Форуми мазкур ҷиҳати баррасии ин омилҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта дар гузариши рақамӣ мусоидат менамояд.

Ин вазифаҳо, шарикии бисёрҷонибаи мақоми давлатӣ, ҷомеаи соҳибкориву ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро талаб мекунанд. Мисоли хубу бобарори чунин ҳамкорӣ талошҳои рӯзафзуни ҷонибҳо барои рушди саводнокии рақамӣ, хизматрасониҳои давлатии рақамӣ ва афзоиши тиҷорати рақамӣ буда метавонад, ки аз ҷумлаи қадамҳои ибтидоӣ дар ин самт мебошанд.

Дар Форуми миллӣ оид ба ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ масъалаҳои зерин дар сесияҳои пленарӣ ва соҳавӣ муҳокима мегарданд:

Рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Таҷрибаи танзими ҳуҷҷатгузорӣ тавассути ТИК дар мақомот;
  • Ҳамкории тарафҳои ҳавасманд дар рақамикунонии мақомоти давлатӣ;
  • Хизматрасониҳои электронии давлатӣ;
  • Тақвияти дастрасӣ устувори аҳолии деҳот ба хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва хусусӣ;
  • Имкониятҳои маълумоти кушода ва маълумоти калон;
  • Арзёбии имконоти маводи зеҳни сунъии тавлидӣ дар идоракунии рақамӣ аз таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ.

Танзими тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

  • Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
  • Фаъолият ва нақшаҳои мақомоти давлатӣ дар самти тиҷорати рақамӣ;
  • Тиҷорати рақамӣ: мушкилот дар самти амният ва ҳифзи додаҳо;
  • Эҷоди зерсохтори устувори тиҷорати рақамӣ.

Инфрасохтори ҳаётан муҳим ва киберамният

  • Киберамният ва субъектҳои асосии таъмини он дар фазои рақамӣ: шахсият, ҷамъият ва давлат;
  • Нақши ҷонибҳо дар рушди инфрасохтори ҳаётан муҳими иттиллотӣ аз нигоҳи татбиқи воқеӣ ва сиёсатгузориву қонунгузорӣ;
  • Ҳифзи маълумотҳои шахсӣ: меъёрҳои қонун, ҷамъият, бозор, архитектураи технологӣ.