Фактчек: Си Ҷинпин аз мусалмонон узр ва дуо хост (Видео)

06 февраля 2020
2500
Муаллиф: Rushnoi.org
Скрин аз сомонаи рrеssа.tj

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи нашрияи “Тоҷикистон” — pressa.tj имрӯз, 6 феврал дар як хабар навишт, президенти Чин — Си Ҷинпин ба масҷид рафта, аз мусулмонони кишвараш “узр ва як каф дуо талаб кард”. Дар ин хабар, ки “Си Ҷинпин аз мусалмонон узр ва дуо хост (Видео)” (бойгонӣ) унвон дорад, аз қавли телевизиони CCTV + навишта шудааст, ки президенти Чин Си Ҷинпин ба Масҷиди “Ниюӣ”-и Пекин ташриф оварда аз мусулмонони кишвар узр ва як каф дуо талаб кард. Бино ба иттилои манбаъ, президент аз мусалмонон хоҳиш кардааст, ки барои шифо ёфтани нафарони ба каронавирус мубтало гардида, дуо кунанд”.

Дар наворе, ки сомона нашр кардааст, Си Ҷинпин дар як масҷид дар ҳоли мулоқот бо руҳониён дида мешавад.

Ин хабар дар чанд гуруҳи шабакаи иҷтимоии Фейсбук қисмат шуд ва вобаста ба ин ки мавзӯи каронавирус имрӯзҳо хеле доғ аст, корбарони зиёде онро писандидаву дар саҳифаҳои худ бознашр карданд ё ба дигарон фиристоданд. Баъзе корбарон ба дурустии ин хабар шубҳа кардаанд. Аз ҷумла як нафар навиштааст: “Fake news (хабари дурӯғ ва дурӯғпароканӣ) аст,
1) Ҳарорати ҳаво тайи 8 рӯзи ахир дар Бейҷинг (Пекин)-и Чин -1°то -7°С буд (имрӯз -1). Акнун ба либосҳои Си Ҷинпин ва намозгузорон аҳамият диҳед;
2) Навор кӯҳна аст ва зоҳира (чунин ҳам ҳаст) аз гармои тобистон мебошад;
3) Раиси Ҳукумати Чин- Си Ҷинпин дар кишвараш ба наздикӣ ба ҳеч масҷиде нарафтааст”.

Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ин хабарро бисанҷем.

Чӣ тавр санҷида шуд?

Аввалин чизе ки сабаби ба вуҷуд омадани шубҳа мешавад, шеваи суҳбати Си Ҷинпин бо мусалмонон ҳаст. Тавре дар сарлавҳаи навор ва ҳам дар хабар омадааст, раисҷумҳури Чин аз мусалмонон узр хоста ва барои маҳфи каронавирус аз онҳо талаби дуо карааст, аммо дар навор дида мешавад, ки чӣ тавр Чи Ҷинпин хушҳол асту руҳониён “бо шавқ” каф мекубанд. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки ин шабу рӯз дамои ҳаво дар Пекин сард аст, дар навори нашршуда руҳониёну раисҷумҳур бо либоси тобистонӣ ҳузур доранд. Ҷустуҷӯ дар интернет нишон дод, ки айни навори мазкурро як сомонае, ки хабарҳои Покистонро пайгирӣ мекунад ҳам нашр кардааст. Ва аммо ҷӯстуҷӯ дар шабакаи Ютуб муайян кард, ки навори мазкур тобистони 4 сол қабл бардошта шудааст.
Саҳфари расмии CCTV Video News Agency дар Ютуб ин наворро ҳанӯз 20 июли соли 2016 нашр кардааст. Дар шарҳи ин навор навишта шудааст, ки “президенти Чин — Си Ҷинпин ҳангоми боздид аз ноҳияи автономии Нинся-Хуэй, воқеъ дар шимолу ҷануби Чин аз масҷиди Синчэни шаҳри Инчуан дидан кард (Chinese President Xi Jinping paid a special visit to the Xincheng Mosque in Yinchuan City Tuesday morning, during his current fact-finding tour of the Ningxia Hui Autonomous Region in northwest China).

Хулоса

Вобаста ба далелҳои дар боло овардашуда, хулосаи мо ин шуд, ки навори нашршуда дар сомонаи нашрияи “Тоҷикистон” куҳна ва ба коронавирус ҳеч рабте надорад.

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.