Хатми лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндаҳои мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм”

02 декабря 2020
1086
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” яке аз лоиҳаҳои бузурги худ – “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндаҳои мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм”-ро ба анҷом расонид. Лоиҳаи мазкур дар шарикӣ бо созмони Hedayah ва бо дастгирии молии Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардид.

Он як лоиҳаи бисёрсамтае буд, ки бештар аз як сол идома ёфт (бо ҳамагир шудани бемории КОВИД-19 тадбиқи лоиҳа ба таъхир уфтод). Дар доираи лоиҳа имзои чанд меморандуми ҳамкорӣ, мизҳои гирд, нашри китобу варақаҳо, давраҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо сурат гирифт.

МЕМОРАНДУМ

Дар доираи лоиҳа “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” се меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонд. Меморандуми аввал бо Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” буд, ки дар самти таҳияи модулҳо барои курсҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ карданд. Бо Академияи ВАО ҷиҳати гузаронидани ду давраи омӯзишӣ барои кормандони дафтарҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ меморандум ба имзо расид. Ҳамкорӣ бо Шӯрои ВАО дар самти нашри шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.

ТАБЪУ НАШР

«Расонаҳо дар муқобили терроризм. Дастурамал барои рӯзноманигорон”. Номи аслии китоб «Расонаҳо ва терроризм. Дастурамал барои журналистон (Terrorism and the media a handbook for journalists) аст, ки бори аввал соли 2017 аз ҷониби Созмони милали муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг нашр шудааст. Муаллифи китоб Жан-Пол Мартоз буда, то имрӯз танҳо бо се забон – фаронсавӣ, англисӣ ва арабӣ нашр шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур ин китоб акнун ба забони тоҷикӣ ҳам нашр хоҳад шуд.

Шарҳи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон. Таври маълум Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон як санади худтанзимкунии ВАО буда, 30 октябри соли 2009 аз ҷониби Шӯрои ВАО таҳияву қабул гардидааст. Меъёрҳо аз 17 банд иборат мебошад. Соли 2011 профессор Иброҳим Усмонов, ки яке аз аввалин раисони Шӯрои ВАО ҳастанд, шарҳи ин бандҳоро навишт. БҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» ин шарҳро бо мутобиқ кардан ба шароити феълӣ (бо иҷозаи муаллиф) бознашр ва ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ тақдим кард.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ба забони англисӣ ҳам тарҷума карда шуд.

Тафсири “Ободномаи шаҳрванди электронӣ”. Одобнома 11 октябри соли 2013 аз ҷониби аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ дар Конфронси ҷумҳуриявӣ пазируфта шуд ва ба шакли кутоҳ «ЭТИКЕТ» хона мешавад, ки аз калимаҳои «мобикэт» ва «нетикэт» таркиб ёфтааст. Таҳиягарон ҳадафи асосии Одобномаи шаҳрванди электрониро «густариши пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои электронӣ новобаста аз макону замон» унвон кардаанд. Дар доираи лоиҳа тафсири ҳамин Одобнома дар шакли китобча мунташир ва дар тренингҳо ба иштирокдорон тақдим гардид.

Инчунин, худи Одобнома дар ҳаҷми 50 ҳазор нусха дар шакли варақаи мусаввир мунташир гардид. Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда бо се ширкати бузурги мухобиротии кишвар — “Вавилон-М”, Мегафон Тоҷикистон ва Tcell ин ширкатҳо дар нуқтаҳои хизматрасонии худ одобномаро ба муштариёни худ ройгон тақсим мекунанд.

Корманди ширкати «Вавилон-М» ба муштарии ширкат «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» медиҳад

Бар илова барои иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ ҳамаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муқовимат бо ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм равона шудаанд, нашр ва тақдим карда шуд.

ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ

Қисмати аслии лоиҳа баргузор кардани давраҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон буд.

Дар давраҳои омӯзишӣ ҳамаи шаш минтақаи Тоҷикистон фаро гирифта шуданд.

Дар маҷмӯъ дар ҳамаи давраҳои омӯзишӣ, бо шумули ду тренинг барои котибони матбуотӣ 160 нафар иштирок намуданд. Дар давраҳои омӯзишӣ (бо истиснои тренинг барои котибони матбуотии вазорату идораҳо рӯзноманигорон, донишҷӯён, намояндаҳои таҷкилотҳои ҷамъиятӣ ва блогерон фаро гирифта шуданд.

ПРЕСС-КЛУБҲО

Тавре ишора шуд, дар баробари давраҳои омӯзишӣ баргузор намудани пресс-клубҳо низ яке аз ҳадафҳои аслии лоиҳаи мазкур ба ҳисоб мерафт. Дар ҳар минтақаи дар доираи лоиҳа фаро гиририфташуда 3-тоӣ пресс-клуб гузаронида шуд. Аз 18 пресс-клуб яктои он ба сурати онлайн (барои иштирокдорони шаҳри Хоруғ) доир гардид. Ҳар пресс-клуб аз ду қисмат иборат буд. Дар қисмати аввал коршиноси даъватшуда вобаста ба мавзӯъ суҳбат анҷом медод (шакли ин суҳбатҳо мухталиф буданд-муаррифӣ, суҳбати озод). Қисмати дуввум ба саволу ҷавобҳо ихтисос ёфта буд.

Саидаҳмад Қаландаров сарчашмаҳои аслии дини Исломро шарҳ медиҳад
Иштирокдорони пресс-клуб дар Душанбе (24 октябри соли 2020)
Пресс-клуб дар мавзӯи «Амнияти иттилоотии асри рақамӣ», Рашт 21 ноябри соли 2020
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари БҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет»
Пресс-клуб дар мавзӯи «Вокуниш ва бархӯрди журналистӣ ба ҳодисоти айём», Боғи ботаникии Хоруғ, 21 июли 2020

Дар машғулиятҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо коршиносону  рӯзноманигорони ботаҷрибаву донишманд ҷалб шуданд.

Тавре болотар ишора шуд, машғулиятҳои омӯзишӣ барои котибони матбуотии вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО доир гардид. Зинатулло Исмоилзода, раиси Академияи ВАО, Мирзо Тоиров, масъули Академияи ВАО ва Асомиддин Атоев, коршиноси соҳаи ТИК барои иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ вобаста ба мавзӯъҳои «ҳамкории марказҳои матбуотӣ ва ВАО дар ҳалли масъалаҳои ҳассос», «рейтинги расонаҳо аз назари маркази матбуотӣ», «ифротгароии хушунатбор Онлайн: Омилҳои хавф ва омилҳои муҳофизат аз ифротгароии хушунатбор, «Арзишҳои хабарӣ». Дар ҳолати низоъ одамон чӣ гуна худро нигоҳ медоранд (машқҳои зеҳнӣ), «идораи ҳолатҳои низоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ», «этика дар шабакаҳои иҷтимоӣ», «терорризм дар ҷаҳон, ҳизбҳо ва ҳаракатҳо»… суҳбат карданд.

Давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ, 8 сентябри соли 2020
Зинатулло Исмоилзода, давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ, 8 сентябри соли 2020
Давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ, 8 сентябри соли 2020
Давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ, 22 марти соли 2020
Давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ, 22 марти соли 2020
Давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ, 22 марти соли 2020

ШАРҲИ МУХТАСАРИ БАЪЗЕ МАВЗӮЪҲОИ ДАВРАИ ОМӮЗИШӢ

Ҳар тренинги серӯза (бидуни давраи омӯзишӣ барои котибони матбуотӣ) дар маҷмӯъ 14 мавзӯъро фаро мегирифт. Инҷо шарҳи мухтасари баъзе мавзӯъҳоро пешниҳод мекунем.

Мавзӯъ: “Журналистикаи мавзӯъҳои ҳассос”

Тренер: Иззатманд Саломов, журналист, коршиноси ВАО

Дар ин сессия мафҳум ва қоидаи “журналистикаи мавзӯъҳои ҳассос” фаҳмонида мешавад. Журналист ҳангоми ба миён омадани моҷаро чӣ кор бояд кунад? Бетарафӣ, беғаразӣ ва ҳақиқатнигорӣ аз усулҳои аслии кори журналист ҳангоми инъикоси мавзӯоти баҳсбарангез аст.

Мавзӯъ: Сарчашмаҳои иттилоъ. Ба кадом манбаъ бояд такя кард? (кори амалӣ)

Тренер: Иззатманд Саломов, журналист, коршиноси ВАО

Ин қисмат тавассути бозӣ анҷом мешавад. Иштирокчиён ба ду гуруҳ ҷудо шуда, пушти ҳам меистанд. Тренер ба иштирокчиёни охири ҳар гуруҳ аксеро нишон медиҳад ва онҳо бояд бо ангушт он расмро ба пушти нафари дар пешистода бикашанд. Вақте ҳамаи иштирокчиён он чиро ки ҳис мекунанд ба пушти якдигар тасвир мекунанд, нафарони охир дар флипчарт ончиро ки фикр мекунанд нафари пеш навиштааст, тасвир мекунанд. Хулосаи ин бозӣ ин аст, ки вақте як нафар ба сарчашмаи аввал такя накарда, дар асоси овозаҳо мақола менависад, он боэътимод нест.

Бозӣ. Сарчашмаи иттилоот. Шаҳри Кӯлоб, 5 ноябри 2020
Бозӣ. Сарчашмаи иттилоот. Шаҳри Кӯлоб, 5 ноябри 2020
Бозӣ. Сарчашмаи иттилоот. Шаҳри Кӯлоб, 5 ноябри 2020
Бозӣ. Сарчашмаи иттилоот. Шаҳри Кӯлоб, 5 ноябри 2020

Мавзӯъ: “Инъикоси мушкилоти ифротгароии хушунатбор дар расонаҳо”

Тренер: Хуршед Назаров, журналист, коршиноси ВАО

Дар ин қисмати тренинг иштирокчиён роҳҳои дуруст ва қобили қабули инъикос кардани мавзӯъҳои вобаста ба ифротгароии хушунатборро омӯхтанд. Ба онҳо бо мисолҳо фаҳмонда шуд, ки чӣ тавр бояд дар бораи ин мавзӯъ нависанд, то барои худашон ва ҷомеа мушкил пеш наояд.

Кори амалӣ дар гуруҳҳо. Истилоҳот ва маънии онҳо. Шаҳри Хуҷанд, 22 ноябри соли 2020  
Муаррифии кори гуруҳӣ. Шаҳри Хуҷанд, 22 ноябри соли 2020

Мавзӯъ: “Қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ”

Тренер: Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома”

Дар ин сессия ба иштирокчиён тамоми санад ва қонунҳои вобаста ба мубориза бо терроризм ва пешгирӣ аз ифротгароӣ номбар карда шуд.  Дар Тоҷикистон кадом қонунҳо амал мекунанд, дар қонунгузории байналмилалӣ вобаста ба ин мавзӯъ кадом нуқтаҳои асосӣ дарҷ шудаанд? Додгоҳи олии Тоҷикистон кадом ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳоро экстремистӣ ва террористӣ эълон кардааст? Ин феҳрастро аз куҷо мешавад пайдо кард? Саволҳоеанд, ки ҷавобашро ҳуқуқшинос пешниҳод кард.

Ранжет Ятимов. Душанбе 22 апрели 2020

Мавзӯъ: “Риояи меъёрҳои ахлоқӣ – роҳ ба сӯйи журналистикаи касбӣ”

Тренер: Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултаи журналистикаи ДМТ, аъзои раёсати Шӯрои ВАО

Дар ин қисмат ба иштирокчиён Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон шарҳу тафсир мешавад. Таъкид мешавад, ки ҳар журналист, ки худ ва касби худашро эҳтиром мекунад, бояд пойбанди ин меъёрҳо ва қонунгузории Тоҷикистон бошад. Дар идомаи ин суҳбатҳо ба  иштирокдорон чанд намуна аз матлабҳои нашрияҳои даврӣ пешниҳод гардид, то муайян намоянд, ки дар куҷо ва кадом банди меъёрҳо нақз шудааст.

Кори амалӣ. Кадом меъёрҳо нақз шудааст. Шаҳри Душанбе 14 марти соли 2020

 

Кори амалӣ. Кадом меъёрҳо нақз шудааст. Шаҳри Бохтар, 22 феврали соли 2020
Кори амалӣ. Кадом меъёрҳо нақз шудааст. Шаҳри Бохтар, 22 феврали соли 2020
Баҳсу баррасии кори гуруҳҳо. Шаҳри Кӯлоб, 7 ноябри 2020

НАЗАРУ ПЕШНИҲОДИ ИШТИРОКДОРОН

Дар ҳамаи давраҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо аксари иштирокдорон таъкид мекарданд, ки он барояшон муфид буд ва дархост мекарданд, дар оянда  чунин маҳфилу ҳамоишҳо зиёдтар баргузор шавад. Иштирокчиёни шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки мутаасифона чунин давраҳои омӯзишӣ дар минтақа хеле кам баргузор мешаванд. Онҳо дархост карданд, дар оянда дар шаҳри Хоруғ чунин давраҳои омӯзишӣ ва нишастҳои рӯзноманигорӣ зиёд шавад. Иштирокдорони минтақаи Рашт ҳам гуфтанд, ба чунин давраҳои омӯзишӣ бештар ниёз доранд. Таъкид гардид, ки дар минтақа теъдоди журналистон ангуштшумор аст. «Беҳтар мешавад, ки чунин тренингҳо ҳарчи бештар гузаронда шавад. Инчунин давраҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорони навқалам ва онҳое ки мехоҳанд кори журналистӣ кунанд»,-изҳор дошт як иштирокчии тренинг.

ПАЖУҲИШИ МАВЗӮЪ

Барои пажуҳиши мавзӯъ дар давраҳои омӯзишӣ миёни иштирокдорон назарпурсӣ анҷом дода шуд. Назарсанҷӣ барои котибони матбуотӣ аз назарсанҷӣ барои дигар иштирокдорони тренинг фарқ мекунад. Хулосаи ин пажуҳиш барои беҳтар кардани самти фаъолияти маблағгузори тарҳ вобаста ба мавзӯи мавриди назар ёрӣ мерасонад.