Кодекси рақамӣ: Чаро ҳангоми таҳияи он таваҷҷуҳ ба принсипи накӯпиндорӣ муҳим аст? (аудио)

13 октября 2022
1344
Муаллиф: Rushnoi.org

Бархе коршиносон мегӯянд, қонун дар бораи хидматрасониҳои давлатӣ танҳо як бахши муайянро танзим мекунад ва барои пурра фаро гирифтани соҳа таҳияи Кодекси рақамӣ ногузир мебошад. Ба гуфтаи онҳо танзими истифодаи фанновариҳои зеҳни сунъӣ, блокчейн, мудирияти додаҳои бузург ё биг деда тавассути Кодекси рақамӣ муассир хоҳад буд.

 ШАКЛИ АУДИОИИ ИН МАТЛАБ ДАР ПАЙВАНДИ ЗЕР ДАСТРАС МЕБОШАД  

Ахиран, Қирғизистон аз тасмими таҳияи Кодекси рақамӣ хабар дод. Ба иттилои Вазорати рушди рақамии Қирғизистон, тарҳи кодекси рақамӣ соли 2023 барои баҳсу баррасӣ ба ҷомеа пешниҳод хоҳад шуд. Ҳамкорӣ миёни шаҳрвандон ва давлат ҳангоми дарёфти хидматрасониҳои давлатӣ ва суръат бахшидан ба раванди гузариши комил ба хидматрасониҳои онлайн, инчунин бунёди низоми ягонаи мудирияти рақамӣ аз аҳдофи аслии таҳияи кодекси мазкур унвон шудааст.

Ба иддаои Талантбек Имонов, вазири рушди рақамии Қирғизистон, дар сурати амалӣ шудани ин иқдом Қирғизистон аввалин кишваре дар миқёси АвруОсиё хоҳад шуд, ки соҳиби чунин санад мешавад.

Аз ин пештар, Қазоқистон ҳам барои таҳияи Кодекси рақамӣ иқдом карда буд. Вазорати рушди рақамӣ, инноватсияи он кишвар эълон кард, барои хадамоти таҳияи лоиҳаи ин санад, ки тамоми навъҳои фаъолиятҳои марбут ба фанновариҳои пешқадам, назири занҷирафеҳрист ё блокчейн ва зеҳни сунъиро ба танзим медарорад, 156 миллион танга ихтисос дода мешавад. Ҳиндустон, Молдова ва Озарбойҷон ҳам дар фикри татбиқи Кодекси рақамӣ ҳастанд. Коршиносони тоҷик низ ба зарурати таҳияи чунин санад таъкид мекунанд.

Фахриддин Фузайлов, ҳуқуқшинос оид ба ҳуқуқи расонаҳои нав мегӯяд, дар замоне ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои технологияҳои рақамӣ босуръат пеш меравад, танзими соҳа тавассути қонунгузорӣ ногузир мебошад:

“Ҳоло зеҳни сунъӣ пеш рафта истодааст, бонкҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ кор карда истодаанд, ҳамёнҳои мобилӣ ҳастанд, тиҷоратҳо низ аз технологияҳои рақамӣ вобаста ҳастанд. Тоҷикистон дар самти ҳукумати электронӣ қадамҳо гузоштааст, бинобар ин агар соҳа тавассути санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ мисли кодекс ё қонун танзим шавад, ба манфиати кор хоҳад буд”.  

Ҳуқуқшиноси ҷавон бар ин аст ки агар ҳангоми таҳияи кодекс афкори омма, андешаҳои коршиносону мутахассисони бахшҳои гуногун ба назар гирифта шавад, ба нафъи ҷамъият хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, коршиноси ТИК барои рушд, дар Тоҷикистон дар самти рақамӣ кардан аллакай қадамҳо гузошта шудаанд. Таҳияи Меъёрҳои касбии фаъолияти журналистӣ ва Одобномаи шаҳрванди электронӣ намунаи онҳоянд. Аммо ба иддаои ӯ, савол инҷост, ки бо ин гуна иқдомҳо руйкард ё бархурд чӣ гуна мешавад? “Бархӯрде ки ҳуқуқи инсон дар меҳвар қарор дорад, як аст ва бархӯрде ки мутаассифона дар кишварҳои пасошӯравӣ маъмул аст, дигар; дар меҳвари чунин кодексҳо на ҳифзи ҳуқуқ, балки маҳдуд кардани он меистад”,-мегӯяд ӯ.

 

Асомиддин Атоев мегӯяд, ҳангоми таҳияи чунин санадҳо беҳтар аст, агар ба таҷрибаи ду кишвар муроҷиат шавад: “Эстония, ки аз нигоҳи демократияи рақамӣ пеш рафтааст ва дар сатҳи байналмилалӣ маъруф аст ва Сингапур, ки ҳамчун режими худкома шинохта шудааст, аммо дар татбиқи технологияҳои рақамӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Агар таҷрибаи ин ду кишвар омӯхта шавад ва Тоҷикистон як мавқеи миёнаро интихоб кунад, ба манфиат мешавад. Аммо дар асоси кодекси кишвари Русия таҳия шавад, фикр намекунам ки ба манфиати Тоҷикистон бошад. Боз ба маҳдудиятҳои зиёде оварда мерасонад, имкониятҳои табиие ки дар бозори ватанӣ мавҷуданд, дар онҳо низ маҳдудиятҳо ба вуҷуд меоранд. Ва онҳоро ҳам аз даст медиҳем”.

Ҳуқуқшинос Фахриддин Фузайлов низ таъкид медорад, ки ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд ба механизми иҷрои он равона шавад. Ӯ меафзояд:

“Дар ин кодекс агар барои ҳифз кардани ҳуқуқҳо механизм бошад, Яъне кодекс танҳо ягон чизро муайян накунад, дар баробари муайян кардан тарзҳои ҳифзи ҳуқуқро пешбинӣ кунад, муассир хоҳад буд. Агар навишта шавад, ки инсон фалон уҳдадориҳоро дорад, дар ин сурат иҷро кардану накардан дар дасти одамон аст… Дар таҷриба ҳаст ки қонунҳо ҳаст, аммо амал намекунанд, чун механизми он рӯшан нест”.

Аммо ҳуқуқшиноси бахши ВАО, Ранжет Ятимов зарурати таҳияи чунин як кодексро дар ҳоли ҳозир намебинад, чун ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон аллакай қонуне қабул шудааст, ки амалан бахшеро танзим мекунад, ки қирғизҳо анҷом доданиянд:

“Он чӣ ки Қирғизистон мехоҳанд анҷом бидиҳад, осон кардани муроҷиати шаҳрвандон ва хадамоти давлатӣ аст, дар Тоҷикистон аллакай аз соли 2020 қонун “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” кабул шудааст, ки ҳадафи он низ танзими ҳамин масъала мебошад. 

Ҳадафи қонун дар бораи хидматрасониҳои давлатӣ —муқаррар кардани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии машғул ба хидматрасониҳои давлатӣ, инчунин гирандагони хидматрасониҳои давлатӣ гуфта мешавад. Дар ин ҳол, коршиносон мегӯянд, назорат бар иҷроиши қонуни мазкур бояд ҷиддӣ бошад:

Дар зимн, ҷаноби Ятимов таъкид мекунад, имрӯз зарурат пеш омадааст, то қонунгузорӣ дар кишвар бори дигар аз назар гузаронда шуда, дар самти мутобиқат ба танзими рақамӣ дида баромада шавад. Қонунҳо бояд бо талаботи замон бознигарӣ шуда, дар ин замина тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Ӯ мегӯяд, пандемияи ковид нишон дод, ки то чӣ андоза кишвар ниёз ба андешидани чораҳо дар ин замина дорад:

“Дар масъалаи муроҷиат, дар масъалаи гирифтани ягон ҳуҷҷат ба мушкилиҳо дучор шудем, чунки омода набудем. Барномаҳои давлатие ки барои ба низоми электронӣ гузаштан мавҷуд буд, иҷро нашуданд ва аз ин рӯ ба мушкилот дучор шудем”.

Бо ин ҳол, бархе коршиносон мегӯянд, қонун дар бораи хидматрасониҳои давлатӣ танҳо як бахши муайянро танзим мекунад ва барои пурра фаро гирифтани соҳа таҳияи Кодекси рақамӣ ногузир мебошад. Ба гуфтаи онҳо танзими истифодаи фанновариҳои зеҳни сунъӣ, блокчейн, мудирияти додаҳои бузург ё биг деда тавассути Кодекси рақамӣ муассир хоҳад буд. Ба гуфтаи коршиносон, татбиқи ин санад, дар самти сода кардани қонунгузорӣ, таъмини воҳид будани руйкардҳои рақамӣ дар идораи давлатӣ ва таҳкими кафолати дахлнопазирии додаҳои шахсӣ дар интернет нақши бориз хоҳад дошт.