Аз танзими ҳуқуқҳои рақамӣ то нақши зеҳни сунъӣ. Дар 14-умин форуми InternetCA чӣ гуфтанд?

22 мая 2023
2684
Муаллиф: Rushnoi.org

Алмаатои Қазоқистон мизбони 14-умин Форуми интернет дар Осиёи Марказӣ (InternetCA) буд. Ҳамоиши имсол “Ҳуқуқҳои рақамӣ ва танзими онҳо: дар ҷустуҷӯи тавозуни оқилона” ном дошт ва давоми ду рӯз мавзӯъҳои мухталифро ба баҳсу баррасӣ гирифт.

Форуми интернет дар Осиёи Марказӣ (InternetCA) бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Маркази байналмилалии рӯзноманигорӣ —  МediaNet (Қазоқистон) баргузор мешавад ва дар он коршиносони бахши ҳуқуқҳои рақамӣ, расонаӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои давлатӣ, рӯзноманигорон, блогерҳо, омӯзгорон, донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.

(ВИДЕО) ШАКЛИ КОМИЛИ ФОРУМРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД  

Мавзӯҳои калидии ҳамоиши 14-ум аз ин қарор буд:

*пайдо кардани тавозун ҳангоми танзим ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои рақамӣ;

* мутобиқати заминаи ҳуқуқӣ ва амалия ба принсипҳои байналмилалӣ;

* мубориза бо иттилооти бардуруғ: ботофермаҳо, каналҳои беном, пропаганда;

* фановариҳои нав: хадамоти шабакаҳои нейронӣ, нақш ва таъсири онҳо дар равандҳои асосии рушди фазои интернет.

“ТИК-ТОК”. МИНБАРИ ТАВСЕАИ “ЗАБОНИ АДОВАТ”?

Елдос Ноширали, раиси Кумитаи иттилооти Вазорати иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон ба истифодаи интернет аз ҷониби кӯдакону наврасон дахл кард. Ӯ гуфт, бар пояи маълумотҳои мухталиф, беш аз 50 дарсади корбарони интернет дар Қазоқистон шаҳрвандони то 35-сола мебошанд, ки миёнашон кӯдакон ва наврасон низ кам нестанд. Ба гуфтаи ӯ, корбарони синашон болотар қобилияти арзёбӣ ва таҳлилро доранд ва медонанд, ки истифода аз кадом сомона бехатар аст ва барояшон дарди сар эҷод намекунад. Дар ин замина кудакону наврасон осебпазир ҳастанд.

Аммо ин нукта боиси баҳсҳои зиёд гардид. Бисёриҳо аз он нигарони мекарданд, ки як ширкати хориҷӣ чӣ гуна метавонад ба осонӣ дар мавриди сину соли корбарон ва маълумоти шахсии онҳо дастрасӣ пайдо кунад.

Дар ҳамин ҳол, Игор Братсев, коршиноси Маркази байналмилалии рӯзноманигорӣ – MediaNet, ки худро корбари фаъоли “Тик-Ток” медонад, гуфт, ки ҳоло ин шабака ба яке аз минбарҳое табдил шудааст, ки онҷо “забони адоват”, бадбинии байниқавмӣ рушд мекунад. “Ончӣ ки дар “Тик-Ток” мушоҳида мекунам, маро нигарон мекунад”,-таъкид намуд ӯ.

РЕЙТИНГИ ҲУҚУҚҲОИ РАҚАМӢ ЧӢ ЗАРУРАТ ДОРАД?

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” (Тоҷикистон) тадқиқоти “Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ”-ро муаррифӣ кард. Ӯ пажуҳиши мазкурро талош барои муайян кардани вазъи кунунии ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва пешниҳоди “роҳнамо” ба ширкат ва хадамоти интернетӣ унвон кард, ки барои беҳтаршавии кори онҳо кумак хоҳад кард.

“Мо умедворем, ки ин тадқиқот заминае барои эътироф ва риояи ҳуқуқҳои рақамӣ аз ҷониби ширкатҳое мегардад, ки хадамоти гуногунро дар бахшҳои мобилӣ ва интернет пешниҳод мекунанд.  Умедворем, ширкатҳо барои баланд бардоштани сатҳи эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, озодии баён, ҳуқуқ ба дахолатнопазирӣ ва махфияти маълумот дар фазои рақамӣ ва эътимод ба хадамоти интернет аз ҷониби корбарони худ талош меварзанд”.

Ба гуфтаи Ибодуллоев ин пажуҳиш чор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро фаро гирифта аз ҳар кишвар ду ширкати мобилӣ, як ширкати марбут ба хадамоти тиҷорати электронӣ ва як ширкат, ки фановариҳои молиявиро тавсеа медиҳад, мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Ба таъкиди Ибодуллоев пажуҳиши мазкур ба наздикӣ нашр хоҳад шуд ва хоҳишмандон метавонанд онро дастрас намоянд.

“INTERNET SHUTDOWN”. ТАҶРИБАЕ КИ БОЯД АЗ ТАДБИҚИ ОН ДАСТ КАШИД

Елжан Кабишев аз Бунёди ҷамъиятии “Digital Rights” (Қазоқистон) бештар аз таҳдидҳо ба ҳуқуқҳои рақамӣ дар Қазоқистон, ба истилоҳ “internet shutdown” (қатъ шудани интернет) ва сонсури онлайн суҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси омор, дар бештари маврид (92,3%) муҳтавои онлайнӣ бидуни қарори додгоҳ маҳдуд карда мешавад.

“Ширкат ё шахсоне ки барои кумак ба мо муроҷиат карданд, изҳор доштанд, ки ягон маротиба дар мавриди вайрон кардани қонунгузорӣ огоҳӣ дарёфт накардаанд, ки нақзи ҳуқуқҳои онҳо мебошад”.

Ӯ тасмими мақомотро дар мавриди таҳияи “феҳристи сафед”-и сомонаҳо мавриди интиқод қарор дод ва онро нақзи ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандон унвон кард.

“Феҳристи сафед” рӯйхати сомонаҳоест, ки қарор аст ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода баста нашаванд. Дар пайи ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон дастрасӣ ба тамоми навъи иртибот, аз ҷумла интернет қатъ шуд. Моҳи январи имсол Багдат Мусин, вазири рушди рақамии Қазоқистон аз тасмим дар мавриди тартиб додани “феҳристи сафед хабар дод.

Елжан Кабишев бо такя ба гузориши сомонаи Top10VPN, хисороти иқтисодӣ аз бастани интернетро дар Қазоқистон беш аз 400 миллион доллар гуфт. “Оё месазад ки барои ҳолатҳои ҷудогонае дастрасӣ ба интернет барои тамоми корбарони Қазоқистон, барои 19 миллион шаҳрванд  маҳдуд карда шавад?”,-мепурсад ӯ.

Кабишев ба ин назар аст, ки давлати Қазоқистон бояд аз таҷрибаи “internet shutdown” даст бикашад. “Давлат бояд ба стандартҳои байналмилалӣ пойбанд бошад. СММ аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон даъват мекунад, аз таҷрибаи қатъи саросарии интернет истифода накунанд”.

ТАЛОШ БАРОИ РАСИДАН БА МАВҚЕИ АЗДАСТРАФТА

Надим Усеинов, ҳамоҳангсози барномавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз ташкилоши “Article 19” омӯзиш ё таълимоти рақамиро барои кӯдакон муҳим медонад. Аҳамияти шакл додани тафаккури интиқодӣ, аз ҷумла дар қаринаи рақамӣ камтар аз таълимоти миёна нест. Дар ин сурат кудакон метавонанд худро аз ҳамлаҳои рақамӣ ва таҳдидҳои дигар ҳифз кунанд.

Жасулан Умиралиев, мушовири вазири иттилооти Қазоқистон мегӯяд, ҳоло лоиҳаи чанд қонуни марбут ба расонаҳо дар ҳоли баррасӣ аст, ки ба назари ӯ барои баланд рафтани мавқеи Қазоқистон дар рейтинги озодии баён кумак мекунад. Қазоқистон, ки соли 2022 дар мавқеи 122-юм қарор дошт, якбора 12 зина поин рафтааст.

“Мо дар мадди аввал ба таҷрибаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ мекунем. Тамоми таҷрибаҳои кишварҳои пешрафтаро  таҳлил мекунем”,-таъкид намуд ӯ.

Як бахши муҳими дигари мубоҳисаҳо ба нақши зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҳаррӯза бахшида шуда буд.

намогирифт аз мубоҳисаи марбут ба нақши зеҳни сунъӣ

Форуми интернет дар Осиёи Марказӣ (InternetCA), ки имсол бори 14-ум баргузор шуд, бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Маркази байналмилалии рӯзноманигорӣ —  МediaNet (Қазоқистон) баргузор мешавад.