Сатҳи риояи ҳуқуқҳои рақамӣ дар Осиёи Марказӣ чигуна аст? Пажуҳиши “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”

30 мая 2023
4135
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” бо мақсади муайян кардани сатҳи риоя шудани  ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз ҷониби бахши тиҷорат таҳлили густурдаеро анҷом додааст.

Ин таҳлил, ки “Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ” унвон дорад, чор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро фаро гирифта, бо дастгирии молиявии “Интернюс” дар доираи Лоиҳаи “Greater Internet Freedom” анҷом шудааст.

Барои арзёбӣ дар маҷмӯъ 16 ширкат — аз ҳар кишвар ду ширкати мобилӣ, як ширкати марбут ба хадамоти тиҷорати электронӣ ва як муассисаи молиявӣ интихоб гардидааст.

“Рейтинги мо талоше барои арзёбии вазъи кунунии ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва ба ин ширкатҳо ва хадамоти интернет пешниҳод кардани “роҳнамо” мебошад, ки барои беҳтар кардани фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард”,-омадааст дар муқаддимаи таҳлили “Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ”.

Ба гуфтаи муаллифон, чунин арзёбиҳо имкон медиҳанд, фазои онлайн нисбатан бехавф гардида, боварии корбарон ба хадамоти интернетӣ баланд бардошта шавад, ки барои коҳиш додани хавфҳо дар муҳити пуррақобати тиҷорати электронӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

Муаллифони тадқиқот мегӯянд, ҳангоми таҳлилу арзёбиҳо пешниҳоди хадамот аз ҷониби ширкатҳои мавриди назар дар асоси маълумоти мавҷуда дар сомонаҳои ширкатҳои мазкур мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла сиёсати мудирият (идоракунӣ), санадҳои ҳуқуқӣ, ҳисоботҳои солона, ки ба додаҳои боз дар мавриди ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ рабт доранд, инчунин риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии иттилоот ва дахлнопазирии ҳаётӣ шахсӣ.

“Ҳадафи рейтинг – фаҳмидани вазъи кунунӣ ва таҳияи роҳнамо барои беҳтар шудани вазъият мебошад. Чунин тағйирот метавонад тиҷорати онлайнро нисбатан бехавф гардонида эътимод ба хадамоти интернетиро аз ҷониби корбаронашон баланд бардорад, инчунин донорҳои эҳтимолиро ҷалб кунад”.

Дар ҳама вақт ва дар ҳар ҳолате аҳамияти ҳифзи маълумоти шахсии корбарони хадамоти рақамӣ набояд ба мавзӯи дуюмдараҷа табдил шавад. Ифшои маълумоти шахсӣ метавонад ба ширкат хисороти бузурги молиявӣ расонад ва обрӯву эътибори онро коста созад. Барои корбарон, ифшо шудани маълумоти шахсӣ на танҳо ба амнияти молиявӣ, балки дар баъзе ҳолатҳо ба ҳаёту саломатӣ (маънавӣ ва ҷисмонӣ)-ашон таҳдид мекунад. Ифшои маълумоти шахсӣ метавонад барои фиристодани ҳарзанома (спам), тарс додан, таҳдид кардан ва таъқиботи сайберӣ, қаллобӣ, дастрасӣ ба ҳисобҳо ва дастгоҳҳо ё ҳатто ҷустуҷӯи корбарони дигар истифода шавад. Аз ин рӯ барои ширкатҳое ки хадамоти гуногуни интернетӣ мерасонанд, лозим аст ки барои ҳифзи маълумоти шахсии муштариён ё корбаронашон чораҳои зарурӣ биандешанд.

намогирифт аз таҳлили «Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ дар Осиёи Марказӣ»

Пажуҳиши мазкур дар ҳамкорӣ бо созмони Ranking Digital Rights (RDR) (радабандии ҳуқуқҳои рақамӣ) анҷом шудааст. Методологияе ки RDR дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 18 принсипи СММ дар масъалаи тиҷорат ва ҳуқуқи инсон таҳия кардааст, ҳамчун “меъёри тилоӣ” дониста мешавад ва барои арзёбии таъсири сиёсат ва таҷрибаи ширкатҳои технологӣ ба ҳуқуқи инсон истифода мегардад.

Методологияи Шохиси ҳисоботдиҳии RDR 58 нишондиҳандаро бар асоси се категория  — мудирият, озодии баён ва дахолатнопазирӣ дар бар мегирад. Муаллифони тадқиқот мегӯянд, ҳангоми арзёбиҳо бештар ба мавзӯъҳои зер такя кардаанд:

  • мудирият (уҳдадории сиёсӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва назорат аз ҷониби роҳбарият)
  • дастрасӣ ба шартҳои хадамоти пешниҳодшуда, равандҳои иҷро, маҳдуд кардани ҳисобҳо ва муҳтаво
  • қатъ шудани интернет
  • дастрасӣ ба сиёсати ҳифзи ҳарими хусусӣ (махфият), берун кардани маълумоти корбар, меъёрҳои ҳифзи маълумот
  • раванди вокуниш ба талаботи ҳукумат дар мавриди ифшо сохтани иттилоъ дар мавриди корбарон

“Барои арзёбии нишондиҳандаҳои интихобшуда дар тадқиқот ҳама гуна иттилооти дастрас дар сомонаҳои ҳар як ширкат ба назар гирифта шудааст. Нишондиҳандаҳо дар категорияи “мудирият” танҳо дар сатҳи гуруҳ, яъне молик ва ширкати назораткунандаи ширкати маҳаллӣ арзёбӣ шудаанд”.

Раванди тадқиқот чанд марҳила, монанди ҷамъоварии додаҳои аввалия, баррасии дуюмдараҷа, арзёбии ниҳойӣ ва шумурдани имтиёзҳоро ташкил додааст.

Нуктаҳои асосие ки муаллифон дар ин таҳлил зикр кардаанд:

  • Ширкатҳо ҳисоботи шаффофияти фаъолиятро дар интернетро нашр намекунанд. Ҳарчанд ширкатҳо санҷиши аудитро мегузаранд, аммо натиҷаи ҳеч яке аз ин гузоришҳо дар интернет дастрас нест, ба истиснои ҳисоботи солонаи ширкати TCELL барои соли 2012, ки ҳамагӣ дар ҳаҷми як саҳифа ва бо камтарин ҷузъиёт мунташир шудааст.
  • Ҳамаи 16 ширкати мавриди пажуҳиш қароргирифта барои сабти ном ба ҳайси корбари хидматрасонӣ мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ID/шиносномаи давлатӣ талаб мекунанд.
  • Ҳеч яке аз хадамот иҷоза намедиҳад, ки аз хидматрасониаш комилан беном истифода шавад.
  • Ҳама ширкатҳо дархостҳои мақомоти давлатӣ (на танҳо судӣ)-ро иҷро мекунанд, бо таъкид ба мубориза бо қаллобӣ ва терроризм иттилоотро ба мақомоти давлатӣ ифшо мекунанд.
  • Ҳама ширкатҳои мобилии мавриди арзёбӣ қароргирифта, филтратсияи сомонаҳоро анҷом додаанд ва ҳатто ҳолатҳои пурра қатъ кардани интернет ҳам аз ҷониби онҳо мушоҳида шудааст.
  • Ҳеч яке аз ширкатҳо ифшо накардаанд, ки бо маълумоти шахсии ҷамъшуда дар маҷмӯъ чӣ мешавад (чӣ гуна коркард ва нигоҳдорӣ мешавад) ва пас аз он ки корбар ҳисоби худро мебанданд, ин маълумот куҷо мешавад? Муайян кардан ғайриимкон аст, ки оё маълумоти шахсии корбарон, тавре ки баъзе ширкатҳо дар стратегияи худ нишон медиҳанд, воқеан аз серверҳои ширкат комилан нест карда шудаанд ё не.
  • Ҳама ширкатҳо гузориш медиҳанд, ки баъзе маълумотро ба шахсони сеюм, новобаста аз он ки ин маълумот баъдан чӣ гуна истифода мешавад, интиқол медиҳанд. Мавриди тазаккур аст ки қонунгузории ҳифзи додаҳои ҳамаи кишварҳое, ки дар гузориш фаро гирифта шудаанд, чаҳорчӯбаи зеринро муқаррар мекунад: “ҳангоми интиқоли маълумот ба шахсони сеюм, аз ҷумла интиқоли фаромарзӣ розигии соҳиби маълумоти шахсӣ ҳатмӣ аст”.
  • Сиёсатгузории ҳифзи ҳарими хусусӣ ва шартҳои пешниҳоди хидматрасониҳо маъмулан аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии тӯлонӣ ва мураккаб иборатанд. Масалан, сиёсати ҳифзи ҳарими хусусии OLX дар Қазоқистон беш аз 40 саҳифаро дар бар мегирад. Ҳеч кадоме аз ширкатҳо талош накардаанд, ки ба корбарони худ барои ба осонӣ азхуд кардан ва фаҳмидани нуктаҳои чунин аснод кӯмак расонанд. Албатта, тасаввур кардан душвор аст, ки ҳар як корбари миёна мехоҳад чунин ҳуҷҷатро аз аввал то ба охир мутолиа кунад.
намогирифт аз таҳлили «Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ дар Осиёи Марказӣ»

Ҳоло ба чанд нуқтае аз таҳлили мазкур назар хоҳем кард, ки бевосита ба Тоҷикистон дахл дорад.

УҲДАДОРИҲОИ СИЁСӢ

Мавриди тазаккур аст ки саҳмдори ширкати TCELL (ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) аз соли 2017 Бунёди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), яке аз оҷонсиҳои системаи Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) қароргоҳаш дар Аврупо мебошад. Муаллифони пажуҳиш мегӯянд, дар сомонаи AKDN сиёсати ин ширкат возеҳ дарҷ шудааст, аммо онҷо уҳдадории дақиқи риояи ҳуқуқи инсон ва озодии баён зикр намешавад. Ба ҷои ин, AKDN ва AKFED, ҳамчун як қисми шабака, уҳдадор мешаванд, ки чорчӯбаи ахлоқии AKDN-ро риоя намоянд, ки онҷо ба эҳтироми шаъну шарафи инсон ва кумак ба инсоният, новобаста ба эътиқоди динӣ, ранг, нажод ва миллат таъкид мешавад.

 “Ҳарчанд дар чорчӯбаи ахлоқии AKDN мустақим дар мавриди озодии баён сухане нест, аммо ба эҳтиром ба гуногунандешӣ таъкид мешавад. Бо ин ҳол, TCELL дар сиёсати худ дар мавриди ҳуқуқи инсон ва озодии баён ҳеч чизеро ошкор намекунад”,-таъкид мекунанд муаллифон.

Megafone.tj ҳам мустақим ба ҳуқуқи инсон ва озодии баён чизе ишора намекунанд.

Дар сомонаи “Алиф Бонк” ҳеч санаде дастрас нест, ки дар он мустақим ё ғайримустақим қҳдадориҳо нисбат ба ҳуқуқи инсон ва озодии баён изҳор шуда бошад.

“Somon.tj” ҳеч гуна маълумотро дар бораи Раёсат ва кормандони худ ва нақши онҳоро ифшо намекунад, дар мавриди пойбандӣ ба ҳуқуқи инсон ва ё озодии баён иттилое арза намекунад. Бо ин ҳол, “Somon.tj” сиёсати махфият дорад, ки дар он аз ҷумла таъкид мешавад: “Маълумоти шахсии шахсони воқеӣ — корбарони хадамоти “Somon.tj” аз ҷониби ҶДММ “Рашод”, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон сабти ном шудааст, коркард мешаванд…”

МУДИРИЯТ ВА НАЗОРАТИ МЕНЕҶМЕНТ

ACFED/AKDN дар бораи шӯрои мудирони шабака маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд, аммо дар сомонаи TCELL дар бораи шӯрои директорон ва ҳайати кормандон тамоман ишора нашудааст. Ширкати “МегафонТоҷикистон” дар сомонаи худ танҳо номи сарвари иҷроияро нишон дода, маълумот дар бораи Шӯрои директоронро ифшо накардааст.

“Алиф Бонк” дар мавриди Шӯрои нозирон маълумот пешниҳод мекунад, аммо дар мавриди нақши ин шӯро иттилое мавҷуд нест. “Ҳеч иттилооте дар мавриди ҳайати иҷроия, роҳбарикунанда, назоратӣ, ки назорати расмӣ дар бораи чӣ гуна амалияҳо ба озодии баён ва иттилоот таъсир мерасонанд ё намерасонанд, дастрас нест”,-навиштаанд муаллифон.

ДАСТРАСӢ БА СИЁСАТИ ФАЪОЛИЯТ

Дар пажуҳиш таъкид мешавад, ки тамоми  ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дастрасии нисбатан осонеро ба сиёсатгузории фаъолият, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва шартҳои истифода таъмин мекунанд. “Шартнома бо муштарӣ”-и TCELL дар охири саҳифа ҷойгир шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст. Пайдо кардани шартномаи ширкати “МегафонТоҷикистон” низ осон аст ва он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрасанд. TCELL ва “МегафонТоҷикистон” муштариёни худро дар мавриди тағйиротҳо  тавассути пешниҳоди иттилоъ дар сомонаҳои худ ва СМС-паёмакҳо огоҳ мекунанд.

Дар гузориш ба қатъи интернет дар ВМКБ дар соли 2022 ишора шудааст, ки бар асари ташаннуҷи авзоъ иттифоқ афтод. Ба гуфтаи муаллифон дар бахши “Хабарҳо”-и сомонаи TCELL охирин огоҳӣ дар ин маврид 16 марти соли 2022 нашр шудааст, ки дар он чунин паём дида мешавад: “Муштарии муҳтарам! Бо сабаби номусоидии шароити иқлим дар баъзе аз ноҳияҳои ВМКБ мумкин аст, Шумо нороҳатӣ дар пешниҳоди алоқа ва дастрасӣ ба интернетро эҳсос намоед. Ширкати Tcell саривақт барои бартараф кардани нороҳатӣ ҳама кӯшишро анҷом хоҳад дод. Ташаккур барои дарки Шумо!”

Чунин як паём дар сомонаи ширкати “Мегафон” ҳам ҳаст, ки 15 марти соли 2022  нашр шудааст.

Созишномаи корбарии “Somon.tj” дар саҳифаи асосӣ, дар қисмати поёнӣ ҷойгир аст. Ин ҳуҷҷат танҳо бо забони русӣ дастрас аст ва шакли тоҷикӣ надорад. Ҳарчанд ҳама чиз бо забони русӣ равшан аст, истилоҳоти ҳуқуқӣ истифода мешавад, ки метавонад корбарони одиро ба иштибоҳ андозад.

“Somon.tj” дар банди 5-и Замимаи Шартномаи корбар қайд мекунад, ки “Ширкат метавонад маълумоти шахсии истифодабарандагонро бо дархости мақомоти салоҳиятдор, ки тибқи талаботи қонун, аз ҷумла тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намояд”.

“Somon.tj” барои сабти ном ID/шиноснома талаб намекунад: “Вақте корбар дар сайт аккаунт эҷод мекунад, ширкат метавонад маълумоти муайяне, ба мисли суроғаи почтаи электронӣ ва пароли дурустро талаб кунад”.

Сиёсати махфияти “Somon.tj” дар поёни саҳифаи асосӣ дар бахши “Қоидаҳои сайт” ҷойгир аст. Он танҳо бо забони русӣ дастрас аст.

Сиёсати фаъолияти “Алиф Бонк” дар қисмати поёнии саҳифаи асоӣ мавҷуд аст, аммо ҳамаи санадҳо бо забони русӣ ва қисман бо забони тоҷикӣ ҳастанд. Маълумот дар мавриди ҳифзи маълумоти шахсӣ низ дар қисмати поёнии саҳфаи асосӣ ва инчунин танҳо бо забони русӣ мебошад.

Муаллифони пажуҳиш дар поёни тадқиқоти худ як силсила машваратҳоро ироа кардаанд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани садоқат, масъулият ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ва озодии баён, шаффофият ва эътимод ба хадамоти рақамӣ аз ҷониби корбарони онҳо, инчунин баланд бардоштани эътимоди муштариёну афзоиши сармоягузории эҳтимолӣ гуфта мешавад:

  • Интишори уҳдадориҳои дақиқ оид ба эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, бахусус ҳуқуқ ба дахолатнопазирӣ ва озодии баён ва иттилоот. Мо интизорем, ки ширкатҳо дар бораи он ки чӣ гуна нияти эҳтиром кардани ҳуқуқҳои корбаронро ҳам тавассути сиёсатҳои худ дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва вебсайтҳои худ ва ҳам дар изҳороти оммавии намояндагони ширкатҳо ошкоро баён мекунанд.
  • Ҳайати шӯрои директорон, кормандон, махсусан дар сатҳҳои иҷроия ва идоракуниро ифшо намуда, нақши онҳоро дар назорат бар ин ки фаъолияти ширкатҳо ба ҳуқуқи инсон чӣ гуна таъсир мерасонад, муайян намояд.
  • Интишор кардани гузориши солона оид ба шаффофият, ки ҳадди ақал шумораи дархостҳои ҳукуматро оид ба дарёфти маълумоти корбарон, шумораи дархостҳои аз ҷониби ширкат қабулшуда, шумораи дархостҳо оид ба лағви муҳтаво ё ҳисобҳои шахсӣ ошкор мекунад.
  • Фаъол кардани хати боварӣ/марказҳои тамос, ки ба корбарон дар раванди пешниҳоди шикоятҳо оид ба масъалаҳои марбут ба хидматрасонии ширкат кӯмак мерасонанд.
  • Ифшо кардани тартиби баррасии дархостҳои корбарон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони воқеӣ.
  • Таҳия ва нашр кардани созишномаҳои дастрас ва фаҳмо дар мавриди сиёсати муносибат нисбат ба корбарон.
  • Сиёсати махфият ва Шартномаи корбарро дар чунин як бахши вебсайти ширкат нашр кунед, то барои корбарон ёфтани онҳо осонтар шавад, масалан, дорои саҳифаи махсус бо тамоми сиёсатҳо барои ҳар як хидмати мушаххасе, ки ширкат пешниҳод мекунад.
  • Нигоҳ доштани бойгонии ҳамаи версияҳои қаблии Сиёсати махфият ва Созишномаи корбар барои пайширии осони тағйирот.
  • Муфассалтар ифшо кардани иттилоот дар бораи намуд ва усули ҷамъоварии маълумот дар бораи корбарон, мӯҳлати нигоҳдорӣ, тартиби нобуд кардани маълумоти корбар, ба корбарон имкони дархост ва гирифтани нусхаи маълумоти шахсии худро фароҳам овардан ва аз ҳолатҳои ифшо шудани маълумоти шахсӣ фавран огоҳ кардани корбарон.
  • Интишори маводи амалие, ки корбаронро барои муҳофизат аз хатарҳои киберии марбут ба маҳсулот ё хидматҳои ширкат таълим медиҳанд.
  • Дар ҳолатҳое ки корбар кӯшиши дастрасӣ ба иттилооте, ки дар асоси дархости қонунии шахси воқеӣ ё мақомоти давлатӣ баста шудааст, ширкат бояд ба корбар сабабҳои бастани онро шарҳ диҳад (масалан, агар мундариҷа дорои ҳама гуна «маълумоти ғайриқонунӣ» тибқи қонунгузории миллӣ) ва кӣ дархост пешниҳод кардааст (бо нишон додани санаи дархост ва рақами қарор).

Таҳлили “Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ” дар чор кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон муаррифӣ шуда, қарор аст шакли электронии он ояндаи наздик дастраси оммаи васеи корбарони интернет шавад.