Сабти IMEI. Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

02 августа 2023
682
Муаллиф: Rushnoi.org

Моҳи апрели соли равон муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон смс-паёмак гирифтанд, ки аз номи сомонаи imei.tj буд. Дар он дархост мешуд, то 30 апрел IMEI ё рақами байналмилалии дастгоҳи мобилии худро расман сабт намоянд. Дар паёмак таъкид мешуд, ки анҷом додани  ин кор то рӯзи зикршуда ройгон аст, пасон пулакӣ хоҳад шуд. Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баъди 30 апрел телефон харидаанд, мегӯянд, барои сабти IMEI маблағи гароне талаб мешавад.  Дар Тоҷикистон масъалаи сабти IMEI дар ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ СИСТЕМАИ ДАВЛАТИИ МУАЙЯНCОЗИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ зикр шудааст, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон 31 марти соли 2020 тасдиқ гардидааст.

“RUSHNOI.ORG” бо назардошти матраҳ будани мавзӯи мазкур ин тартибро барои хонандаҳо пешниҳод мекунад.

Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянcозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (минбаъд — Тартиби мазкур) тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшавандаро муайян менамояд.

1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

— Ассотсиатсияи Системаи Байналмилалии Алоқаи Мобилӣ (GSMAGlobal System for Mobile Communication Association) (минбаъд — АСБАМ) ташкилоте ки рӯйхати рамзи муайянсозии ягонаи байналмилалиро ташаккул менамояд ва он имкон медиҳад, ки истеҳсолкунанда ва навъи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ муайян карда шаванд;

— Рамзи муайянсозии (идентификатсионии) ягонаи байналмилалӣ (IMEI — International Mobile Equipment Identifier) (минбаъд — РМЯБ) рақами силсилавии иборат аз 15 рақам ва аз ҷониби АСБАМ ҷудогардида, инчунин стандарти GSM/UMTS/LTE дар шабакаи оператори алоқаи мобилӣ муайяншаванда (РМЯБ дар ҳамаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ мавҷуд аст, ки имконияти фаъолияти симкортро таъмин мекунад ва ба ҳар як кортҷо (слот)-и симкорт алоҳида ҷудо карда мешавад. Агар дар воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ду ё зиёда кортҷо (слот)-и симкорт бошад, пас он дорои ду ё зиёда РМЯБ мебошад;

— Рақами муштарии мобилии истгоҳи рақамӣ (MSISDN — Mobile Station Integrated Services Digital Network) (минбаъд — РММШР) — рақами муштараки шабакаи рақамӣ бо ҳамгироии хадамот барои алоқа дар стандартҳои GSM/UMTS (масалан, +992 ХХ-ХХХ-ХХ-ХХ);

— симкорт — модули муайянсозӣ (идентификатсионӣ), ки дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд;

— паёмак (СМС) — (SMS — Short Message Service) — технологияе, ки амалӣ намудани қабул ва интиқоли паёмҳои хурди матниро тавассути воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ имкон медиҳад;

— Маълумоти ғайритаркиботии хизматрасониҳои иловагӣ (USSDUnstructured Supplementary Service Data) (минбаъд — МҒХИ) хизматрасонии стандартӣ дар шабакаҳои GSM, ки имкони ташкили ҳамкориҳои интерактивии байни муштарии шабака ва барномаи хизматрасониро дар реҷаи ирсоли паёмҳои хурд фароҳам меорад;

— муштарӣ — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо оператори алоқаи мобилӣ шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бастааст;

— воридоткунанда — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқиро барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;

— махзани иттилооти РМЯБ — махзане, ки аз ҷониби оператори система дар асоси маълумоти аз тарафи бақайдгирандаи система, операторони шабакаи алоқаи мобилӣ, воридоткунандагон, ташкилотҳоистеҳсолкунандагон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони воқеӣ пешниҳодгардида ташаккул дода мешавад. Махзани иттилооти РМЯБ аз рӯйхати сафед, рӯйхати сиёҳ, рӯйхати хокистарранг ва рӯйхати алоқамандшудаи сафеди РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ иборат мебошад;

— рӯйхати сафед — рӯйхати РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ба таври автоматӣ тавассути пайвастшавӣ (фаъолшавӣ) ба шабакаҳои операторони алоқаи мобилӣ дар давраи тибқи Тартиби мазкур ба қайд гирифта шудаанд. Ба воситаҳои мобилии ба рӯйхати сафед воридгардида истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бо тартиби муқарраргардида, тибқи шартнома бо оператори алоқаи мобилӣ ва тарифи амалкунанда иҷозат дода мешавад;

— рӯйхати сиёҳ — рӯйхати РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки тибқи муқаррароти дар Тартиби мазкур дарҷгардида ба қайд гирифта нашудаанд, инчунин тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воситаҳои мобилии алоқаи барқии гумкардашуда ё дуздидашуда, ҳаммонандшуда ва муайяннашудаи РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ. Ба воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба рӯйхати сиёҳ воридгардида, истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ҳамзамон дар рӯйхати алоқамандшудаи сафед ҷойгиранд), бо ирсоли СМС-паём ба муштарӣ вобаста ба сабаби ворид гардидан ба рӯйхати сиёҳ маҳдуд карда мешавад. Зери маҳдудияти истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ғайриимконии қабули ҳама гуна хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тавассути воситаҳои мобилии алоқи барқии мазкур фаҳмида мешавад;

— рӯйхати хокистарранг — рӯйхати РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ба рӯйхатҳои сафед ё сиёҳ ворид нашудаанд, лекин ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ба муҳлати на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи якуми фаъолшавии шабакавӣ дар шабакаи оператори алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд;

— рӯйхати алоқамандшудаи сафед — рӯйхати РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ҳаммонанд шудаанд ё муайян нашудаанд, лекин ба таври автоматӣ бо пайвасти РМЯБ ва рақами телефони муштарӣ (РМЯБ — РММШР) ба қайд гирифта шудаанд ва воситаҳои мобилии алоқаи барқии нав мебошанд, ки ба талаботи аз ҷониби АСБАМ бо РМЯБ-и муқарраргардида ҷавобгӯй мебошанд ва ба махзани иттилооти РМЯБ-и бо дигар воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ворид шудаанд, то муқаррар намудани омили муайян намудани РМЯБ аз ҷониби муштарӣ ба таври ҳозир шудан дар оператори система ё бақайдгирандаи система бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо алоқамандӣ бо РМЯБ-и ва рақами телефони муштарӣ (РМЯБ — РММШР) ба қайд гирифта мешаванд, инчунин воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо рамзи РМЯБ, ки ба рӯйхати сафед алоқаманданд, танҳо бо рақамҳои мобилии алоқаманди муштариён (РМЯБ — РММШР) истифода бурда мешаванд;

— ҳуҷҷатҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ — шиносномаи техникӣ, талони кафолатӣ, қуттии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ё ҳуҷҷати дигари дахлдор, ки дар асоси он мутобиқатии РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқиро, ки дар дархост бо РМЯБ-и воқеии воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба қайд гирифта шудаанд, исбот карда мешавад;

— РМЯБ-и ҳаммонандсозӣ — РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки пурра маҷмӯи аломатҳо ва нишони РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии дигар, ки аз ҷониби АСБАМ муқаррар шудааст, такрор менамояд;

— воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ — телефонҳои мобилӣ ва дастгоҳҳо бо модули алоқаи мобилӣ;

— РМЯБ-и муайяннашуда — РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ба талаботи аз ҷониби АСБАМ муқарраршуда ҷавобгӯй намебошад;

— оператори шабакаи алоқаи мобилӣ — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби шабакаи алоқаи барқӣ буда, кору амал, рушди онро таъмин менамояд ва хизмати алоқаи барқиро ба ҷо меорад;

— оператори система — шахси ҳуқуқие, ки системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро таҳия карда, бақайдгирии рамзҳои РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқиро амалӣ менамояд, фаъолият ва мукаммалии мунтазами системаро таъмин мекунад;

— тафтиши РМЯБ — муқоисаи РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо махзани система барои муайян намудани РМЯБ-и муайяннашуда ва ҳаммонандшуда, инчунин воситаҳои мобилии алоқаи барқии гумкардашуда ва дуздидашуда;

— бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ — ворид намудани РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба махзани иттилооти РМЯБ-и оператори система;

— бақайдгирандаи система — соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки бо оператори система барои амалӣ намудани бақайдгирии РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ шартнома бастааст;

— резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шахси ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдигирии давлатиро гузаштааст ва шахси воқеие, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат ё дар маҷмӯъ яксаду ҳаштоду се ва зиёда аз он рӯз дар давоми пайдарҳамии дилхоҳи давраи дувоздаҳмоҳагӣ будубош менамояд;

— ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шахсе, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад;

— роуминг — хизматрасоние, ки дастрасии муштарии як оператори мобилиро ба шабакаи оператори мобилии дигар ҳангоми мавҷудияти он дар ҳудуди хизматрасонии оператори мобилии дигар дар доираи як давлат (роуминги миллӣ) ё дар кишвари дигар (роуминги байналмилалӣ) таъмин менамояд;

— системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ — маҷмӯи таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бақайдгирии идентификаторҳои истифодашаванда, шинохтани идентификаторҳои нав, муқоисаи онҳо ва кори воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ идентификаторашон бақайдгирифташудаи ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастро таъмин менамоянд;

— фаъолшавии шабакавӣ — пайваст намудани воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба шабакаи оператори алоқаи мобилӣ тавассути истифодаи симкорти муштарӣ;

— дархосткунанда — воридкунандагон ва ташкилотҳои стеҳсолкунандагон.

2. ВАЗИФА ВА ИМКОНИЯТҲОИ СИСТЕМА
  1. Система барои бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ тибқи талаботи Тартиби мазкур, ташаккули махзани иттилооти ягонаи дорои маълумот оид ба РМЯБ-и ҳамаи воситаҳои мобилии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда, ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин ташаккул ва нигоҳдории рӯйхатҳои сафед, хокистарранг, сиёҳ, алоқамандшудаи сафеди РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ пешбинӣ шудааст.
  2. Ҳамаи расмиёте, ки бо тафтиши мақоми РМЯБ ва бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ алоқаманданд, тавассути система амалӣ карда мешаванд.
  3. Ташкил ва идоракунии система аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории хусусӣ ба амал бароварда шуда, идоракунандаи система ҳамчун оператори система баромад мекунад.
  4. Воридоткунандагон ва шахсони воқеӣ барои тафтиши РМЯБ-и ва муайянсозии саривақтии воситаҳои мобилии муайяннашуда, ҳаммонандшуда, гумкардашуда ва дуздидашуда қабл аз харидории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба махзани иттилооти РМЯБ-и бо ирсоли паёмак (СМС/МҒХИ) /МҒХИ дархост ё дар сомонаи оператори система: www.imei.tj муроҷиат намоянд. Ҳамаи паёмак (СМС)огоҳониданҳо аз оператори система ва паёмак (СМС/МҒХИ) (МҒХИАСБ) дархостҳо аз муштариён, ки ба расмиёти бақайдгирӣ ва тафтиши ҳолати РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣалоқаманданд, ба таври ройгон амалӣ карда мешаванд.
3. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
  1. Бақайдгирӣ барои воситаҳои мобилии алоқаи барқии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ба истиснои воситаҳои мобилии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роуминги байналмилалӣ қарордошта, ҳатмӣ мебошад.
  2. Воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо РМЯБ-и ҳаммонандшуда ва муайяннашуда дар система танҳо бо роҳи пайвастшавии РМЯБ-и муайяннашуда ё ҳаммонандшуда ба рақами телефони муштарӣ ба қайд гирифта мешавад.
  3. Номгӯи навъҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бояд дар системаи бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз рӯи РМЯБ ба қайд гирифта шаванд, дар замимаи 1-и ба Тартиби мазкур оварда шудаанд.
  4. Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ тибқи муроҷиат ба оператори система ё бақайдгирандаи система мувофиқи талаботи дар бобҳои 4, 5 ва 6 Тартиби мазкур дарҷгардида амалӣ карда мешавад.
  5. Воситаҳои мобилии алоқаи барқие, ки қаблан ба қайд гирифта шудаанд, такроран ба қайд гирифта намешаванд.
  6. Баъди ҷорӣ шудани система ҳама воситаҳои мобилии алоқаи барқие, ки аз ҷониби муштариён истифода мешаванд ва дар дохили шабакаҳо фаъоланд (дар ҳолати корӣ), дар система ба қайд гирифта мешаванд ва ба махзани иттилоотии РМЯБ-и ба таври автоматӣ (бе муроҷиати соҳибони воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ) ройгон то мулати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашуда ворид карда мешаванд.
  7. Дар муҳлате, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бақайдгирӣ ва воридкунӣ ба махзани иттилоотии РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба воситаи портали ягона ва воситаҳои дигаре, ки дар Тартиби мазкур муқаррар шудааст, ройгон ба роҳ монда мешавад.
  8. Аз лаҳзаи анҷоми бақайдгирии ройгон, бақайдгирии минбаъдаи воситаҳои мобилии алоқаи барқии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба воситаи портали ягона ё воситаҳои дигар, ки дар Тартиби мазкур муқаррар шудаанд, тариқи музднок аз санаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 49 Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
  9. Бақайдгирии РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии шахсони боиси ҳифзи давлатӣ, қобилияти мудофиавӣ, бехатарӣ ва риояи тартиботи дохилӣ дар кишвар ва таъмини талабот дар ҳолатҳои фавқулода воридотшуда бо тартиби алоҳида тибқи дархости дахлдори мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.
4. БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ АЗ ҶОНИБИ ВОРИДОТКУНАНДА ВА ТАШКИЛОТИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА
  1. Баъди анҷоми муҳлати автоматии бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо дарназардошти бандҳои 12 ва 13 Тартиби мазкур бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқии истифодашаванда, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ воридотшаванда ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба таври ройгон ва ё музднок тибқи замимаҳои 2 ва 3 Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
  2. РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии барои содирот истеҳсолшуда ба қайд гирифта намешаванд.
  3. Воридоткунандагон ва ташкилотҳо — истеҳсолкунандагон метавонанд бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро чунин амалӣ намоянд:

— бо ҳозир шуданд ба назди оператори система;

— тавассути истифодаи хизматрасониҳои бақайдгирандаи система;

— тавассути портали ягонаи оператори система (минбаъд — Портал).

  1. Барои бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дархосткунанда аризае, ки бо шакли тибқи замимаҳои 4 ё 5 Тартиби мазкур бо дарназардошти навъи дархосткунанда, бо ишораи тамға, навъ, миқдор ва РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба/дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридотшуда ва истеҳсолшуда, пешниҳод менамояд.
  2. Воридоткунандагон дар ариза рақам ва санаи эъломияи гумрукии борро (минбаъд — ЭГБ) барои як миқдори муайяни (партияи) дастгоҳҳо, ишора менамоянд. Дар ҳолати номутобиқатии маълумоти аз ҷониби воридоткунанда дар ариза дарҷнамуда бо маълумоти ЭГБ бақайдгирии ҳамаи миқдори муайяни (партияи) воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар ариза дарҷгардида амалӣ карда намешавад.
  3. Инчунин, маълумот оид ба тамға, навъ ва миқдори воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва номгӯи РМЯБ-и онҳо аз ҷониби дархосткунанда дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.
  4. Дархости пуркардашуда ва пешниҳодгардида бо тартиби ҳозир шудан барои бақайдгирӣ аз ҷониби шахси масъули оператори система ё бақайдгирандаи система қабул карда мешавад.
  5. Дархост оид ба бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки аз ҷониби шахси масъул тавассути Портал дар шакли электронӣ пешниҳод шудааст, бо огоҳӣ оид ба қабул гирифта мешавад, инчунин ба таври автоматӣ дар Портал бо додани рақами бақайдгирӣ ба қайд гирифта мешавад.
  6. Миқдори воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз ҷониби дархосткунанда барои бақайдгирӣ пешниҳодшавада маҳдуд намебошад.
  7. Аз дархосткунанда талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар банди 18 Тартиби мазкур пешбининагардида манъ аст.
  8. Баррасии аризаи дархосткунанда ва бақайдгирии РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад.
  9. Пас аз анҷоми расмиёти бақайдгирӣ оператори система ё бақайдгирандаи система дар давоми 1 (як) рӯзи корӣ бо тартиби муқарраргардида ба дархосткунанда ҳисобномаи пардохтро пешниҳод менамояд.
  10. Пас аз амалӣ намудани пардохт аз ҷониби дархосткунанда оператори система ё бақайдгирандаи система дар давоми 1 (як) рӯзи корӣ ҳамаи РМЯБ-ро ба рӯйхати сафед ворид менамояд ва дархосткунандаро оид ба анҷом расидани бақайдгирӣ тавассути усули дар ариза дарҷгардида бо ишораи номгӯи РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба қайд гирифта нашаванда, агар чунин бошанд, огоҳ менамояд.
5. БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ
  1. Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд ва қаблан дар махзани иттилооти оператори система аз тарафи воридоткунандагон ё ташкилотҳо — истеҳсолкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, талаб карда намешавад.
  2. Баъди анҷоми муҳлати автоматии бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо дарназардошти бандҳои 12 ва 13 Тартиби мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба таври ройгон ва музднок тибқи замимаҳои 6 ва 7 Тартиби мазкур ба роҳ монда мешаванд.
  3. Воситаҳои мобилии алоқаи барқии аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ воридотшуда, аз ҷумла тавассути почтаи байналмилалӣ ва хадамоти хаткашонӣ, дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи пайвастшавии бомуваффақияти шабакавӣ тибқи қоидаҳои дар Тартиби мазкур муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд.
  4. Оператори алоқаи мобилӣ оид ба огоҳонидани муштарие, ки воситаҳои мобилиаш пайвастшавии бомуваффақияти шабакавиро гузаштааст, вобаста ба зарурати бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқии мазкур дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар ҳолати мавҷуд набудани бақайдгирӣ дар ҳолати гузаштани муҳлати мазкур чораҳои зарурӣ меандешад.
  5. Огоҳонидан тавассути ирсоли СМС-паём ҳангоми пайвастшавии якуми бомуваффақият ва панҷ рӯз қабл аз гузаштани муҳлати 30-рӯза бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ амалӣ карда мешавад.
  6. Шахсони воқеӣ метавонанд бақайдгирии воситаҳои мобили алоқаи барқиро чунин амалӣ намоянд:

— ба таври ҳозир шудан ба оператори система ё бақайдгирандаи система;

— тавассути алоқаи мобилӣ паёмак (СМС ва/ё МҒХИ дархостҳо); — тавассути алоқаи почта;

— тавассути Портали оператори система;

— тавассути терминалҳои худхизматрасон;

— тавассути барномаҳои дигари замимавӣ.

  1. Воситаҳои мобилии аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути почтаи байналмилалӣ ва хадамоти хаткашонӣ воридотшуда ба таври ҳозир шудан ба оператори система ё бақайдгирандаи система бо шарти пешниҳоди лифофа бо рамзхатти ҳимояткунандаи почтавӣ ва муҳри тақвимӣ ба қайд гирифта мешавад.
  2. Барои бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ шахси воқеӣ инҳоро пешниҳод менамояд:

— ҳангоми муроҷиат ба таври ҳозир шудан — аризаи тибқи замимаи 8 Тартиби мазкур пуркардашуда, бо ишораи тамға, навъ, миқдор ва РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридотшуда ва шиносномаи шаҳрванд барои гирифтани нусха аз ҷониби оператори система ё бақайдгирандаи система;

— тавассути СМС — муштарӣ ба рақами махсус СМС-паём бо таркиби РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии бақайдгирифташаванда ва рақами мушаххаси андозсупоранда (минбаъд — РМА) мефиристад;

— тавассути дархости МҒХИ — муштарӣ ба рақами махсус дархости МҒХИ бо таркиби РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии бақайдгирифташаванда ва РМА мефиристад.

  1. Ҳангоми бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқие, ки барои истифодабарии шахсӣ аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва содакардашуда ҳатмӣ мебошад.
  2. Аризаи ба таври ҳозир шудан барои бақайдгирӣ пуркардашуда аз ҷониби шахси масъули оператори система ё бақайдгирандаи система қабул карда мешавад.
  3. Ариза оид ба бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқии аз ҷониби шахси воқеӣ тавассути Портал дар шакли электронӣ пешниҳодгардида бо огоҳӣ оид ба қабули он қабул карда мешавад, инчунин ба таври автоматӣ дар Портал бо додани рақами бақайдгирӣ ба қайд гирифта мешавад.
  4. Миқдори воситаҳои мобилии алоқаи барқии аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ воридшуда, аз ҷумла тавассути почтаи байналмилалӣ ва хадамоти хаткашонӣ барои бақайдгирӣ дархостшуда набояд аз меъёри ҳадди аксари воридоти молҳо бе супоридани пардохтҳои гумрукӣ тавассути сарҳади гумрукӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, зиёд бошад.
  5. Тафтиши маълумот (сана, усул ва дигар) оид ба убури сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахси воқеӣ тавассути мубодилаи электронии маълумот бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи санаи муроҷиат ва РМА-и шахси воқеӣ амалӣ карда мешавад.
  6. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ ҳангоми воридоти молҳо бе супоридани пардохтҳои гумрукӣ тавассути сарҳади гумрукӣ бақайдгирӣ пас аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда мешавад.
  7. Аз шахси воқеӣ талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар бандҳои 33, 34 ва 35 Тартиби мазкур пешбининагардида манъ аст.
  8. Баррасии аризаи шахси воқеӣ ва бақайдгирии РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар давоми 3 (се) соати корӣ амалӣ карда мешавад.
  9. Пас аз анҷоми расмиёти бақайдгирии музднок оператори система ё бақайдгирандаи система дар давоми 1 (як) соати корӣ бо тартиби муқарраргардида ба шахси воқеӣ ҳисобномаи пардохтро пешниҳод менамояд.
  10. Пас аз амалӣ намудани пардохт аз ҷониби шахси воқеӣ оператори система ё бақайдгирандаи система дар давоми 1 (як) соати корӣ ҳамаи РМЯБ-ро ба рӯйхати сафед ворид менамояд ва дархосткунандаро оид ба анҷом расидани бақайдгирӣ тавассути усули дар ариза дарҷгардида бо ишораи номгӯи РМЯБ-и воситаҳои мобилии алоқаи барқии ба қайд гирифта нашаванда, агар чунин бошанд, огоҳ менамояд.
  11. Дар давраи баррасии ариза барои гузаронидани бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқии шахси воқеӣ дар рӯйхати хокистарранг, бе маҳдудияти хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ҷойгир мешавад.
6. БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ АЗ ҶОНИБИ ҒАЙРИРЕЗИДЕНТОН
  1. Ба ғайрирезидентон имконияти истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бе дарназардошти бақайдгирӣ ба муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи якуми пайвастшавӣ ба шабака дода мешавад.
  2. Дар ҳолати гузаштани муҳлати мазкур ҷиҳати истифода намудани воситаҳои мобилии алоқаи барқии бо истифода аз хизматрасонии операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайрирезидент бояд воситаҳои мобилии алоқаи барқии худро тибқи тартиби дар боби 5 Тартиби мазкур пешбинишуда ба қайд гирад.
7. ПАРДОХТИ БАҚАЙДГИРИИ РАМЗҲОИ РМЯБ-И ВОСИТАҲОИ МОБИЛИИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
  1. Андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии бақайдгирии муайянсозӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.
  2. Дар ҳолати дар воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ мавҷуд будани зиёда аз як РМЯБ пардохти бақайдгирӣ танҳо барои як РМЯБ амалӣ карда мешавад.
8. ҲУКУҚ, УҲДАДОРИҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА ОПЕРАТОРИ СИСТЕМА
  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад:

— тартиби дастрасӣ ва истифодаи системаро муайян намояд;

— тибқи тартиби муқарраргардида ҳамгироии системаро бо системаҳои иттилоотии дигар барои мубодилаи маълумот амалӣ намояд;

— аз операторони алоқаи мобилӣ маълумоти зарурии техникӣ, аз ҷумла маълумот оид ба фаъолияти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, параметрҳои ҳодисаҳо ва фаъолнокии алоқа, ки аз ҷониби воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар реҷаи вақти воқеӣ, инчунин бо даври муқарраршуда дар доираи фаъолияти система амалишударо дархост намояд;

— фаъолияти операторони шабакаи алоқаи мобилӣ оид ба иҷрои корҳои зарурӣ дар доираи фаъолияти системаро ҳамоҳанг созад;

— фаъолияти операторони алоқаи мобилиро оид ба бартарафсозии норасоиҳои шабакаҳо, ки ба фаъолияти система таъсир мерасонанд, ҳамоҳанг созад;

— ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намояд.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ уҳдадор аст:

— якҷо бо операторони алоқаи мобилӣ модулҳои системаро ба системаҳои иттилоотии онҳо ҳамгироӣ намояд;

— фаъолияти мунтазам ва бехатарии иттилоотии системаро таъмин намояд;

— сари вақт операторони алоқаи мобилиро оид ба норасоиҳои техникии система огоҳ намояд.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ метавонад ҳуқуқу уҳдадориҳои дар боби мазкур пешбинишударо пурра ё қисман тавассути сператори система амалӣ намояд.
  2. Оператори система дар соҳаи алоқаи барқӣ барои фаъолияти мунтазам ва бехатарии иттилоотии система, паҳн накардани маълумоти махфӣ ва сари вақт амалӣ намудани чораҳо оид ба ҳимояи он масъул аст.
9. ҲАМКОРӢ БО ИДОРАҲОИ ДИГАР
  1. Тартиби мубодилаи маълумот ва шартҳои ҳамкории система бо мақомот ва ташкилотҳои дигар дар асоси шартномаҳои ҳамкории алоҳидаи байни онҳо, оператори система ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда муайян карда мешаванд.
  2. Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ба система бо дастрасии фосилавӣ таъмин карда мешавад. Хароҷоти дастрасии фосилавӣ ба зиммаи оператори система гузошта мешавад.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  1. Бо мақсади таъмини амният ва қобилияти мудофиавии давлат ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои махсусан муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оператори система боздошти маҷбурӣ ва барқарор намудани фаъолияти воситаҳои мобилии алоқаи барқиро амалӣ менамояд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.