Тасмим барои таъсиси лабораторияи истеҳсоли истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ

09 января 2024
320
Муаллиф: Rushnoi.org

Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Сабур аз ширкатҳои мобилӣ даъват кард, ки бояд дар соли ҷадид ба боло бурдани сатҳи фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар кишвар ва сифати хадамоти мобилӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин хусус дар ҷаласаи навбатии масъулини соҳаи алоқа ва намояндагони операторони мобилӣ сухан рафта, ҳамчунин дар он масъалаи навсозии истгоҳҳои базавӣ ва ироаи хизматрасониҳо алоқаи мобилӣ бо сифати баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Роҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабур аз ҳозирин даъват намудааст, ки дар ин замина фикру мулоҳизоти худро ба Хадамоти алоқа пешниҳод намоянд.

“Дар ин бора пас аз ҷамъбасти хулосаҳои дақиқ ва такмил шудани раванди ҳуҷҷатгузорӣ маълумоти муфассал дода хоҳад шуд”, — омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, зимни ҷаласа намояндагони операторони мобилӣ ба сардори Хадамот дар бораи иҷрои супоришҳои президенти Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳисобот доданд.

“Талаботи аҳолӣ ва тамоми соҳаҳо ба алоқаи мобилӣ, махсусан интернет, рӯз аз рӯз бештар шуда, ҳамзамон технологияҳои нав ба таври зудҳангом вориди бозори телекоммуникатисионӣ мешаванд, таъкид доштааст Бег Сабур. —  Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки навсозии истгоҳҳои базавӣ ва ироаи хизматрасониҳо алоқаи мобилӣ бо сифати баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ идома ёбад”.

Ҳамчунин дар ҷаласа масоили ҳамкорӣ бо шарикон аз Чин, аз ҷумла ширкати «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар мавриди навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон баррасӣ шудаааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа таъсиси корхона-лабораторияи ватании истеҳсоли таҳҷизоти соҳаи алоқа, махсусан истгоҳҳои базавии алоқа, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ҳадаф аз таъсиси чунин корхона, пеш аз ҳама кам намудани вобастагии бозори телекоммуникатсионии кишвар аз технологияҳои хориҷӣ мебошад.

Манбаъ: Азия Плюс