Таъини аввалин роҳбари Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

17 января 2024
1768
Муаллиф: Rushnoi.org
Мирзо Хуршед Файзуллозода. Акс аз investcom.tj

Райисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Мирзо Хуршед Файзуллозодаро директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъин кардааст. Файзуллозода аввалин роҳбари ин ниҳод мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар дар мавриди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 аснои ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ дастур дода буд. Аммо бо гузашти расо се сол ҳамакнун бо таъини роҳбар фаъолияти он шурӯъ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон он замон ҳадафи таъсиси агентии мазкурро

“таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” унвон карда буд.

ҲОЛНОМА:

Мирзо Хуршед Файзуллозода аз ин пеш ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекард. Ӯ соли 2007 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ихтисоси иқтисоддон) ва соли 2011 Академияи кишоварзӣ ва хидматчиёни давлатии Русияро (бо ихтисоси ҳуқуқшинос) хатм кардааст. Соли 2013 ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Солҳои 2005-2009 вазифаи роҳбарии ҶДММ “Ориёнфарм”-ро бар душ дошта, аз 2009 то 2010 мутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони Умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон будааст. Ду соли дигар ҳамчун сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони Умумиҷаҳонии савдои ҳамин вазорат кор кардааст. Солҳои 2012-2015 директор оид ба корҳои иқтисодии ҶДММ “Ориёнфарм”, солҳои 2015-2019 роҳбари Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ва 2019-2021 директори КВД “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ будааст. Моҳи апрели соли 2021 ба курсии муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя зад ва то замони таъин шуданаш ба роҳбарии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ онҷо кор мекард.