«Бе дастрасӣ ба Интернет ҳуқуқҳои рақамиро амалӣ карда наметавонем» (аудио)

18 января 2024
373
Муаллиф: Rushnoi.org

Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба Интернетро ҳамчун ҳуқуқи инсон эътироф карда, ба давлатҳо тавсия медиҳад, ки ин ҳуқуқро пешбарӣ кунанд ва онро ҳамчун ҳуқуқи конститутсионӣ эътироф намоянд.

 ШАКЛИ АУДИОИИ ИН МАТЛАБ ДАР ПАЙВАНДИ ЗЕР ДАСТРАС МЕБОШАД  

НАЗАРСАНҶӢ

— Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки дастрасӣ дошта бошад ба рақам…

— Ҳуқуқи рақамӣ? Ба русӣ тарҷума кун, нафаҳмидам…

— Намедонам…

— Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ба телефон, компютер, ба маълумоти ту дахолат кунад…

— Ин мафҳумро якум бор аст мешунавам, дар зеҳнам ҳамин меояд ки шояд ҳуқуқҳое ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум пешниҳод карда мешавад ё дарсҳои онлайнӣ дар бораи ҳуқуқи онҳо гузаронда мешавад, ҳамонро дар назар дорад?

-Ҳуқуқи рақамӣ ин аст ки ту ҳақ дорӣ дар интернет, дар Фййсбук чӣ кор кунӣ ва чӣ кор накунӣ, анна ин ҳуқуқи рақамӣ аст…

— Дақиқ намедонам, шояд ҳамон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад?

— Худро ҳимоят кардан аз ҳама гуна фишингҳову вирусу хатарҳо…

Ин ҳама ҷавобҳо ба як саволи сарироҳии мо буд: Ҳуқуқи рақамӣ чӣ аст? Аз посухҳо маълум мешавад, ки бештари онҳо дар мавриди мафҳуми ҳуқуқи рақамӣ иттилои кофӣ надоранд.

ТАЪРИФИ МАФҲУМ

Албатта пештоз бояд бигӯем, ки мафҳуми ҳуқуқи рақамӣ мисли “исм”-у “сифат” ё “зарф”-у “ҳол” дар забон як таърифи қолабиву муайяну ягона надорад. Дар сарчашма ва манобеи мухталиф он ба таври гуногун шарҳу тафсир мешавад. Аз ин рӯ мо аз мутахассисон хоҳиш кардем, ки хеле содаву фаҳмо ин мафҳумро шарҳ бидиҳанд. Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет”, ки чанд соли охир дар самти пешбурди ҳуқуқҳои рақамӣ фаъолият мекунад, ин мафҳумро ба таври зайл таъриф кард:

Агар ба таври одӣ ва содаву омафаҳм карда бигӯем, ҳуқуқҳои рақамӣ он ҳуқуқҳои инсон мебошанд, ки аз ҳуқуқи ҳар нафар барои дастрасӣ, истифода, эҷод ва нашр, дастрасӣ ва истифодаи компютерҳо ва дигар дастгоҳҳои электронӣ, инчунин шабакаҳои коммуникатсионӣ, бахусус Интернет иборатанд.

Ба таъкиди ӯ, ҳуқуқҳои рақамии инсон тавсеа ва татбиқи ҳуқуқҳои универсалии инсон ба ниёзҳои ба иттилоот асосёфтаи ҷомеа мебошанд. Ҳуқуқшинос меафзояд:

 

 

СММ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТРО ҲАМЧУН ҲУҚУҚИ ИНСОН ЭЪТИРОФ КАРДААСТ

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, ҳуқуқҳои рақамӣ набояд ҳамчун як навгонӣ қабул карда шаванд:

Дар маҷмӯъ, ин ҳуқуқҳо ҳам дар санадҳои меъёрии миллӣ ва ҳам дар санадҳои меъёрии байналмилалӣ муқаррар шудаанд. Ба ибораи дигар, он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки мо оффлайн дорем, инчунин онҳо дар фазои онлайнӣ амал мекунанд.

Ба гуфтаи вай, дар ин замина хеле муҳим аст, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба Интернет ҳамчун як ҳуқуқи алоҳидаи инсон ҷудо карда шавад.

 

Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” мегӯяд, барои ба таври муассир ҷорӣ намудани ҳуқуқҳои рақамӣ ба қонунгузорӣ ва механизми татбиқи он пеш аз ҳама зарур аст, ба қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Ҳеч зарурате барои қабул кардани қонуну қоидаҳои алоҳида вуҷуд надорад. Ҷузъи муҳими кори қонунҳо фаъолияти пурсамари танзимкунандаи соҳаи дахлдор ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа мебошад,-меафзояд Ибодова.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки қонунгузории марбут ба ҳуқуқҳои рақамӣ дар ҷаҳон пайваста дар ҳоли такмил шудан аст. Барои пайваста огоҳӣ доштан аз мавзӯоти вобаста ба ҳуқуқи рақамӣ, бояд мунтазам хабарҳоро пайгирӣ кард, баррасиҳои қонунгузориро мутолиа намуд ва бо коршиносон дар иртибот буд. Ба таъкиди онҳо, беш аз ҳама ҳуқуқшиносонро мебояд ба ҳуқуқҳои рақамӣ беҳтар тамаркуз кунанд, зеро муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳарҷӣ бештар ба муҳити рақамӣ мегузаранд. Донистани қонунҳо, мафҳумҳо ва амалияи татбиқи қонуни рақамӣ чизест, ки дер ё зуд метавонад барои ҳар як ҳуқуқшинос муфид бошад.