Дар Душанбе аз тамоюлҳои рушди тиҷорати электронӣ дар соли 2024 гуфтанд

27 февраля 2024
343
Муаллиф: Rushnoi.org

Дастрасӣ ба интернети арзон, босифату босуръат яке аз муҳимтарин роҳҳои ташаккули тиҷорати электронӣ метавонад бошад. Ин нукта дар ҳамоиши марбут ба рушди тиҷорати электронӣ, ки рӯзи гузашта (26 феврал) дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид гардид.

Ин ҳамоиш “Тиҷорати электронӣ 2024: арзёбӣ ва тамоюлҳои рушд” ном дошт ва намояндагони бахшҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, фароҳамкунандаҳои интернет ва доираҳои тиҷоратро гирди ҳам овард. “Ба ҳам овардани ширкаткунандаҳо ва бозигарони бозори тиҷорати электронии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ин бахш” аз ҳадафҳои аслии чорабинии мазкур унвон шуд.

Танзими қонунгузории бахши мазкур то куҷо саривақтӣ аст ва барои иштирокдорони он чӣ чизҳоеро бояд такмил дод? Нақши ниҳодҳои миллӣ дар рушди тиҷорати электронӣ ва ташаккули экосистема чигуна аст? Иштирокдорони бозори тиҷорати электронӣ кадом ҷанбаҳои ҳуқуқҳои рақамиро бояд риоя кунанд? Ва ниҳоят, миёни манфиатҳои ширкат ва риояи ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандон чӣ гуна бояд тавозунро нигоҳ дошт? Суолҳое буданд, ки иштирокдорони ҳамош талош карданд ба онҳо ҷавоб биҷӯянд.

Аммо як бахши асосии ҳамоиш маърӯзаҳо буданд. Орзу Наимов, масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавриди тарҳи “Барномаи рушди савдои электронии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, Шералӣ Шеров, масъули Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди қонун “Дар бораи савдои электронӣ”, Миралӣ Бодуршозода, масъули Агентии навтаъсиси инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар мавриди нақши ин агентӣ дар рушди тиҷорати электронӣ суҳбат карданд. Дар идомаи ҷаласа Муҳаммадӣ Ибодуллоев, сарвари Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет перомуни “Ҳуқуқҳои рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо дар тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон” ва Антон Зиновев, роҳбари бахши беҳсозии муҳити соҳибкории Лоиҳаи USAID аз таҷрибаи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳои тиҷорати электронӣ суҳбат карданд.

Як бахши муҳими мизи гирд баррасӣ ва муҳоқимаҳо буд. Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси БҶ “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ба муҳим будани нақши интернети босифат ва босуръат барои рушди тиҷорати электронӣ таъкид намуд. Ӯ гуфт, барои даст ёфтан ба ҳадафҳои бузург бояд имкони дастрасии бештари аҳолӣ, ба вижа сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар ба интернет таъмин карда шавад. “Бар асоси рейтингҳо Тоҷикистон яке аз гаронтарин интирнетро дар минтақа дорад, гузашта аз ин дар минтақаҳои дурдасти кишвар сокинон ҳамеша аз мушкили дастрасӣ ба он шикоят мекунанд”. Дар идомаи суҳбат, Ибодова афзуд, хеле муҳим аст, ки интернет ба унвони як васила ё абзор барои анҷоми тиҷорати электронӣ фаҳмида шавад ва аз талошҳо барои танзим кардани он худдорӣ шавад.