Аввалин конфронси байналмилалии тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон

04 марта 2024
340
Муаллиф: Rushnoi.org

Шаҳри Душанбе мизбони аввалин конфронси байналмилалии тиҷорати электронӣ буд. Дар ин ҳамоиш, ки аввалин рӯзи моҳи март баргузор шуд, намояндагони 19 кишвари ҷаҳон ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат доштанд.     

Конфронси мазкур таҳти унвони “Вусъати дастрасии ҷаҳонӣ тавассути тиҷорати электронӣ” (E-GATE) ҷараён гирифт ва пешниҳоди роҳу шеваҳои муассир барои тавсеаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин ҳадафи он унвон шуд.

Конфронс аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) бо пуштибонии Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир (FCDO), Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Австралия (DFAT) ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO), дар ҳамкорӣ ва шарикӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Шаҳри ҳушманди Душанбе”, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC), Маркази соҳибкории байналмилалии хусусӣ (CIPE), Хазинаи Оғо Хон, Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи иштирокчиёни савдои электронии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар кори он бозигарони таъсиргузори бозори тиҷорати электронӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла сиёсатмадорон, ширкатҳои байналмилалии марбут ба тиҷорати электронӣ ва тоҷирон ҳузур доштанд.

Намояндаҳои ширкатҳои маъруф ва пешгом дар самти тиҷорати электронӣ, монанди Amazon, Alibaba, Lenovo, Coursera, VISA, Uzum Group, Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта, Бонки марказии Бразилия аз роҳҳои расидан ба муваффақият гуфтанд. Дар ҷараёни сессияҳои намоишӣ бошад, ширкатҳои ватанӣ — “Алиф”, “Вавилон”, “Оббо” ва “Мавсим” роҳҳалҳои инноватсионии худро намоиш доданд.

Дар оғози ҳамоиш таъқид шуд, ки он нахустин қадами мушаххас барои роҳандозии равобити судманд байни Тоҷикистон бо манобеи ҷаҳонӣ, фароҳам овардани фазои мусоид ва боз кардани имкониятҳои сармоягузорӣ мебошад.

Ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун абзори:

— ҷӯстуҷӯи истеъмолкунандаҳо аз саросари ҷаҳон барои маҳсулот зери бренди “Истеҳсоли Осиёи Марказӣ”;

— ҳамгироӣ ва модернкунонии занҷираи маъмулии таҳвил;

— даст ёфтан ба афзоиши фарогир ва коҳиш додани фақр тавассути ба вуҷуд овардани ҷойҳои кории дастрас барои гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, мисли занон, ҷавонон ва одамони дорои маъюбият мебошад.

Тавре Бонки ҷаҳонӣ иттилоъ медиҳад, конфронс тавассути муколамаи сиёсӣ, ки ҷанбаҳои муҳим, монанди иртиботи рақамӣ, логистика, малакаҳои рақамӣ, низомҳои пардохт ва заминаи меъёрии ҳуқуқиро фаро мегиранд, барои муносибатҳои пурмаҳсул байни Тоҷикистон ва манобеи ҷаҳонӣ замина гузошт.

“Интизор меравад, ин чорабинӣ дар фароҳам овардани шароитҳои мусоид, амалисозии сиёсати минбаъда ва ошкор намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши савдои электронӣ ҳамчун қадами аввалин хизмат мекунад”,-таъкид мешавад дар хабарномаи Бонки ҷаҳонӣ.

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, давоми даҳсолаи охир, рушди савдои электронӣ дар саросари ҷаҳон ба ҳисоби миёна дар як сол 20 дарсадро ташкил додааст, дар ҳоле ки фурӯшгоҳ ё мағозаҳои анъанавӣ бо мушкилӣ ҳамқадами замон мешаванд. Савдои электронӣ монеаҳои ҷуғрофиро тавассути ҷалби нерӯи кории бохабар аз фанновариҳо ва бартараф кардани мушкилиҳои алоқаманд бо мавҷуд набудани баромади Тоҷикистон ба баҳр, паси сар менамояд.

Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо эътирофи нақши калидии тиҷорати электронӣ дар иқтисоди муосир, Бонки ҷаҳонӣ дар раванди рушду инкишофи платформаҳои муносиб, аз ҷумла тавассути барномаи E-GATE Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ мекунад.

“Бо ёрии барномаи E-GATE мо ба корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистон узвияти боарзишро дар платформаҳои ҷаҳонии савдои электронии B2B бо мақсади ба даст овардани дастрасӣ ба бозоре, ки дар шакли офлайн дастрас набуд, расониданӣ дастгирии техникӣ ба ҳукумат дар таҳияи қонунгузории иҷозатдиҳӣ ва равонасозии донишҳои глобалӣ ба савдогарони электронии тоҷик тавассути чорабиниҳои тақвиятдиҳии тавонмандӣ, пешниҳод мекунем”,- илова кард ӯ.