Парлумони Аврупо қонуни танзими зеҳни сунъиро тасвиб кард

19 марта 2024
1791
Муаллиф: Rushnoi.org

Парлумони Аврупо аввалин шуда дар ҷаҳон қонунеро тасвиб кард, ки ба танзими зеҳни сунъӣ равона шудааст.

Ҳадафи аслии ин қонун ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдӣ, демократия, волоияти қонун ва устувории экологӣ дар баробари зеҳни сунъии пурхатар, инчунин рушди инноватсия гуфта шудааст.

Бар асоси муқаррароти қонун тамоми сурат, аудио ё видеое, ки тавассути зеҳни сунъӣ коркард шудаанд, бояд бо ишораи махсус аломатгузорӣ шаванд. Як муқаррароти дигари қонун манъи системаи шиносоии чеҳра дар реҷаи вақти воқеӣ ва дигар системаҳои мушаххассозии биометрӣ мебошад.