“Signal” VS “Telegram”: Баҳси эътимод ва бехатарӣ

13 мая 2024
829
Муаллиф: Rushnoi.org

Паёмрасон (мессенҷер)-ҳои “Signal” ва “Telegram” ин шабу рӯз сари эътимоду амният бо ҳам бигу магу доранд.

Президенти “Signal” Мередит Уиттакер изҳор дошта, ки “Telegram” сарфи назар аз иддаоҳои баландовояш дар мавриди ҳифзи ҳарими хусусии корбарон бо ноамнӣ ва ҳамкории махфӣ бо ҳукуматҳо машҳур аст. Изҳороти Уиттакер ҷавоб ба таъкиди “Telegram” дар мавриди эҳтимоли рахна шудани паёмҳои ҳифзшудаи “Signal” буд.

Ба баҳси ду паёмрасон соҳиби шабакаи иҷтимоии “Х” (твиттери пешин) Илон Маск “равған” рехт. Ӯ дар як паём дар “Х” аз осебпазириҳои ошкоршудаи “Signal” навишт, ки ба иддаои вай бартараф карда намешаванд.

Муассиси “Telegram” Павел Дуров ҳам ин фурсатро аз даст надод ва рақиби худро интиқод карда, гуфт, ки раҳбарони “Signal” аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои тағйир додани режимҳо дар хориҷа истифода мешаванд ва ширкатҳои бузурги технологии ИМА наметавонанд протоколҳои рамзгузории худро бидуни дахолати ҳукумат эҷод кунанд.

Ин баҳсҳо боиси нигаронии миллионҳо корбари ин ду паёмрасон шудааст. Онҳо акнун намедонанд, ки ба иддаои кадоме аз мессенҷерҳо дар мавриди эътимоду амнияти иртибот бовар кунанд.

Ҳоло маълум нест, ки баҳси ду паёмрасони пешгом то куҷо меравад ва натиҷаи он чӣ мешавад.