“Қаллобони интернетӣ” 300 миллион доллари сокинони Қазоқистонро рабудаанд

04 июня 2024
797
Муаллиф: Rushnoi.org

Давоми 12 моҳи соли сипаришуда 44 ҳазор сокини Қазоқистон ба доми “қаллобони интернетӣ” афтида ва 140 миллиард танга, муодили 300 миллион доллари худро аз даст додаанд. Дар ин бора Додситони кулли Қазоқистон хабар додааст. 

Намояндагони додситонӣ гуфтанд, қаллобон бештар аз технологияҳои интернетӣ ва усулҳои зерини фиреб истифода мекунанд:

Қаллобӣ дар телефон: онҳо барои иваз кардани шумораи муштариҳо аз IP-телефония истифода мебаранд.

Фишинг: Қаллобон бо ирсоли пайвандҳои тақаллубӣ корбаронро барои ворид шудан ба вебсайтҳои қалбакӣ ташвиқ мекунанд, то маълумоти шахсии онҳоро ошкор кунанд.

Брашинг: Қаллобон дар фурушгоҳ ва музоядаҳои интернетӣ харидоронро фиреб дода, молҳои мавҷуднабуда ё қалбакиро мефурӯшанд.

Deepfake: Қаллобон барои дастрасӣ ба суратҳисобҳои бонкӣ ва пешниҳоди қарз аз муҳандисии иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ истифода мебаранд.

Пирамидаҳои молиявӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ: қаллобон мизоҷонро бо ваъдаҳои даромади зуд ва баланд ҷалб мекунанд.