Мудирияти рақамӣ: Бартариҳо, чолишҳо, дурнамо… (АКС+ВИДЕО)

22 июня 2024
1075
Муаллиф: Rushnoi.org

Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани хадамоти давлатии электронӣ талош мекунад. Нақшаву барномаҳои зиёде дар баррасӣ қарор доранд. Бо ин ҳол корҳои зиёде бояд анҷом шаванд. Барои амалӣ кардани тамоми равандҳо ба мутахассисони кордон ва огоҳ ниёз аст. Бо ин ҳадаф давраи омӯзишии сайёр барои намояндаҳои мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба мудирият ё идоракунии рақамӣ марбут аст, роҳандозӣ шуд. Ин давраи омӯзишӣ аз 18 то 21 июн дар Осоишгоҳи Сароб доир гардид.

Давраи омӯзишӣ бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”, Агентии инноватсия ва технологияҳои нави назди Президенти Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари Швейсария дар Тоҷикистон бо ҷалби тренерони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор шуд.

МАВЗӮЪҲО

Мавзӯъҳои калидие ки дар давраи омӯзишии мазкур пешниҳоду муаррифӣ шуданд:

  • Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон: Равандҳо, нақшаҳо, лоиҳаҳои асосӣ
  • Чор марҳилаи асосии мудирияти рақамӣ
  • Назарияҳои калидӣ ва мушкилоти ҳукумати рақамӣ
  • Технологияҳои рақамӣ дар ҳукумат
  • Амнияти иттилоотӣ дар ҳукумати электронӣ
  • Рақамикунонии хадамоти давлатӣ ва иштироки шаҳрвандон дар раванди рақамикунонӣ
  • Мудирият дар ҷаҳони рақамӣ
  • Имконоти офлайнӣ-марказҳои хидматрасонии аҳолӣ
  • Принсипҳои навиштани мушаххасоти техникӣ барои таҳияи системаҳои иттилоотӣ, ҳамгироии системаҳои гуногун
  • Таҳияи стратегия, харитаи роҳ ва нақшаҳои чорабиниҳо оид ба рақамикунонии сохторҳо
  • Дурнамои ҳукумати электронӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ

Бахши муҳими давраи омӯзишӣ машғулиятҳои рақамӣ буд. Вобаста ба мавзӯъҳои калидӣ иштирокдорон ба гуруҳҳо тақсим шуда, вобаста ба супоришҳои пешниҳодшуда табодули афкор мекарданд.

ХАДАМОТИ ЭЛЕКТРОНӢ ФАРОГИР МЕШАВАД?

Чӣ бояд кард, то хадамоти электронӣ фарогир шавад? Ин суоле буд, ки дар ҷавоби он бештари иштирокдорон тақрибан ба як нукта ишора карданд: Тарғиби тарафҳои мусбии барнома ва манфиати он барои корбарон: вақте корбар манфиатро мебинад ҳатман аз он истифода мебарад.

Энтонӣ Робертс коршиноси бахши рақамӣ мегӯяд, хадамоти эдектрониро як раванди нотамом арзёбӣ кард, ки ҳамеша дар ҳоли такмилшавӣ мебошад.

“Намунаи олӣ ва беназири платформаи ироаи хадамоти электронӣ вуҷуд надорад. Танҳо дар натиҷаи таҷрибаҳо ва пешниҳодҳо он мукаммал шудан мегирад”.

Бо ин ҳол, ба таъкиди ӯ фароҳам овардани имкони навиштани шарҳҳо дар платформаҳое ки хадамоти электронӣ ироа мекунанд, хеле муҳим аст. Коршинос ба ин назар аст ки фароҳам овардани имкони иштироки корбарон тавассути навиштани шарҳҳо, пешниҳод ва табодули таҷриба метавонад барои такмил шудани платформа ёрӣ расонад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ боз будани маълумоте ки ба нафъи ҷомеа аст, хеле муҳим мебошад, фарқ намекунад ки ин маълумот ба соҳаи маориф дахл дошта бошад, нақлиёти ҷамъиятӣ ё ҳар чизи дигар. Одамон бояд ин ҳамаро мушоҳида кунанд ва тавонанд ки назари худро нависанд. “Миёни корбарон одамоне ки пешниҳодҳои ҷолиб доранд, зиёданд”,-таъкид намуд Энтонӣ Робертс.

ПЕШНИҲОДҲО

Вобаста ба беҳтар кардани сатҳу сифати хадамоти давлатии электронӣ иштирокдорони давраи омӯзишӣ пешниҳодҳои худро ироа карданд. Муҳимтарини онҳо ин аст:

  • Истифодаи интернет барои хидматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби провайдерҳо ройгон карда шавад;
  • Забони пешниҳоди хадамот дар барнома ва платформаҳо бояд фаҳмо бошад. Бар иловаи забони тоҷикӣ забонҳои дигар, ки намояндаҳояш дар кишвар зиндагӣ мекунанд, дастрас бошанд;
  • Барои ҳарчӣ бештар фарогир шудани хадамоти давлатӣ бояд тамоми абзорҳои фаннӣ, имкониятҳои лозим истифода шавад;
  • Аз технологияҳои нав васеъ истифода шавад. Масалан, ҳоло бонкҳои тиҷоратӣ технологияеро истифода мекунанд, ки дар сурати дастрас набудани интернет ҳам имкони истифода аз хидматрасониҳоро фароҳам меоварад. Барои хадамоти электронии давлатӣ ҳам бояд аз чунин технологияҳо истифода кунанд;
  • Тамоми раванди хидматрасонӣ монанди интихоби хидматрасонӣ, ворид кардани маълумот, ирсоли ҳуҷҷатҳо, пардохт ва ғайраҳо дар дохили ҳамон як платформа амалӣ карда шавад.

АГЕНТӢ ЧӢ НАҚШАҲО ДОРАД?

Як бахши давраи омӯзишӣ муаррифии Агентии тозатаъсиси инноватсия ва технологияҳои рақамӣ буд.

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар дар мавриди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 аснои ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ дастур дода буд. Президент ҳадафи таъсиси агентиро он замон чунин арзёбӣ кард:

“Таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ”.

Пас аз муаррифии сохтор ва шеваи фаъолияти агентӣ дар мавриди нақшаҳои ин ниҳод суҳбат шуд ва таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунҳо яке аз нақшаҳои ояндаи ниҳоди мазкур аст. Инчунин онҳо ният доранд, дар заминаи табдилдиҳии рақамӣ таҳлил ва тадқиқотҳо анҷом бидиҳанд. Бо баргузор кардани омӯзиш ва давраҳои такмили ихтисос сатҳи иқтидори кадриро баланд бардоранд.

“Инкишофи инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳо яке аз нақшаҳои асосии агентӣ ба ҳисоб меравад”,-таъкид гардид аснои муаррифӣ.

 

RUSHNOI.ORG-РО ДАР ТЕЛЕГРАМ ВА ФЕЙСБУК ҲАМ ДУНБОЛ КУНЕД