Ғалабаи ҳукумати Ҷопон алайҳи дискетҳо. Факсҳо дар навбат ҳастанд

05 июля 2024
738
Муаллиф: Rushnoi.org

Ҳукумати Ҷопон шурӯъ аз 28 июни соли 2024 истифодаи дискетҳоро дар тамоми системаҳои давлатӣ расман қатъ кард. Дар ин бора вазорати таҳвили рақамии Ҷопон хабар додааст.

Миёнаҳои моҳи сипаришуда мақомоти Ҷопон беш аз ҳазор санадҳои меъёрӣ, ки истифодаи дискет барои нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоотро танзим мекард, бекор намуд.

Намогирифт аз BBS News

“28 июн мо дар мубориза бо дискетҳо дастболо шудем!” – изҳор доштааст Таро Коно, вазири табдили рақамии Ҷопон дар суҳбат бо хабаргузории Reuters.

Ӯ гуфтааст, онҳо ҳамчунин барои даст кашидан аз истифодаи факс ва дигар технологияҳои аналогӣ дар ҳукумат талош мекунанд.

Ӯ гуфтааст, онҳо ҳамчунин барои даст кашидан аз истифодаи факс ва дигар технологияҳои аналогӣ дар ҳукумат талош мекунанд.

Бино ба иттилои BBC News қаблан нақшаи даст кашидани муассисаҳои давлатӣ аз истифодаи факсҳо дар пайи эътирози мансабдорон иҷро нагардида буд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки Ҷопон ки дар гузашта ба қудрати технологӣ табдил шуда буд, солҳои охир аз мавҷи ҷаҳонии рақамӣ қафо мондааст.

Мақомоти Ҷопон соли 2021 барномаи рақамисозиро шурӯъ карда, як оҷонсии вижаеро ҳам таъсис дод. Аммо раванди тест барои COVID-19 ва ваксинзанӣ нишон дод, ки ҳукумат ҳанӯз ҳам ба санадҳои коғазӣ ва технологияҳои куҳнашуда бартарӣ медиҳад.

***
Дискетҳо охирҳои солҳои 1960 ихтироъ шуданд. Чунин ноқили иттилоот то аввалҳои солҳои 2000-ум маъруф буд. Ин дар ҳоле ки охирин модели дискетҳо тавони нигоҳдории танҳо 2,88 Мб маълумотро дошт. Соли 2011 ширкати Sony, охирин тавлидкунандаи маъруфтарин дискет аз нашри он даст кашид.