Гуфтумони муфид: Нақши “Мо метавонем” дар татбиқи ҳукумати электронӣ (ПОДКАСТ)

30 сентября 2024
411
Муаллиф: Rushnoi.org

Моҳи феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе лоиҳаи “Мо метавонем” роҳандозӣ шуд, ки ҳадафи он тавассути муроҷиати сокинону меҳмонони пойтахт расидагӣ ва ҳалли мушкилоти он замон асосӣ – таъминоти барқу об ва газу гармӣ буд. Татбиқи ҳукумати электронӣ яке аз мақсадҳои калидии лоиҳа унвон шуда буд. Идеяи ин лоиҳа чӣ тавр пайдо шуд ва дар давоми фаъолият то куҷо ба ҳадафҳои худ расид? Дар шароити имрӯз тарҳҳое монанд ба “Мо метавонем”-ро дар кадом бахшҳо мешавад татбиқ кард? Барои посух гирифтан ба ин ва пурсишҳои дигар дар подкасти “Гуфтумони муфид” бо Муҳаммадӣ Ибодуллоев, роҳбари Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” суҳбат доштем.

Rushnoi.org: Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар амалӣ кардани лоиҳаи “Мо метавонем” нақши калидӣ дошт. Лутфан, каме дар мавриди ин лоиҳа бигӯед, он чӣ тарҳе буд ва чӣ тавр роҳандозӣ шуд?

Муҳаммадӣ Ибодуллоев: Вақте идеяи ин лоиҳа пайдо шуд, мақсад доштем ки ягон элементи ҳукумати электрониро дар амал ҷорӣ кунем, то нишон бидиҳем, ки ҳукумати электронӣ ба қавле “чашмбандӣ” нест, балки корҳоеанд, ки онҳоро мешавад тавассути ТИК роҳандозӣ кард ва он судовар аст, на зараровар. Вақте лоиҳаро ба шаҳрдорӣ пешниҳод кардем, изҳори ҳамкорӣ карданд. Дар марҳилаи аввал лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантӣ амалӣ шуд, аммо дар марҳилаи дуюм маблағгузории онро ҳукумати вақти шаҳри Душанбе бар уҳда гирифт.

Rushnoi.org: Лоиҳа расман кадом сол амалӣ шуд?

Муҳаммадӣ Ибодуллоев: Соли 2011 фаъолиятҳо оғоз шуд, тақрибан 8-10 моҳ қисмати омодагӣ буд, аммо ҳамчун низоми хидматрасонӣ ба аҳолӣ аз якуми феврали соли 2012 корро шурӯъ кард.

Rushnoi.org: Лоиҳа кадом хидматрасониҳоро дар бар мегирифт?

Муҳаммадӣ Ибодуллоев: Бо пешниҳоди шаҳрдорӣ хидматрасониҳоро гуруҳбандӣ кардем, тақрибан 18 хидматрасонӣ буд, ки ба 8 гуруҳ ҷудо мешуд, мисли таъмини об, ки дар ин гуруҳ қатъ гардидани интиқоли об, садама дар қубурҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин таъмини гармӣ, таъмини газ, таъмини барқ, ҳолати тозагии шаҳр, ҳолати роҳҳо, сифати кори нақлиёти мусофирбар ва монанди ин.

Як нуктаи муҳим ин буд, сокинону меҳмонон дарк кунанд, ки ин хидматрасониҳои таъҷилӣ, ба истилоҳ 01,02,03 ва 04 нест.

ТАФСИЛОТИ СУҲБАТРО ДАР ПОДКАСТИ “ГУФТУМОНИ МУФИД” БИШНАВЕД: