Тренинг: Рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард ва таҳлили додаҳо

30 ноября 2024
61
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар шаҳри Душанбе даври аввали тренингҳо дар мавзӯи рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард, таҳлил ва дидорисозии додаҳо анҷом ёфт. Ин давраи омӯзиширо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо ва Acted баргузор мекунад.

Дар тренинг 20 намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҷавонони фаъол аз шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он иштирок карданд. Қарор аст даври дуюми он ки идомаи мантиқии ҳамин мавзӯъ мебошад, моҳи декабр бургузор шавад.

Дар даври аввали тренинг тренерҳо Уктам Ҷумаев, коршинос дар умури шаффофият ва ҳисоботдиҳии молияи давлатӣ, Яъқуб Ахмедов, коршиноси таҳлили додаҳо ва Аҳлиёр Шодиев, барномасози opendata.tj дар мавриди мафҳуми додаҳо, қолабҳои мухталифи файлҳо, навъҳои сарчашмаҳои додаҳо, усулҳои коркарди ибтидоии маълумот, роҳҳои ҷамъоварӣ, гуруҳбандӣ, коркард ва таҳлили додаҳо тавассути нармафзорҳо ва абзорҳои онлайнӣ машғулият гузаронданд.

Дар машғулиятҳои амалӣ иштирокдорон бевосита кор бо абзорҳои коркарди додаҳоро таҷриба карданд.

Чунин як тренинги иборат аз ду давра дар вилояти Хатлон ҳам ба нақша гирифта шудааст.