Фарзандонамон кадом касбу корро бояд интихоб кунанд?

23 декабря 2024
81
Муаллиф: Rushnoi.org

Рустам Гулов, коршиноси ТИК барои рушд, ки ахиран дар мавриди ҳуши маснӯӣ бештар суҳбат мекунад, мегӯяд, вақтҳои охир ҳарчӣ бештар дар ин маврид фикр мекунад, ки фарзандонаш дар оянда бояд кадом касберо интихоб кунанд? Ӯ дар як матлаб дар саҳфаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта, ки рушди ҳуши маснӯӣ ҷаҳонро ба таври қобили мулоҳиза тағйир медиҳад.

Ҷаҳоне ки имрӯз сохта мешавад ва фарзандони мо бояд дар он зиндагӣ кунанд, аз ҷаҳоне ки имрӯз мебинем, тафовут дорад.

Вай навишта, ки бо Gemini (ҳуши маснӯӣ аз ширкати Гугл) суҳбат кард ва пурсид, ки дар оянда ба кадом касбу корҳо бештар ниёз пайдо мешавад? Посух ингуна буда:

1️⃣ Ихтисосҳои марбут ба эҷод ва рушди ҳуши маснӯӣ;
2️⃣ Шахсоне ки ба таҳияи меъёрҳои ахлоқии ҳуши маснӯӣ машғуланд;
3️⃣ Касбҳои эҷодӣ – навозандагон, рассомон, нависандагон, иҷрогарон;
4️⃣ Касбҳои марбут ба ҳуши ҳаяҷонӣ ва муоширати байнифардӣ;
5️⃣ Донишмандоне ки бо истифода аз ҳуши маснӯӣ тадқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд.

Ба фикри шумо, дар оянда, масалан баъди 20 сол ба кадом касбу корҳо талаботи бештаре хоҳад буд? Мо бояд фарзандони худро ба чӣ омода созем?

?: аз саҳфаи Рустам Гулов

 

Рӯшноиро дар телеграм ҳам пайгирӣ кунед: https://t.me/Rushnoitj