“Ҳамсоя”-и Камбоҷа ва Индонезия. Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии баҳраи ҳушӣ

08 января 2025
138
Муаллиф: Rushnoi.org

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии IQ (қобилияти зеҳнӣ ё баҳраи ҳушӣ) дар зинаи 96-ум қарор дорад. Ин рейтинг 127 кишварро фаро гирифтааст.

Рейтинги мазкурро Маркази феҳристи байналмилалии IQ нашр кардааст. Ба иттилои манбаъ, тадқиқот дар асоси маълумоти 1 миллиону 393 ҳазору 66 нафар аз тамоми ҷаҳон таҳия шуда, ҳама як санҷиши IQ-ро дар соли 2024 гузаштаанд. Бинобар нарасидани маълумот баъзе кишварҳо ба ин рӯйхат шомил нашудаанд.

Натиҷаҳои умумӣ ва мавқеи Тоҷикистон

Рейтинги IQ ҳар сол 1 январ, дар асоси маълумоти соли гузашта, нав мешавад.

«IQ-и миёна дар кишварҳо одатан дар Осиёи Шарқӣ баландтар аст. Дар Аврупо, Осиёи Ғарбӣ, Қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, Амрикои Шимолӣ ва Африқои Шимолӣ ба миёна наздик аст. Дар Африқои Марказӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Амрикои Лотинӣ аз миёна пасттар аст», – зикр мекунанд таҳқиқгарон.

Аз Тоҷикистон 422 нафар дар санҷиш иштирок кардаанд. Дар соли гузашта нишондиҳанда 92,1 буд, яъне дар соли гузашта 1,65 балл афзудааст.

намогирифт аз сомонаи intенrnаtiоnal-iq-test.cом

Дар сегонаи пешсафон Чин (107,43), Эрон (106,63) ва Кореяи Ҷанубӣ (106,57) ҷой гирифтанд. Ҷои охиринро Габон бо нишондиҳандаи 85,56 хол ишғол кард.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи 66-ум (97,27), Узбекистон дар зинаи 69-ум (96,98), Қирғизистон дар ҷойи 84-ум (95) қарор гирифтанд. Туркманистон дар ин радабандӣ нест.

Чаро IQ-и миёна дар аксар кишварҳо аз 100 поёнтар аст?

Ба гуфтаи таҳягарони рейтинг яке аз сабабҳои асосӣ дар Чин аст, ки тақрибан 18% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Чин бо нишондиҳандаи баланд ва аҳолии зиёд кишварҳои дорои IQ-и миёнаи пасттарро мувозинат мекунад.

Ба гуфтаи таҳиягарон, яке аз омилҳои таъсиррасон ба сатҳи IQ дар кишварҳо ин бемориҳои сироятӣ аст. Яъне кишварҳои дорои сатҳи баланди бемориҳои сироятӣ, мисли Африқо, одатан аҳолии дорои IQ-и пасттар доранд. Ин бемориҳо метавонанд ба рушди маърифатии инсон таъсири манфӣ расонанд. Африка яке аз қитъаҳоест, ки бештар аз бемориҳои сироятӣ зарар дидааст.

Инчунин, ғизои солим низ дар баланд гардидани IQ таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, кишварҳое, ки одатҳои ғизоии хуб (ва сатҳи пасти камбизоатӣ) доранд, одатан IQ-и миёнаи баландтар доранд.

Бозии шоҳмот ва омӯзиши ду ё зиёда забонҳо низ метавонанд ба баландшавии IQ мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, машғулиятҳои мунтазами таҳрикдиҳандаи зеҳнӣ дар фарҳанги кишвар ба баланд шудани сатҳи миёнаи IQ мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин, IQ дар 50–80% вобаста ба генетика аст.

То чӣ андоза ин рейтинг боэътимод аст?

Ҳамаи довталабон тестҳои байналмилалии IQ-ро дар ҳамин сомона супоридаанд. Он бар асоси техникаи матритсаҳои Равен таҳия шудааст, ки бе табъизи фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Матритсаҳои пешрафтаи Равен – ин тестест, ки барои чен кардани сатҳи умумии зеҳни инсон ва тафаккури абстрактӣ истифода мешавад. Ин яке аз тестҳои маъмултарини зеҳнӣ мебошад, ки барои гурӯҳҳо ва инчунин шахсони алоҳида аз синни 5-солагӣ пешниҳод карда мешавад. Он аз 60 саволи гуногун иборат аст, ки бо афзоиши дараҷаи душворӣ ҷойгир шудаанд.

Бо истифода аз маълумоти Азия+