Бохтар: Омӯзиши шашрӯзаи “Рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард, таҳлил ва дидорисозии додаҳо”
Ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ду давраи омӯзишҳоро дар мавзӯи “Рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард, таҳлил ва дидорисозии додаҳо” баргузор намуд. Ин тренингҳо аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва “Acted” дастгирӣ ёфтанд.
Даври аввали омӯзишҳо 12-14 июн ва даври дуввум 24-26 июн дар муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон бо ҳузури беш аз 20 намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҷавонони фаъол аз шаҳри Бохтар ва навоҳии атрофи он доир шуд.
Дар даври аввали тренинг Уктам Ҷумаев, коршинос дар умури шаффофият ва ҳисоботдиҳии молияи давлатӣ мафҳуми додаҳо ва зарурати истифодаи онҳо, файлҳо ва шаклҳои онҳо, пойгоҳи додаҳоро шарҳ ва давраҳои калидӣ ва абзорҳои коркарди додаҳоро фаҳмонд. Тозакунии додаҳо, гуруҳбандӣ ва пешниҳоди онҳо дар муҳити MS Excel аз мавзӯи дигари омӯзишҳо буд. Усулҳои коркарди ибтидоӣ ва дуввумдараҷаи додаҳо ҳам ба ин қисмати тренинг шомил буд. Иштирокдорон ҳамзамон бо анҷоми корҳои амалӣ малакаҳои андухтаи худро такмил доданд.
Дар даври дуюм Рустам Гулов, коршиноси дидорисозии додаҳо мавзӯъҳои “муайян кардани сарчашмаи додаҳо барои дидорисозӣ, омода кардани додаҳо, табдили файлҳои PDF бо истифода аз абзорҳои онлайн”-ро фаҳмонд. Дар идома имкониятҳои ҳуши маснӯӣ барои дидорисозӣ баррасӣ гардида, иштирокдорон бо истифода аз ChatGPT, ClaudeAI, Napkin додаҳои ҷамъкардаи худро дидорисозӣ карданд. Инчунин шеваҳои кор бо “Flourish.studio”-ро омӯхтанд.
Тренерҳо Яъқуб Ахмедов, коршиноси таҳлили додаҳо ва Аҳлиёр Шодиев, барномасози opendata.tj дар мавриди мафҳуми додаҳо, қолабҳои мухталифи файлҳо, навъҳои сарчашмаҳои додаҳо, усулҳои коркарди ибтидоии маълумот, роҳҳои ҷамъоварӣ, гуруҳбандӣ, коркард ва таҳлили додаҳо тавассути нармафзорҳо ва абзорҳои онлайнӣ машғулият гузаронданд.
Омӯзишҳои “Рушди малакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти коркард, таҳлил ва дидорисозии додаҳо” қаблан дар шаҳри Душанбе низ баргузор шуда буд.