«IMPACT Forum». Ҷойе ки роҳбарони расонаҳо, бахши тиҷорат ва фанновариҳо гирди ҳам омаданд
Шанбеи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи «IMPACT Forum» баргузор шуд. Онро гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» созмон дод ва дар он коршиносони соҳаи расонаҳо, бозоршиносӣ (маркетинг), тиҷорат ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) иштирок карданд.
Тавре «Азия+» хабар медиҳад, форум дар Осиёи Марказӣ бесобиқа буда, зиёда аз 400 мутахассисро гирдиҳам овард. Дар кори форум на танҳо мушкилоту имконоти ин соҳаҳо баррасӣ шуданд, инчунин таҷрибаҳои инфиродии муваффақи ин соҳаҳо муаррифӣ гардид ва иштирокчиён доир ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ табодули назар карданд.
Дар форум коршиносони маъруфи минтақа гирдиҳам омада, чӣ гуна роҳандозии ҳамкории судманд бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳадаф ва натиҷаҳоро шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳар кадоме аз онҳо дар мавриди чӣ гуна даромад ба даст овардан аз расона ва блогҳо, айни замон мустақиман кор кардани кадом моделҳо дар минтақа, чӣ тавр аз ҷониби зеҳни сунъӣ боз шудани имконоти нав, чӣ хел ба стратегияи зинда мондан табдил ёфтани чорабиниҳо ва модели нави тиҷорат барои расонаҳо ва боз бисёр дигар масоили муҳим изҳори назар карданд.
Манбаъ: Азия+
