Талошҳои Neuralink барои ба матн табдил додани фикр
24 сентября 2025
205
Ширкати «Neuralink» моҳи октябр таҳқиқоти нави клиникиро роҳандозӣ мекунад, ки ба одамони дорои мушкилоти нутқ имкон диҳад андешаҳои худро ба матн табдил диҳанд. Дар ин бора президенти ширкат Донгҷин (D.J.) хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин технология ба касоне, ки қобилияти гуфторро аз даст додаанд, имкон медиҳад «калимаҳоро мустақим аз майна ба нутқ интиқол диҳанд, бидуни истифодаи клавиатура».
Барои лоиҳа аз Идораи назорати маҳсулот ва доруҳои ИМА (FDA) аллакай мақоми Breakthrough Device дарёфт шудааст. Ин мақом равандҳои таҳия ва арзёбии дастгоҳҳои тиббиро суръат мебахшад.
Имплант пеш аз ҳама барои одамони дорои ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла осеби ҳароммағз таҳия мешавад. Аввалин бемор аллакай тавонистааст бо ёрии он синон (курсор)-ро идора кунад, бозии компютерӣ анҷом диҳад, ба интернет дарояд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб нашр кунад.
