Мизони истифодаи рамзарз: Тоҷикистон дар ҷойи 117-ум аст
26 сентября 2025
489
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Global Cryptocurrency Adoption Index-ро нашр кардааст, ки мизони ҷалбшавии кишварҳо ба бозори рамзарз (криптовалюта)-ро нишон медиҳад.
Тоҷикистон дар мақоми 117 қарор дорад. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Узбекистон беҳтар аст — 33.
Ҳиндустон, Нигерия, Индонезия, ИМА, Ветнам, Украина, Русия, Филиппин, Покистон ва Бразилия дар даҳгонаи ин радабандӣ қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ, миёнаҳои соли 2024 сармоягузории ҷаҳонии бозори рамзарз наздики $4 трилионро ташкил кардааст, ки дар қиёс ба соли 2023 — 57% бештар мебошад.

