Тренинг: Асосҳои далелсанҷӣ ва беҳдошти рақамӣ
27-28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин тренинг 25 намояндаи бахши матбуоти мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон иштирок карданд.
Рӯзи аввали омӯзиш ба асосҳои саводнокии иттилоотӣ, абзорҳои далелсанҷӣ ва таъйиди иттилоот бахшида шуд. Иштирокчиён бо мафҳумҳои асосӣ шинос шуда, шеваҳои санҷидани иттилоотро омӯхтанд. Дар қисмати амалии омӯзиш ба гуруҳҳо ҷудо шуда, бо истифода аз абзорҳои далелсанҷӣ хабарҳои барояшон пешниҳодшударо санҷиданд. Рӯзи дуюм иштирокчиён асосҳои беҳдошти рақамиро омӯхтанд. Дар мавриди хатарҳо ва мушкилоти муосири сайберамниятӣ, нақши ҳар як корманд дар таъмини амнияти муассиса, гузарвожаҳо, шахсияти рақамӣ ва ҳифзи дастрасӣ суҳбат шуд.
Моҳи сентябри соли равон чунин омӯзишҳо дар осоишгоҳи “Сароб” ҳам доир гардид, ки дар маҷмӯъ наздики 45 намояндаи бахши матбуоти мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигоронро фаро гирифт.
Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Тақвияти иқтидори хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дастгирии рушди фазои ВАО дар Тоҷикистон тавассути муколама, такмили малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ” баргузор шуд. Лоиҳаро Иттиҳодияи Аврупо ва “Acted” дастгирӣ мекунанд.








