«Нақши иттилоот дар муколамаи оммавӣ: таҷриба ва дурнамо»
02 февраля 2026
103

29 январи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд мизи гирд дар мавзӯи «Нақши иттилоот дар муколамаи оммавӣ: таҷриба ва дурнамо» баргузор шуд.
Ин чорабиниро Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор» баргузор кард ва дар он рӯзноманигорон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон даъват шуданд. Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот, таҷрибаи ҳамкории ВАО бо ниҳодҳои давлатӣ ва натиҷаҳои мониторинг баррасӣ шуданд.
Баргузоркунандаҳо гуфтанд, мизи гирд дар доираи татбиқи Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 баргузор шуда, ҳадафи он фароҳам овардани майдони муколама, табодули таҷрибаҳои амалии дастрасӣ ба иттилоот ва муайян намудани дурнамоҳои таҳкими ҳамкории самаранок мебошад.


