CAIGF-2026: Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ

21 апреля 2026
307
Муаллиф: Rushnoi.org

Шаҳри Душанбе 28 апрели соли равон мизбони Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) мешавад.

Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирият ё идоракунии интернет ба унвони як платформаи асосии минтақавӣ барои баррасии масъалаҳои мураккаби замони рақамӣ хидмат мекунад. Мавзӯи имсолаи форум — Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ бевосита ба мушкилоти калидии мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ дахл дошта, ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои ҳамгироии роҳбурдии рақамӣ муаррифӣ мекунад.

Ин форум, ки дар Тоҷикистон, кишвари дорои релефи куҳӣ баргузор мешавад, ба аҳамияти ниҳоят муҳими густариши марзҳои рақамӣ то дурдасттарин минтақаҳо таъкид хоҳад кард.

CAIGF-2026 ба як майдони муҳими муколама табдил хоҳад ёфт, ки дар он намояндаҳои мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи фаннӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити илмӣ дар якҷоягӣ роҳҳои бунёди ояндаеро баррасӣ мекунанд, ки дар он иртиботи рақамӣ дигар на танҳо як неъмат, балки хадамоти бунёдӣ хоҳад буд, хадамоте ки ҳар шаҳрвандро ба имкониятҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мепайвандад.

CAIGF-2026 се бахши калидиро фаро мегирад.

1. РУШДИ РАҚАМӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ФАНОВАРӢ НАВОВАРӢ ВА ДАСТОВАРДҲО

Дар ин бахш бо иштироки намояндаҳои ниҳодҳои давлатӣ ҷанбаҳои гуногуни рушди рақамӣ ва таҷрибаҳои муваффақи татбиқи навовариҳо — аз GovTech то ҳуши маснӯӣ — барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ баррасӣ мешаванд.

Ҳамчунин масъалаи бунёди иқтисоди рақамии пӯё ва фарогир бо истифода аз технологияҳои нав ва иштироки умумӣ дар баҳрабардорӣ аз манфиатҳои рақамӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.

 2. КОҲИШИ НОБАРОБАРИИ РАҚАМӢ: НАВОВАРИҲОИ ТЕХНИКӢ ВА МОДЕЛҲОИ УСТУВОРИ ТИҶОРӢ БАРОИ ХЕРСОХТҲОИ МУХОБИРОТӢ

Ин бахш ба ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳои дурдасту куҳистон бахшида мешавад. Дар он роҳҳои навоварона, аз ҷумла истифодаи технологияҳои моҳвораӣ, баррасӣ мегарданд.

 3. АМНИЯТИ САЙБЕРӢ: АЗ ВОБАСТАГИИ РАҚАМӢ БА УСТУВОРИИ РАҚАМӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ин бахш ба таҳдидҳои афзояндаи сайберӣ бахшида мешавад. Ҳадафи он ташаккули равиши муштарак ва пешгирикунанда барои ҳифзи фазои рақамӣ мебошад.