CAIGF-2026 ДАР ОЙИНАИ АКСҲО

30 апреля 2026
137
Муаллиф: Rushnoi.org

Шаҳри Душанбе мизбони 10-умин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет (CAIGF) буд.

Имсол форум таҳти унвони Роҳи абрешими рақамӣ: аз инзивоъ ба иртиботи мутақобил ва ҳамгироии рақамӣ баргузор гардид.

“Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем”, – таъкид намуд Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи форум.

Коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии додаҳо ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз мавзӯъҳои калидии форум ба ҳисоб рафт. Бар илова иштирокдорони ҳамоиш ба мавзӯъҳои истифодаи ҳуши маснӯӣ дар рушди устувор ва таҳкими амнияти сайберӣ ҳам дахл карданд.

ГУЗОРИШИ ТАВСИРИИ RUSHNOI.ORG АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ CAIGF-2026

Аксҳо аз тасвирбардори касбӣ Нозим Қаландаров