Пулиси Душанбе: Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташхиси техникии мошинро электронӣ бигиред
14 сентября 2026
228
Шурӯъ аз 15 сентябри соли 2026 ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташхиси техникии мошинҳо (талон) танҳо тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ — «ekhizmat.tj» ба расмият дароварда мешавад. Дар ин бора Пулиси Душанбе хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, гузаштани ташхиси техникӣ мисли пештара ҳатмӣ буда, пас аз анҷоми он ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба таври электронӣ омода мешавад.
Тафсилоти бештар дар навори зер:
